Фарҳанг ва ҷавонон

 Фаъолият ва тарзи зиндагии одамон, аз ҷониби онҳо офаридани арзишҳои маънавиро фарҳанг меноманд. Фарҳанг эҷодкории моддию маънавии одамон буда, комёбиҳои онро барои инкишофи инсоният истифода мебаранд ва он аз насл ба насл ҳамчун мерос боқӣ мемонад.

 Фарҳанг моддӣ ва маънавӣ мешавад. Ба фарҳанги моддӣ воситаҳои истеҳсолот олоти меҳнат, ки дар истеҳсолот истифода мебаранд дохил шуда, ба фарҳанги маънавӣ илм дараҷаи истифодаи он, сатҳи дониш, маориф, тиб, санъат, меъёри ахлоқии одамон, завқ ва инкишофи  ба табъ расида буд,маводи таърихномаҳои онҳо ворид мегардад.

 Халқи тоҷик дар тамоми таърихи худ офарандаи фарҳанги воло буд. Дар бораи қудрати ин халқ олими рус В. Петров ҳанӯз соли 1911 чунин навиштааст: «Бояд эътироф намуд, ки тоҷикон халқи қавиирода ва устуворанд. Дар дунё чун тоҷикон кам халқе мавҷуд аст, ки зарбаҳои зиёди сахтро аз сар гузаронида бошад. Агар ба онҳо лаҳзае қомат рост кардан муяссар гардад, ин халқи бобақо боз аз нав нашъу намо меёбад». Дар тамоми давраҳои таърих илму фарҳанг ба роҳбаландон эҳтиёҷманд мебошад. Дар он кишваре, ки ҳокимон ваҳдати миллиро пурқувват карда ба рушди иқтисодӣ кушиш кардаанд, дар он ҷо фарҳанг инкишоф ёфтааст. Дар кишваре, ки шароит барои инкишофи фарҳанг ба вуҷуд меояд, насли ҷавони он ба тараққиёти илму фарҳанг машғул мешаванд.

 Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.Онҳо нерӯи азим, бақои умр ва ояндаи ҷомеа ба шумор мераванд. Муҳимтарин хусусияти иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо меросбарист. Азбаски онҳо ҳалқаи ногусастании пайванди наслҳои башар маҳсуб меёбанд, қомати рости ҷомеа низ онҳоянд. Ҷавонон ҳастанд, ки иқтидори иҷтимоӣ, сарватҳои маънавӣ, арзишҳои ахлоқи гузаштагонро ба мерос мегиранд. Ин аст, ки ҷавонон рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои он мебошанд. Онҳо собитқадамона ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ворид мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ чунин иброз менамояд: «Чароғи асрҳо боз фурӯзони илму фарҳанги миллати мо дар оғози асри оянда аз ҳарвақта бештар ба нерӯи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар ниёз дорад ва ниёз хоҳад дошт.

   Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд».

 Маҳз ҳамин гуфтаҳо шоҳиди он аст, ки имрӯз дар ташкилоту муассисаҳо барои тарбияи мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Имрӯз насли ҷавони замони соҳибистиқлол бо талаботи меъёрҳои бозори мутахассисон ҷавобгӯ омода гардида, дар ҷойҳои дилхоҳу намоён фаъолият менамоянд. Саҳми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳ донишкадаҳои кишвар шоёни таҳсин аст. Ҷавононро аз курсии донишҷӯйӣ ба зинаҳои фаъолият дар ташкилоту муассисаҳо ва идораву коргоҳҳо омода менамоянд. Мо бо ифтихор метавонем, бигўем ки ҳамчун нерӯи созандаву бунёдгор ва муҳофизи пойдевори миллати тоҷик устувору закиву хирадманду пешсаф барои давлату миллату кишвари худ хидмат хоҳем кард.

 Бунафша Абдураҳимова,

 мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар