Китобдорбонуи гулпарвар

Фароғат ТОЛИБОВАХуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Мирзо Турсунзода

Ин гуфтаҳо бевосита ба бонуи зебо, модари ғамхор ва корманди кордони шуъбаи феҳристнигорӣ Фотима Давлатова таалуқ дорад. Апаи Фотима аз рӯзи якуми фаъолияти корӣ бо рафтори модаронааш дили моро ба даст овард.

Ҳар субҳро дар шуъба аз нигоҳубини гулҳои шуъба оғоз мекунад. Бо чеҳраи хандон вориди шуъба шуда, ба мисли кӯдак аз шукуфтани гулҳои худ хурсанд мешавад. Бале, зани тоҷик ҳамеша бояд тозаву озода бошад. Дасти зан гул аст мегӯянд, вале зан худ ба мисли гул мебошад.

Ҳол он, ки баъзе ҷавонони мо  ба гул ва тозагӣ хатто таваҷҷӯҳе ҳам надоранд, на эҳтироми калонсолон, на аз ҷойи худ бархеста ба гулҳо об доданро медонанд, барои онҳо рӯз гузарад, кофист.

Апаи Фотима фаъолияти ҳамарӯзии худро аз тозагии мизу курсиҳои шуъба ва об додани гулҳо шурӯъ карда, баъдан бо баргаҳои феҳрист кор мекунад. Бо хонандагон муомилаи хуб дорад ва оромона ҳарф мезанад.

Апаи Фотима ба синну соли худ нигоҳ накарда тозагии шуъба ва нигоҳубини гулҳоро масъулияти худ мешуморад. Тозагӣ гарави саломатӣ мегӯянд ва гулҳои зебо ҳамеша таъби инсонро болида карда, ҳавои шуъбаро тоза нигоҳ медорад. Кош ҳамаи бонувони мо ба мисли ин зани накӯкор мешуданд.

Ў занест, ки байни ҳамкорон бо насиҳатҳои пандомези худ дар қалби ҳар яки мо ҷой шудааст. Ба ҷавонон нисиҳатҳои хуб медиҳад ва кори шуъбаро аз таҳти дил ба анҷом мерасонад.

Ба ин модари бузург, бонуи гулпарвар тани сиҳату бурдборӣ хоҳонем ва бигузор  ҷавонони мо аз ин бонуи кордон ибрат гиранд!

Фароғат ТОЛИБОВА, муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ.