Бо тақвими нав ошно шавед !

Ҳоло ки сол ба анҷом нарасидааст, шуморо ба тақвими соли оянда аз қабл мехоҳем ошно созем. Ин тақвим бо номи «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тозагӣ интишор ёфт.

Чорумин сол аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  «Тақвими  ҷашн  ва  санаҳои муҳими  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ва акнун аз ин ба баъд он «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида хоҳад шуд.
Тақвиме, ки барои соли 2016 ба тозагӣ таҳия ва нашр шуд, аз ду қисмат иборат аст.  Дар қисми аввал муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2016 омада ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба зодрӯзи арбобони  намоёни  сиёсӣ, давлатӣ,  адабӣ, илмӣ ҷо гирифтаанд.
Хонанда дар ин бахш метавонад бо зиндагинома ва фаъолияти эҷодии арбобони илму фарҳанг ва сиёсати кишвар, аз қабили Шоҳзамон Раҳмонов, Доро Наҷот,  Зикрулло Хоҷаев, Ғаффор Валаматзода, Сабзалӣ Шарифзода, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Турсун Улҷабоев, Ҷонон Икромӣ, Саидмуъмин Раҳимов, Ҷӯрабек Назриев, Суҳроб Қурбонов, Муқаддама Ашрафӣ, Ҳамид Маҷидов, Ҷамшед Исмоилов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Роҳат Набиева, Сайфиддин Назарзода, Шокир Мухтор, Тағоймурод Розиқов, Анвар Ваҳҳобов ва дигарон муфассал шинос шавад.
 Дар тақвими ҷадид талош шудааст намояндагони сиёсат, адабу фарҳанги кишварҳои ҳамҷавор-Афғонистону Эрон ва Узбекистон, донишмандону муҳаққиқон ва нигорандагони хориҷӣ, ки ба пажўҳиши ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистону мардуми он ва умуман таъриху тамаддуни форсизабонҳо шуғл варзидаанд, муаррифӣ шаванд, то ба ин васила иртиботҳои илмиву фарҳангиву сиёсии кишварҳои дӯст ва ҳамсоя беш аз ҳар вақти дигар ривоҷ ёбад.  
Ҳамзамон бо ин мураттибон ҷашнҳои  байналмилалӣ, миллию соҳавии ҷумҳурӣ, идҳои хуҷастаи ниёгон, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, воқеаҳои ҷашнии сиёсию иҷтимоӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро вориди ин тақвим кардаанд.
Мураттиб  Ёрмуҳаммади Сучонӣ буда, он зери назари профессор Сайфиддин Назарзода омода шудааст.   
Муҳаррири масъул Гадобек Маҳмудзода ва муҳаррир Ҷамил Валиев аст.
Бо Тақвим аз ин ҷо метавонед ошно шуд.

Барчаспҳо: