Ишқе, ки устод Шаҳриёрро шоир кард…

 Ба ёди он шабе уфтодам, ки мехостӣ маро ба хонаамон бирасонӣ. Ҳамин ки ба дари хона расидем, гуфтам: намегузорам танҳо баргардӣ. Ва вақте туро ба наздики манзилат расондам, ту гуфтӣ: саҳеҳ нест, ки як духтар дар ин дили шаб танҳо биравад.

    НОМАИ ОШИҚОНАИ СУРАЁ

 Рӯзе устод Шаҳриёр номае дарёфт мекунад, ки руи покат (лифофа) ё дохили он нишоне аз фиристандааш набуд. Устод ба қироати нома мепардозад:

   Шаҳриёр…

 Аксатро дар маҷаллае дидам, хеле шикаста шудаӣ, сахт мутаасир шудам…гуфтам: Худои ман, ин чеҳраи дилдодаи ман аст? Ин ҳамон Шаҳриёр аст? Ин қиёфаи наҷибу дӯстдоштании донишҷуи чил сол пеши мадрасаи долулфунун аст? На! Ман хоб мебинам..сахт ашк рехтам…

 То ҷое, ки духтари кӯчакам Суҳайло иллати дигаргуниамро пурсид. Ба у гуфтам: Азизам, барои ҷавонии аздастрафта ва хотироти фаромӯшношудании он даврон дилам гиреҳ хӯрд…

 Ба ёди он шабе уфтодам, ки мехостӣ маро ба хонаамон бирасонӣ. Ҳамин ки ба дари хона расидем, гуфтам: намегузорам танҳо баргардӣ. Ва вақте туро ба наздики манзилат расондам, ту гуфтӣ: саҳеҳ нест, ки як духтар дар ин дили шаб танҳо биравад.

 Дубора баргаштем ва он кадар рафту омадем, ки як дафъа сапеда дамида буд…Ва ёдам ҳаст, ки волидайнам чи нигарон шуда буданд. Оё ёдат ҳаст, ки ба айлоқамон (хонаи беруншаҳрӣ)пиёда омада будӣ ва ман дар уток ба тамрини сеторе, ки ба ман ёд дода будӣ, машғул будам. Ва акнун низ гоҳ-гоҳе сеторо ба даст мегирам ва ғазали туро замзама мекунам:

Гузаштаи ман ва чонон ба синамо монад,

Худо ситораи ин синамо нигах дорад…

         ***   ***   ***

 Устод Шаҳриёр,ки чеҳрааш аз хондани ин нома дигаргун шуда буд, ба як дӯст ва ҳамдами худ мегӯяд: Дуруст навиштааст. Рӯзе аз ман хоста буд, то аз дорулфунун (донишгохи тибб) мураххаси бигирам ва ба айлоқашон биравам. Чун он ҷо расидам, дидам, чароғи утоқаш рушан буд ва бо шӯр, бо сетор, бо чашмони ашкбор ғазалеро, ки суруда будам, бо садои баланд мехонд:

Боз кун нағмаи ҷонсӯзе аз он соз имшаб,

То кунӣ уқдаи ашк аз дили ман боз имшаб.

Шаҳриёр омада бо кавкабаи гавҳари шаб,

Ба гадоии ту, ай шоҳиди танноз имшаб.

Ва то садои маро шунид, мехост худро аз панҷара берун бияндозад, ки бо илтимосҳои ман мунсариф шуд. Ва сипас, падару модараш маро ба хонаашон бурданд ва хангоме, ки моро танхо гузоштанд, газали зерро сурудам:

Парвонаваш аз шавки ту дар оташам имшаб,

Месӯзаму бо ин ҳама сӯзиш хушам имшаб…

              ***   ***   ***

Ва рӯзи баъд, устод Шаҳриёр посухномаи дӯсти ҷавониашро, ки «Парӣ» хитоб мекард, чунин суруд:

Пир агар бошам чи ғам, ишқам ҷавон аст, ай парӣ,

В-ин ҷавонӣ ҳам ҳанӯзаш унфувон аст, ай парӣ.

Ҳарчи ошиқ пиртар, ишқаш ҷавонтар, ай аҷаб,

Дил диҳад товон, агар тан нотавон аст, ай парӣ.

Коми дарвешон надода, хидмати пирон чӣ суд,

Пирро гӯ, Шаҳриёр аз шабравон аст, ай парӣ.

           ***   ***   ***

 Хамаи мо - дӯстдорони Шаҳриёр дар пешгоҳи хонум Сураё Иброҳимӣ мадюн хастем, ки дар шеъри устоди бузурги сухан ба унвони «Парӣ» лақаб мегирад. Чаро ки агар ӯ набудӣ, мо имрӯз Шаҳриёре надоштем. Албатта, пизишке ба номи Муҳаммад Ҳусайн Бешҷоти Табрезӣ доштем, ки бо хонум Сураё зиндагии муштараке ташкил медод ва соҳиби фарзанд…ва.. билохира дори фониро видоъ мегуфт. Ва аммо харчи буд, Шаҳриёр набуд. Он ки Шаҳриёрро офарид, Парӣ буд ва он ки Париро офарид, Шаҳриёр ва он ки ҳардуро офарид, Ишқ буд ва он чи Ишқро давом дод Ҳиҷрон буд на Висол..

 Достони ишқи нокоми устод Шаҳриёр бо Сураё – ин духтари зебои теҳронӣ, ки фарзанди сарҳанги артиши (полковники низомӣ) буд, то поёнии умр дар умқи қалби шоир маъво дошт ва Шаҳриёр ӯро ҳамвора «Парӣ» ном мебурд ва ҷое устод таъкид намуда, ки пас аз дидани чеҳраи Сураё рухам ба дунболи ӯ ба парвоз даромад.

Бо ташаккур аз Қодиршоҳи Муруват, ки

аз  саҳифаҳои форсии Интернет

баргардон кардааст.

Барчаспҳо: