Баҳси маърифати оиладорӣ дар маҳфили фарҳангии Китобхонаи миллӣ

Толори «Ошёни булбулон» боз намои ҷашнӣ дошт. Ин бор мизбони ширкаткунандагон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида  ба  Рўзи оила буд, ки бо ибтикори Шӯрои занони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд
  Директори Китобхонаи  миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар суханони ифтитоҳии худ оиларо сутуни зиндагӣ номид ва гуфт агар ин сутун мустаҳкам бошад, зиндагӣ мустаҳкам аст.
Сарвари Китобхонаи миллӣ аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд кард, ки оиларо “ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо” медонад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар бораи маърифати оиладорӣ, никоҳи хешутаборӣ,  солимгардонии оила, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии хароҷоти беҳуда ва танзими расму оинҳои мардумӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоили бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ суханронӣ намуд.

Зулфия Давлатзода аз ифротгароии беш аз ҳадди интизори ҷавонон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт дурӣ аз асли худ ҷавононро ба ҷаҳолат мебарад ва бузургсолонро лозим меояд дар тарбияи насли наврас бештар ба арзишҳои миллии оиладорӣ такя кунанд.   Баъдан, намояндаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Душанбе Ҷӯрахон Ғозиев суханронӣ кард. Номбурда бештар дар атрофи номҳои миллӣ ҳарф зад ва таблиғ намуд, ки волидон бояд бештар ба фарзандони худ номҳои миллӣ гузоранд. Вай аз ҷумла гуфт, ки ном ҳусни инсон аст ва бояд талош кард, ки аз гузоштани номҳои ба миллат бегона худдорӣ шавад.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки «Оилаҳои ҷавони китобдор»ном дошт, ба ҳозирон лаҳзаҳои хотирмон аз туйи хонадоршавии оилаҳои ҷавони кормандони Китобхонаи миллӣ ба таври слайд-шоу нишон дода шуд.
Инчунин, кўдакону наврасон дар васфи Модару Ватан шеъру сурудхонӣ  намуданд.