Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ...

 Аз дирӯз ба инҷониб шабакаҳо саршор аз тарикоти шогирдону мухлисони шоираи тавоно ва яке аз маъруфтарин қаламкашони замон Фарзона аст. Шоира Фарзона, ки дигар ба муаррифӣ ҳеч ниёзе надорад, дирӯз зодрӯз дошт. Аз миёни табрикоти зиёд аз навиштаи шоири баном Абдуҷаббори Суруш меорем ва ба ин муборакбодӣ шарик мешавем.

 Муаллимаи бисёр азизи ман - Устод Фарзона бароям ҳаққи азими Устодӣ ва Хоҳарӣ доранд. Ҳамчу шогирд аз мактаби шеъри нобу беназирашон дарси шеър гуфтан гирифтаам ва ҳамчу бародар аз меҳрубонии хоҳаронашон ҳамеша бархӯрдорам. Душвор аст сухан гуфтан дар бораи Инсоне, ки сифоти хубу дилпазираш дар ҳаҷми танги калимот намегунҷанд. Оре, ба таъбири Хоҷа Ҳофиз “Сухани меҳр на он аст, ки ояд ба забон...”. Сухани меҳру иродату ихлос ин сухани дил аст ва аз дил ба дил дар ин гунбади сипеҳр мерасад.

 Бо истифода аз фурсат, Устод ва Хоҳари азизу бузургамро бо хуҷастарӯзи милодашон ҳумоюнбод мегӯям. Худованд ба рӯзгору ашъор ва ба умри азизи Устод Фарзона баракатро арзонӣ дорад ва дуои ман ҳам ҳамон дуои зебои Устод Рӯдакист:

Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:

Ҳазор сол бизӣ! Сад ҳазор сол бизӣ.

 ****    ****    ****

Ин панҷ ғазали тозаи устод Фарзона аз саҳифаи ишон дар Фейсбук тақдими хонандагони азиз мегардад ва ҳамчунин дар поёни ин ғазалҳо шуморо ба мутолиаи матолиби дигар аз бонуи шеър ва дар бораи ӯ даъват мекунем.

Бахшо, ки ҳар қадам тақсир кардаам,

Дар дӯст доштан таъхир кардаам.

Акнун харобаам таъмирнопазир,

То ин харобаро таъмир кардаам.

Пинҳону таҳ ба таҳ, пайдову раҳ ба раҳ

Дар фикри одамон таъсир кардаам.

Ҳаргиз накардаам ислоҳи дигарон,

Ҳар лаҳза хешро таҳрир кардаам.

Бо ҳарфи дилбазан, бо сабки пуршикан

Худрову халқро дилгир кардаам.

Рассоми ту шудам, эй ғунчаи маҷоз,

Ман заҳмати туро тақдир кардаам.

Ман акси ишқро ё асли ишқро

Дар асри бисту як тасвир кардаам.

                 *******

Омадӣ, мусиқии дарё ба мо омӯхтӣ,

Савти шабнам, шеваи субҳи сафо омӯхтӣ

Булбулона боз кардӣ дафтари адвори гул,

Эй ки аз гул ҳарфу аз булбул ҳиҷо омӯхтӣ.

Қуллаи авҷи ҳунар аслан, ки одам будан аст,

Бе муаллим сабки инсони расо омӯхтӣ.

Сарбаландии чунонро аз куҷо дарёфтӣ,

Хоксории чунинро аз куҷо омӯхтӣ

Халқро марҳам шудӣ, маҳрам шудӣ, ҳамдам шудӣ,

Чун бидидӣ бенавоеро, наво омӯхтӣ.

Лутф кун, сад соли дигар бошу бар мо ёд деҳ

Ин ҳунарҳоро, ки бо фазли Худо омӯхтӣ.

                            *******

Ҳанӯз аз ту шамими шабоб мешунавам,

Ҳанӯз роиҳаи офтоб мешунавам.

Сукути сарди зимистон агарчи наздик аст,

Дуруди гул, зарабонҳои об мешунавам.

Қадам намезанад одам ба вақти хобидан,

Дар ин қадам назадан ҳам шитоб мешунавам.

Ба ҳар куҷо, ки инон мекашам, нафас ба нафас

Зи осмони ҷилавкаш итоб мешунавам.

Ҷаҳон дигар шуду дил дигару нигаҳ дигар,

Садои фохтаро аз уқоб мешунавам.

Ҳанӯз дар суханони саодатовари ту

Гунаҳ намешунавам ман, савоб мешунавам.

Зи ту, фақат зи ту, эй додгоҳи ишқу умед,

Ба ҳар хитоби муҳаббат ҷавоб мешунавам.

                                      *****

Аз ғайр пеши ёр шикоят намекунам

В –аз ёр пеши ғайр ҳикоят намекунам.

Ҷуз дӯст доштан чӣ гунаҳ кардаем мо,

Дигар аз ин зиёда ҷиноят намекунам.

Бисёр сода бо ту сухан мекунам кунун,

Минбаъд ҳеҷ рамзу киноят намекунам.

Бовар накун ба вақт бигӯям, ки баъд аз ин

Қонуни кишвари ту риоят намекунам.

Барномаам пажӯҳиши инсони комил аст,

Бо қатрае зи баҳр кифоят намекунам.

Қурбониям бубин, ки ҳама умр, эй азиз,

Дилро зи зарбаи ту ҳимоят намекунам.

                                 ******

Эй дили хаста, бар қафо накалав

Гарчӣ доданд пешпо, накалав.

Дудилӣ шеваи заифон аст,

Мард шав, байни “не” –ву “ҳо” накалав,

Рост рав, рост рав, чу рамзи хитоб,

Байни инкор ё ризо накалав.

Чашмае бошу самт пайдо кун,

Бод бар сар ба ҳар куҷо накалав.

Чашм, чашми ба арш бархӯрда,

Мижаатро бикун асо, накалав.

Дил, ки яктост, ёр ҳам яктост,

Ҳеҷ дар сарҳади вафо накалав.

Эй аз аввал қавианосири ман,

Пурдилӣ кун, дар интиҳо накалав.

Ишқ, сад бор тир ҳам бихурӣ,

Сар барафроз то само, накалав

Аз бонуи шеър Фарзона ва дар бораи ӯ дар сомонаи Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

ФАРЗОНА: Хамсафарӣ бо Устод Каноат ва ёди лолахасакхои сари деворамон

Гули гўёи Бадахшон: Фарзона дар бораи Мавҷигул

ТАФРЕҲ: Ғазале аз Фарзона

ТАФРЕҲ: Ҳамосаи Ватан аз Фарзона

Дили ман чоркитоби ишқ аст

Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо...

Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо...

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” бо ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш

 Орзуҳои баҳории ХАЙРАНДЕШ

Хабари марги ту омад, ки ситонад ҷонам...

Рӯзе, ки шеър бар лаб аст....

Ба пешвози муҳаббат

Навад соли профессор Бароат Ҳоҷибоева