Хона хомўшу дил бувад пурҷўш...

 Аз даргузашти шоираи маъруф Мавҷуда Ҳакимова 27 сол сипарӣ шудааст ва аз рафтани Норинисо Алимуҳаммадова бештар аз як сол гузаштааст. Яке 60 сол ва дуюмӣ 69 сол умр дидаанд. Сатрҳое, ки ҳоло хоҳем хонд,  39 сол пеш навишта шудаанд. Ҳудудан чиҳил сол пеш, ки шоира Нориниссо хеле ҷавон ва шояд ба аввалин маҷмуаи ашъораш сарсухани ҷолибе навишта, аз вуруди як шоири дигар ба боғи адабиёт навид дод.

 Солҳо сипарӣ шуданд, ин китоби чопшуда дар соли 1980 ҳамоно хонандагони худро дорад ва сарсухани Мавҷуда Ҳакимова ба он сароғозест, ки хонанда ба ҷустуҷӯи дигар ашъори Нориниссо рафтааст. Хостем ин сарсуханро чун аввалин арзёбии умедворкунанда такрор чоп кунем ва дар зер чанд намуна аз ҳамин маҷмуаи “Дунёи умед” орем.

  Дар роҳи умед 

Бо ин духтараки дўструяку чеҳрахандон, хушгуфтору хушрафтор  борҳо ҳамсўҳбат шуда ва аз шеърҳояш лаззату ҳаловат бурда будам. Аммо «Дунёи умед» маро бештар шод гардонд ва шоира Нориро пурратар шиносонд. Ботини ўро поку беғаш, ҳассосу ҷўянда пуризтиробу пуроташ дидам.

  Даруни синаи ман оташе ҳаст,

  Даруни синаам шўру талотумҳои  бисьёре…

  Оре, даруни синаи шоираи ҷавон оташе ҳаст, оташи ҷавонӣ, ҷўяндагӣ ва дилбохтагӣ ба зиндагонӣ. Аммо дар шеър ҳанўз оташак ҳаст ва барои онро мисли гулхан афрўзондан кушишу меҳнати бисёр лозим аст. Норӣ, ки аз хурдӣ устухонашро дар меҳнат шах кардааст, аз ин душворӣ наметарсад. Норӣ коргар буд. Ангуштони нозуки ў аз торҳои рангоранг атлас мебофтанд ва ҷилваи онҳо  ба дили ў завқ ва барои аввалин шеърхояш илҳом мебахшид.

     …Бубинам то чӣ гуна аз уфуқ сар мекашад хуршед

      Ба сӯи комбинат бо рўзи нав ҳамроҳ биштобам

      Раҳораҳ чида-чида шуълаҳои нур дар доман

      Барои шом –атлас нусхаву ранги дигар ёбам…

 

      Мегўяд шоира дар шеъри «Садои занги соат».

  Агар хато накунам, маҳз хамин шеър эътибори хонандаро ба худ кашида, шоираи навқаламро ба майдони адабиёт овард. Баъд паи ҳам бисёр шеърхои ў дар саҳифаҳои матбуот чоп шуда, мухлисони бисёре пайдо кард.

    «Дунёи умед» аввалин маҷмўаи ашъори Норӣ буда, шоира онро бо умеди бисёре ба хонандагон пешкаш мекунад. Умедворам, ки на шоира, на хонанда ноумед нахоҳанд шуд.

      Ҳ.Мавҷуда

 Напиндорам дигар осон 

 Китоби хотиротамро гирифта,

 Варақгардон намоям гоҳ-гоҳе.

 Аз он ҷо то ягон осор ёбам

 Барои ҳар савобею гуноҳе.

 

 Бубинам рўзҳои рафтаи умр

 Чи нақше дар китоби вақт монда.

 Яке изҳори ишқи пок карда,

 Дигар бадному бадфарҷом хонда.

 

 Аз ин соҳил ба он соҳил гузаштан

 Шиновар нестӣ гар, нест осон.

 Намондӣ гар ягон вақте гурусна,

 Чӣ медонӣ ту қадри пораи нон.

 

 Нигаҳ дорам китоби хотиротам

 Чи ору номусу виҷдону имон.

 Ки вақти шод будан зиндагиро

 Напиндорам дигар ман саҳлу осон.

                Кош ҳоло

Чашмҳои ситорагон имшаб

Аз чи ин қадр хира метобанд.

Дар фазои бунафшранги само

Ҷои худро магар намеёбад

 

 Нимрангу хамўшу бетаъсир

 Аз чи рӣ моҳтоб ғамгин аст

 Роҳи худ тай намояд оҳиста

 Мисли он духтаре, ки шармин аст.

 

 Хона хомўшу дил бувад пурҷўш

 Пардаи шаб чӣ розҳо дорад.

 Дили пурҳасратам дар олами хеш

 Аз ғамат сўзу созҳо дорад.

 

 Кош ҳоло шитоб мекардӣ

 Бо муҳаббат ба сўи хонаи ман.

 Тирагии шабу ситораву моҳ

 Мешудандӣ ба чашми ман равшан.

 

              Орзуи ману ғунча

 Чун нишони рўзҳои тирамоҳ

 Барги гулҳову дарахтон зард шуд.

 Аз шиканҷи боду боронҳои сахт

 Дар дили гулғунча пайдо дард шуд.

 

 Ёд карда гармии хуршедро

 Мекунад ӯ гиря шабҳо зор –зор.

 Бо шукўҳу рангу бўи тозае

 Боз мехоҳад, ки ояд навбаҳор.

 

 Дар қатори рустаниҳои дигар

 Ғунча ҳам садбарги зебое шавад.

 Ҳамчу рамзи дўстию сулҳу ишқ

  Ҳадя бар ёри дилорое шавад.

 

 Мисли ў ман аз шумо дорам умед

 Шеърҳоям ғунчаи хандон шавед.

 Ҳамчу розе, ҳамчу овози диле

 Туҳфаи арзандаи ёрон шавед.

 
 
Дарёфти мавод: