Истифодаи нав­гони­­ҳои технологияи муо­сир дар ки­тобхонаҳои Тоҷикистон

Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захи­раҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овар­дани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.

Инсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Маса­лан, асри сангӣ ба пайдошавии аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он ба дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ маконе дод. Ва бо ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барқ, асри ядроӣ ба азхудкунӣ ва инкишофи минбаъдаи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо бошад, инсон дар бораи асри иттилоотӣ сухан меронад.

Ин бесабаб нест. Асри XXI барои он асри «Иттилоот» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот, маълумот баҳравар гардад. Дар чунин шароит Китобхона ва рисолати он дар ҷомеа таѓйир меёбад, он ба муҳимтарин воси­таи дастёбии озодонаи истифодабарандагон (хонандагон) ба иттилоот табдил ёфта, дар фаъолияти он қонеъгардонии ниёзҳои иттилоотӣ ва фарҳангии истифодабарандагон афзалияти бештар пайдо мекунанд.

Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир иттилоот баробари захираҳои моддию энергетикӣ аҳамияти хос пайдо ме­кунад. Ҷараёни иттилоотӣ ба омили бунёдии мавҷудияти инсо­ният бадал меёбад. Он давлатҳое, ки воситаҳои муосири комму­никатсияи компютерӣ ва шабакаҳо, технологияи иттилоотӣ ва сис­темаҳои идораи захираи иттилоотиро хуб истифода мебаранд, ба комёбиҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд. Ҷара­ёни ҷаҳонишавӣ бо номи «иттилоотӣ» бештар ёд шуда, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор аст.

Ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ бе истифодаи захи­раҳои иттилоотӣ дар намуди электронӣ амалинашаванда аст. Ба шакли электронӣ гузаронидан ва дар системаи умумӣ гирд овар­дани захираи иттилоотӣ мақоми хос касб менамояд, дар ин ҳолат дараҷаи истеҳсол, ҳифз, ташкил ва пахши иттилооти гуногун (матн, аудио, видео ва ғайра) ба сифати комилан нав иҷро мегардад, вусъати нисбатан васеъ ва истифодаи босамараш таъмин хоҳад шуд.

Технологияи муосири иттилоотӣ имкон медиҳад, ки андухти иттилооти инсоният дар миқёси васеъ ба шакли электронӣ гуза­рон­да, шакли нави захираи иттилоотӣ арзи вуҷуд кунад. Ташкили дастёбӣ ба сар­чаш­маҳои иттилоот дар шакли электронӣ яке аз вазифаҳои муҳимми хизматрасонии иттилоотии илму маориф мегардад. Бунёди Китоб­хонаи электронӣ дараҷаи нави истеҳсол, ҳифз, ташкил ва вусъ­ат­ёбии иттилооти гуногунро таъмин месозад. Имрўз технологияи Китобхонаи электронӣ барои идораи маълумоти ҳаҷман калон ва коркар­ди он имкони васеъ фароҳам меорад. Он ба яке аз соҳаҳои муқтадир ва муҳимми индустрияи ит­тилоотӣ бадал гардидааст, ки бо технологияи нави компютерӣ, омили иттилои ғайрианъанавӣ, технологияи босамари автоматӣ таҷҳизонида шудааст.

Тамоюл ба истифодаи технологияи нави иттилоотӣ, исло­ҳо­ти куллии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мақоми китобхона­ҳоро дар ҷомеаамон дигар намуда, ҳадафу вазифа­ҳо­яш­ро васеъ ва душвор мегардонад. Маҳз китобхонаҳо имрўз дар Тоҷикистон таҳкурсӣ барои бунёди сохтори ҷадиди иттиллотӣ мегузоранд. Дар шароити ҷаҳоншавии фазои иттилоотӣ такмил ва омў­зиши фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва бунёди китобхонаҳои элек­тронӣ дар тамоми мамолики дунё яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳи­соб меравад. Ҷараёни воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеаи иттило­отӣ мета­во­н бо таври зерин иниъкос намуд:

- ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ҳамчун ҷузъи ягонаи иттилоотии умумиҷаҳонӣ;

- тараққиёти босуръати технологияи наву аълодараҷа, ки барои истифодаи оммавӣ дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд;

- ташаккул ва рушди бозори иттилоот, қонеъгардони тала­боти ҷомеа нисбат ба хадамот ва маҳсулоти китобдорӣ-иттило­отӣ;

- дар заминаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан мин­тақавӣ ва байналмилалии китобдорӣ – иттилоотӣ баланд бар­дош­тани сат­ҳи маъ­лумот, мубодилаи илмӣ-техникиву фар­ҳангӣ;

- ташаккули низоми таъминоти кафолати ҳуқуқҳои хонан­­да­гон ва истифодабарандагони китобхона ва ниҳодҳои иҷти­моӣ ҷиҳати дастё­биву истифода аз иттилоот ва тарѓиби озодонаи он.

