Истифодаи навгониҳои технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон

   Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кўтоҳ даст ёбанд.

    Табиист, ки китобхона чун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад ва он ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамоял. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои китобхона ногузир аст.

    Алалхусус, баробари китобҳои чопӣ арзи вуҷуд кардани китобхонаи электронӣ тағироти куллӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда ворид намуд. Пешрафти босуръати технологияи муосир – алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер ва ғайра баробари иқтисоду иҷтимоиёт маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардиданд.

    Самтҳои афзалиятноки фаъолияти стратегияи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иборатанд аз:

- созмон додани фазои ягонаи иттилоотӣ дар мамлакат;

- қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

- фароҳам овардани маҷмўаҳои умумии ҳуҷҷатӣ, нигоҳдорӣ, коркарди илмӣ ва таъмини ҳифзи воқеии онҳо;

- ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маҷмўаи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмӣ дошта ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷойи чопашон доир ба Тоҷикистон мебошанд, дар ҳамаи навъи воситаҳои интишорӣ: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо, слайд, кассета), савтӣ (китобҳои гўё, овоздор), маҷозӣ (дастёбӣ ба манобеи Интернет);

- коркарди илмӣ ва дастрасӣ ба фондҳои китобхона тавассути низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронии муосир, фароҳам овардани китобхонаҳои электронӣ манбаъҳои иттилоотӣ ва хазинаҳои маълумот, ташкили дастрасии озод ба онҳо, инчунин ба дигар захираҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоотӣ;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;

- ширкат дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ.

    Китобхонаҳо, ки тамоми фаъолияташон ба бунёд, ҳифз, коркард ва интиқоли навъҳои асосии иттилоот алоқаманд аст, бешубҳа, наметавонанд, аз ин раванд дар канор бошанд. Муҳимтар аз ин, имрўз захираи китобхонаҳо ҳамчун ҷузъи муҳиму таркибии захираҳои умумии иттилоотии мамлакат пазируфта шудааст.

 Вобаста ба ин, қабл аз ҳама мушкилоти таъмин намудани онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ ба миён омадааст. Аз чӣ гуна ҳал гардидани ин проблема, дар ниҳояти кор, дар кадом заминаи иттилоотӣ ва пояи таҳсилот ташаккул ёфтани мафкураи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ ва фарҳангии қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон, насли наврас ва тамоми ҳайати истифодабарандагони китобхонаҳо вобаста аст.

    Баҳри амалӣ гардидани ин вазифаи бузурги умумидавлатӣ дар доираи «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки 2 августи соли 2010 № 384 тасдиқ шудааст ҷиҳати таъмини дастёбии истифодабарандагон ба захираҳои китобдорию иттилоотӣ, робитаи мукаммалу мутақобилаи кишвари мо бо ҷараёни ититлоотии ҷаҳон бунёди заминаҳои мустаҳками технологӣ пешбинӣ гардидаанд.

    Мусалламан, муваффақият дар ин самт замоне даст медиҳад, ки китобдор технологияи муосирро дар фаъолияташ ба хуби истифода намояд, аз дастовардҳои он бохабар бошад ва майлу рағбати муштариёнро баҳри фоида бурдан аз китобхонаи электронӣ равона созад.

    Хушбахтона имрўз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои шароит ва имконоти хуби техникию технологӣ мебошад. Он баробари иҷрои рисолати асосии худ – ҳифзу нигаҳдории маводи интишоротӣ ва қонеъ гардонидани талабу дархости хонандагон ба адабиёти зарурӣ чун маркази тавлиду коркард, ҳифз ва тарғибу ташвиқи манобеъи электронии иттилоотӣ ба муштариён хидмат менамояд.                                                        

 Маркази такмили ихтисоси

Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: 

Маводҳои ҳамсон