Китобҳои нав

Нақши кабинети таълимӣ – методӣ дар интихоби касби хонандагон

Чунон ном дорад китоби наве, ки  Г. Салимов  таҳти назари  доктори  илмҳои  педагогӣ, профессор  Қ. Абдураҳимов дар шаҳри Қурғонтеппа интишор додааст.

Рисола  ба масъалаи  нақши  кабинети таълимӣ – методӣ дар раванди касбинтихобкунии  хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ  бахшида  шудааст. Муалиф  кўшидааст, ки мазмун, мундариҷа , роҳҳо ва  тарзу усулҳои  кори  кабинети  таълимӣ- методии  касбинтихобкунии  мактаббачагонро  ҳаматарафа  таҳлил  намояд.

Китоб ба сифати роҳнамо ба муаллимон , мактабачагон ва кулли шавқмандони  самти  интихоби касб   тавсия  мешавад.

Аз ин рў, тарбияи насли наврас дар рўҳияи омўзиши касби

“Дил, руҳ ва инсон”-и донишманди маъруф Саидҷон Нодирӣ аз чоп баромад

Нашриёти «Донишварон» таҳти унвони «Дил, рўҳ ва инсон» рисолаи нави илмӣ-публитсистии Саидҷон Нодириро аз чоп баровард.
Рисолаи мазкур натиҷаи заҳмати чандинсолаи пизишки маъруфи рўҳшиносу равоншифо, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ мебошад, ки тавассути гипноз, сўзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва усули мануалӣ бо табобати беморон солҳои тўлонӣ машғул аст.
Баъзе аз маводи ин рисола қаблан дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, Русия ва Эрон интишор гардида, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб бо хушнудӣ ва қадрдонӣ пазируфта шудааст.

Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат чоп шуд

Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт ба забони тоҷикӣ китоби арзишманд таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳаҷми 464 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад.
Гуфтанист, ки китоби мазкур дар сатҳи баланди фарҳанги табъу нашр ва бо истифода аз нигораҳои миллӣ мунташир шудааст.

Дар ин маҷмўа суханҳои ҳикматомўзи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўъҳои мухталиф, аз ҷумла дар бораи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, таърих, забони модарӣ, одобу ахлоқ, таълиму тарбия, занону бонувон, ҷавонон, ҷашни Наврўз, Конститутсияи ҷумҳурӣ, фароҳам оварда шудаанд.

Нашри библиографияи монографии академик Шарифзода дар интишороти “Ирфон”

Нашриёти “Ирфон” ахиран библиография ва монографияи Академик Файзулло Шарифзодаро дар таҳияи корманди собиқадори Китобхонаи Миллӣ Ҷурабой Раҷабов ва мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ФаридунШарипов дар ҳаҷми 272 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баровард.
Дар осорнома роъҷе ба рўзгор ва фаъолияти илмии акдемики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода, асарҳои илмӣ, методӣ- таълимӣ,тарҷума, мақолаҳо роҷеъ ба паҳлўҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажуҳишҳои анҷомдода ӯиттилооти мушаххасдода шудааст.Китобнома дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хонаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгонии олим Файзулло Шарифзода таҳия гардидааст.

Страницы