Китоб ва китобхона: Суҳбат бо хонандагон

 Давоми як моҳи охир теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Дар ин  моҳ ҳамаи толорҳои хониш пур аз хонанда буда, бештари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд. Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ барои ҷо додани хонандагон камӣ мекунанд. Хонандагони зиёде пеш аз шуруъ гардидани соати корӣ дар дами даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ ҷамъ меоянд. 

 Сабаби ба маротиб афзудан ва серхонанда гаштани толорҳои Китобхонаи миллиро аз шуъбаҳои хизматрасонӣ ва хонандагон пурсон шудем. Сармутахассиси шуъбаи адабиёти хориҷӣ Фазолат Наботова гуфт:

 «Маъмулан ҳамасола дар арафаи санҷишу имтиҳонҳои даври тобистона, шумораи хонандагон дар Китобхонаи миллӣ меафзояд, ки ин як рўзаю ду рўза набуда, балки моҳҳо идома меёбад. Мо кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ аз он шодем, ки имрўзҳо пайи аз бар намудани илму дониши иловагӣ ба онҳо хизмат мерасонем. Албатта, дар баробарои афзудани сафи хонандагон мушкилоти ҷой, иҷрои дархостҳо ба миён меоянд. Вале мо талош мекунем сари вақт ин мушкилоҳоро рафъ намоем. Китобҳои дархостшударо сари вақт меорем. Ва умуман то кунун шикояте аз ҷониби хонандаҳои худ надорем”.

Хоннадагоне, ки бо онҳо дар бораи сифати хизматрасониҳо ва шароити толорҳои хониш суҳбат кардем, эълон доштанд, ки аслан мушкилотеро эҳсос намекунанд. Толорҳои хониш тозаву озода, кормандон бо эҳтиром муносибат мекунанд. Ҷасорат Султониён, яке аз ин хонандагон афзуд:

  - Ба андешаи ман Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрўз ягона боргоҳе мебошад, ки шароити хуби мутоила карданро ба мо эҳдо намудааст. На танҳо банда, ҳамагон фикр мекунам чунин андеша доранд. Имрўз шароите, ки Китобхони миллӣ барои мутолиа дорад, мо дар хона надорем. Муҳити ором, фазои дилкаш. Муҳим ин ки китобе, ки дархст мекунем, филҳол дастрас мешавад. Вақтамон зоеъ намеравад, беҳуда намегузарад...

 Ҳангоми аз назар гузаронӣ, мушоҳида намудам, ки бархе аз хонандагон саргарми омода намудани машғулияти санҷишӣ, омодаги ба суолоти тестӣ мебошанд. Инҳо асосан хонандагони соли охири мактабҳои миёнаанд, ки барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ тайёрӣ мебинанд. Озода Мирҳомидова, яке аз ин хонандагон тайид кард, ки вай ва ҳамроҳонаш дар ҳақиқат суолҳои тестиро пайгирӣ ва ба имтиҳонот омода мешаванд.

 Озода Мирҳомидова: «Бале, имрўзҳо банда бештар барои аз бар намудани тест ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон меоям. Зеро шароите, ки имрўз Китобхонаи миллӣ фароҳам овардааст, барои мутолиа муфид аст. Махсусан муҳити худи Китобхонаи миллӣ ба ман руҳи равони мутолиа мебахшед, чунки ҳар нафари дар ин толор ҷамъ омада, танҳо ба мақсади мутолиа ва аз бар намудани кадом як машғулият гирд омадаанд. Дуруст, аслан ман аз маводҳои Китобхонаи миллӣ айни ҳол истифода намекунам, вале аз шароити хуби фароҳамовардааш бошад хуб истифода мебарам. Агар ман дарси зеринро дар хона тайёр кунам, ба таври кофӣ аз бар карда наметавонам, зеро муҳити хона ба ман даст намедиҳад. Ба ин хотир ба Китобхонаи миллӣ меоям.

Суҳбати Абдуғаюр Саломов