Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ва Рӯзи дарҳои боз

  Имрӯз аз сари субҳ фавҷи сокинон, ки бештари онҳо донишомӯзони мактабҳои миёнаву олии пойтахт ва атрофи он буданд, ҷиҳати боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин даргоҳи маърифату дониш омаданд. Ба ифтихори Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” Рӯзи дарҳои боз эълон шуда буд.

  Дар ин рӯзи дарҳои боз ҳамаи толорҳои хониш дарҳои худро ба рӯйи касоне, ки бори аввал меҳмон мешуданд, боз намуданд. То ҳамин соатҳое, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, бештар аз 3 ҳазор нафар вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва аз толорҳои хонишу шуъбаҳои он дидан карданд.       Бино ба назари касоне, ки оморҳои вуруду хуруҷ дар чунин рӯзҳоро таҳлил мекунанд,ин теъдод бештар аз Рӯзҳои дарҳои кушоди як соли пеш буд.  

  Аксари касоне, ки меомаданд, бори аввал вориди китобхона мешуданд.  Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш, аз қабили толори кӯдакон ва наврасон, осорхонаи китоб, намоишгоҳи китобҳои тозанашр,  раҳнамоӣ карданд, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос намуданд.

   Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир карданд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуданд ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно сохтанд.

   Ҳадаф аз баргузории рӯзи  “Дарҳои боз” ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхона аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони кишвар имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик ошно шаванд.

Бояд зикр намуд, ки Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” аз 2- апрел шурӯъ шуда, дар назар аст то 9- апрел идома намояд. 

Фарзонаи МИРЗО