Шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ

Ин Шўъба бештар аз чил сол ба инҷониб амал мекунад ва яке аз бахшҳои муҳим дар Китобхонаи миллӣ ба шумор меравад. Аз ҷумлаи вазифаҳои Шўъба роҳандозии таҳқиқотҳои илмӣ-назарявии китобхонашиносӣ, библиография, таърихи китоб ва иттилоот буда, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар заминаҳои гуногун ба ҳам мутобиқ мегардонад.
Шўъба вазифадор аст нақшаҳои солона ва дурнамои илмӣ-методиро тартиб диҳад, корҳои маслиҳатдиҳӣ дар масъалаҳои таҳқиқоти дастаҷамъии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монад.
Корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ ва маҷмўаҳоро ба чоп омода карда, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, таҷрибавӣ, ҷаласаҳоро ташкил ва баргузор менамояд. Маврид ба ёдоварист, ки тӯли солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўъба дар мавзўҳои «Тартиб додан ва беҳтар намудани раванди воридшавии нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ дар солҳои 2000-2010», «Раванди хизматрасонӣ ба хонандагон дар Китобхонаи миллӣ» ва ғайра як силсила таҳқиқот анҷом додааст.
Тӯли ин муддат Шўъбаи мазкур «Консепсияи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ то соли 2010», маҷмўаи «Ганҷинаи фарҳанг» (2004), маълумотномаҳои «Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ» (2004), «Коршиносони китобхонаи миллӣ» (2006), феҳристи адабиёти «Кўлоби бостонӣ» (2006), китобномаҳои шарҳиҳолии «Раҳимҷон Шаропов» (2005), «Гулзори Гулназар» (2005), «Шириншоҳи Шоҳтемур» (2010-2011)-ро тартиб додааст, тавсияҳои методӣ таҳти унвони «Ташкил додан ва гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ дар китобхонаҳо» ва ғайраро нашр кардааст.
Дар Шўъба китобҳо (маълумотномаҳо, воситаҳои таълимӣ ва дарсӣ рисолаҳо, маҷмўаҳои илмӣ-оморӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), маҷаллаҳои соҳаи китобдорӣ мавҷуд аст. Шўъба паҳнкунандаи дастурҳои методиву анъанавӣ мебошад. Ҳамзамон бо ин иттилооти электрониро низ паҳн менамояд.
Шўъба ба муштариёнаш дар ин самтҳо хидмат мекунад:
- ёрӣ расонидан дар корҳои китобхонавӣ;
- гузаронидани семинарҳои таҷрибавӣ;
- тайёр намудани дастурҳои методӣ-таҳқиқотӣ;
- гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ.

Рӯзҳо ва соатҳои корӣ: сешанбе-шанбе аз 8-00 то 17-00
Тел. барои тамос: 221-06-30

Барчаспҳо: