Тоҷикистон дар чорумин намоиши байналмилалии “Китоби Боку” ширкат кард

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар чорумин намоиши байналмилалии “Китоби Боку”, ки рӯзҳои 15-18 октябр дар пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд, ширкат намуд.
Дар ин намоиш ҳудудан аз 20 кишвари олам намояндагони китобхонаҳо ва ноширон иштирок доштанд.  
Намояндаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи равобити байналмилалӣ Фатҳулло Бобохонов дар ҷараёни ин намоиш бо  директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон Карим Тоҳиров, директори генералии Китобхонаи миллии Русия Антон Лихоманов, директори Китобхонаи миллии Донишгоҳи Боснӣ ва Ҳерзоговин Исмет Овчина, директори Китобхонаи миллии Молдова Елена Пинтилу ва мудирони шуъбаҳои китобхонаҳои Эстония, Словакия, Туркия ва Озарбойҷон дидор ва дар масъалаи рушди ҳамкориҳои китобхонавӣ суҳбат кард.
Дар суҳбат бо Директори Китобхонаи миллии Русия масъалаи ба Тоҷикистон бо додани нусхаи электронии рӯзномаву маҷаллаҳои  “Туркестанские ведемости” ва “Бухорои Шариф” мувофақа ҳосил шудааст.
Антон Лихоманов гуфтааст, ки китобхонаи таҳти роҳбарии ӯ теъдоде аз нусхаҳои нодири нашрияҳои солҳои аввали инқилоб ва қабл аз онро дорост, ки метавонад шакли электронии онҳоро тибқи созишнома ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бидиҳад.   
Маврид ба таъкид аст, ки соли 2014 феҳристи электронии рӯзномаву маҷаллаҳои қадимиро аз Китобхонаи миллии Русия дастрас карда буданд, ки он  ҳоло дар шуъбаи матбуоти даврӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.  
 Ҳамзамон бо ин сарварони китобхонаҳои миллии Боснӣ ва Ҳерзоговин ва Молдова низ хостори равобити ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон шудаанд.