Гули ҳафтранги баҳорӣ: мавзуъ барои “Дастони моҳир”

Гули ҳафтранги баҳорӣ номи мавзуъи барномаи “Дастони моҳир” буд, ки субҳи имрӯз бо ширкати хонандагони ҷавон дар толори хониши кӯдакону наврасон гузашт.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, суҳбат аввал аз гулҳои рангоранг буд. Интихоби мавзуъ ҳам беҳуда набуд. Мо дар фасли баҳорем, ҳама табиати атфроро гулпӯш мебинем. Аз дарахтон то замин ҳама бо сабза пӯшида шудаву гулҳои рангоранг мешукуфанд.
Баҳор аз гули бойчечак оғоз мешавад. Ин аввалин гулест, ки аз зери барф ҳам сар мебарорад ва ҳамаро ба расидани баҳори нав пайғом медиҳад. Магар бачаҳо инро медонанд? Оре, медонанд, барои онҳо маълум, ки бойчечак гули аввалбаҳор аст ва мо инро имрӯз бори дигар дар
суҳбат бо онҳо дарк кардем.
Кормандони шуъба ба бачаҳо дар бораи гулҳои дигар ҳам маълумот доданд. Аз ҷумла, дар бораи гули қоқу, нагис, лола, нилуфар...Ва фаҳмониданд, ки баъзе гулҳо мавсимианд ва баъзеи дигар тамоми фасли баҳору тобистон мешукуфанд.
Аммо барояшон вазифа дода шуд, ки гули ҳафтрангро созанд. Чун дар бораи гули ҳафтранг китобчаи афсона низ ҳаст ва доир ба ин афсона нақл намуданд.
Бачаҳо баъди ошноӣ бо ин афсона аз коғазҳои ранга бо истифода аз ширеш ба сохтани гули ҳафтранг пардохтанд. Ва онҳо пурра аз уҳдаи супориш баромаданд. 
Қарор шуд, ки чун гулсозӣ ҳунарест ҷолиб, кормандони Шуъбаи кӯдакон ва наврасон тасмим гирифтанд, дар барномаҳои дигари “Дастони моҳир” сохтани навъҳои дигари гулҳоро супориш диҳанд.