Баъди қабул гардидани як силсила асноди расмӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (1.08. 2003), «Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ» (10.05.2002), «Дар бораи иттилоот» (10.05.2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2.12.2002), «Дар бораи реклама» (1.08.2003) барои воридшавӣ ва истифодаи нав­гони­­ҳои технологияи итилооти муо­сир дар ки­тобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди ҳуқу­қӣ фаро­ҳам оварданд. Вале муҷаҳ­ҳаз набудани мақомоти итти­лоот­­расонӣ, китоб­хона­ҳои мамлакат бо технологияи муосири иттилоотӣ-иртиботӣ, мавҷуд набудани теъдоди зарурии мутахассисону китобдорони дорои донишу малакаҳои компю­терӣ, барномаҳои мақсадноки давлатӣ, монеаҳои асосӣ дар ин самт ба шумор мераванд. Имрўз раванди босуръати инкишофи техно­логияи муосири иттилоотӣ дар соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ таъсири амиқ расонида, зарурати воридоти технологияи муосирро дар ин соҳа ногузир сохтанд.

Яке аз самтҳое, ки иттилоотонии фаъолияти китобдориро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ менамояд – рушди воситаҳои дастёбии истифодабарандагон ба захираҳои пурраматни иттилоотии вата­нию хориҷӣ, феҳристҳои электронии китобхонаҳои ватанию хори­ҷӣ мебошад. Китобхонаҳои Тоҷикистон кунун натанҳо ба захо­ири иттилооти анъанавӣ, балки электронӣ (шабакавӣ ва ғайри­ша­бакавӣ) дастрасӣ доранд. Баъзе китобхонаҳо дорои WEВ-сервер­ҳои худанд, қисме ба ҷамъоварии коллексияи камёби рақамӣ маш­ғуланд. Афзоиши миқдории захираҳои электронии аз рўйи шаклу мазмун гуногун, им­рўз имкон намедиҳад, ки мутобиқати он имконпазир гардад. Ба болои ин, захираҳои электронӣ аз лиҳози шакл татбиқшавӣ ва воситаҳои паҳннамоӣ аз ҳам сахт тафовут доранд. Маҳз китоб­хо­на­ҳо бояд ин парокандагиро бартараф созанд, мушкилоти ба як шакл даровардашудаи роҳёбӣ ба захоири электрониро ҳал намо­янд, қимати боэътимодӣ, саҳеҳият ва муҳимияташро гузаронад, ба ин васила сифати хизматрасонии иттилоотӣ ба маротиб баланд бардошта хоҳад шуд.

Коркарди консепсияи Китобхонаи электронии миллӣ (КЭМ) зару­рати баланд бардоштани самаранокии истифодаи захоири тоҷикӣ чун дастоварди муҳими миллӣ, татбиқи имконоти воситаҳои муо­сири коммуникатсия бо мақсади илмӣ, техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳан­гӣ, инчунин мутобиқати фаъолияти касбӣ ва илмии худи китоб­хонаҳоро ба миён меоварад.

Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ ва душвориҳои дигар дар ин ҷараёнҳо худро фаъолона ни­шон медиҳанд. Ҳоло дар аксари онҳо ҳаҷми муайяни ҳуҷҷат­ҳои электронӣ гирд омада, ин раванд торафт вусъати тоза пайдо ме­кунад, мушкилоти ҷамъ овардани иттилоот тадриҷан ҳал ме­гар­дад.

Ба ҳамин тариқ, муайян намудани сиёсати миллии ташкил, ҳифз ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ вазифаи таъхир­нопа­зи­рест, ки дар ҳалли он бояд китобхонаҳо чун ниҳодҳои иҷти­моии дорои таҷрибаи хуби ташкилу тарѓиби иттилоот ширкати фаъол дошта бошанд. Зарурияти объективии коркарди механизми мутобиқати фаъолият аз рўйи тамоми самтҳои рушди рақаммонӣ ва ҷамъоварии иттилооти электронӣ ба вуҷуд омадааст. Механизми босамар дар ин росто метавонад Китобхонаи электронии миллӣ бошад, ки ба қонеъ гардондани талабот мавриди иттило­оти гуногун нигаронида мешавад.

Зимнан, ҳолиё ин талабот фиқ­равӣ ё бесилсила бо намуди захираҳои маърифатию илмӣ амсоли маҷаллаҳои электронӣ, «Китобхонаҳои электронии хусусӣ» ва ғайра қонеъ мегардад. Дар ҷараёни ташаккули фазои электронии иттилоот вазифаи иҷтимоии худро баробари китобхонаҳо инчу­нин макотиби олӣ, ниҳодҳои академӣ, осорхонаҳо, бойгониҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси алоҳида ба иҷро мерасонанд.

Ҷамил Валиев,
корманди шуъбаи
нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: