Китобҳои нав

«Имло ва забони адабӣ»-и профессор Назарзода

Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар даврони истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрўз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Имрўз забони давлатии мо дар паноҳи давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши он тамоми иқдому чорабиниро дар амал пиёда менамояд. Асари «Имло ва забони адабӣ»-и доктори илми филология, профессор  Сайфиддин Назарзода ба масъалаҳои ташаккули таърихии имлои забони тоҷикӣ бахшида шуда, аз чор боб ва замимаҳо иборат аст.  Боби аввал масъалаҳои хат ва алифбои забони авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ ва

Чопи нахустин китоб дар бораи ноки заминӣ (топинамбур)

Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Партоев Қ., Ясинов Ш.М., Сайдалиев Н.Х. ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро таҳти унвони «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расониданд.
Бино ба гуфтаи Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон, китоб аз 167

Назарияи тозаи шинохти инсон

Рӯзи 5 июли соли равон дар толори Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби “Назария дар бораи тафовут дар тибиати ашёӣ: дар мавриди қонуниятҳои тафовути табиат, минталитет ва зарфиятҳои инсон” бо иштироки олимони соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон ва доираи васеъи алоқамандон баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш муаллифи китоб, физикдони тоҷик Т. Раҷабов дар хусуси ҳадафи таълифи китоб, мӯҳтаво ва моҳияти илмии мавзӯи он суханронда таъкид намуд, ки илми муосир дар шинохти табиати инсон имрӯз аз имкониятҳои соҳаҳои гуногуни донишҳои муосир истифода менамояд. Махсусан, аз нигоҳи қолабҳои тафаккури умумии тибатшиносӣ ва илмҳои дақиқ пажӯҳиш намудани вежагиҳои табиати инсон ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Дар китоби мавриди назар мо бори нахуст кӯшиш ба харҷ додаем, ки

Пажуҳише дар идеология ва манфиатҳои миллӣ

Мавҷуди  лоиқи тафаккури – инсон ягона офаридаи табиат мебошад, ки таҷрибаи гузаштаро метавонад омўзад, аз насл ба насл расонад, ба инобат гирад ва аз он самаранок истифода намояд, то аз иштибоҳоти таърихӣ худ ва миллати хешро эмин нигоҳ дорад.
    Дар ин самт муҳити маънавӣ, аллбата  нақши ҳаётан муҳим мебозад. Тасаввуроти аслӣ дар бораи бунёди Ватан, Миллат, Давлати миллӣ дар заминаи ҳамин навъ дарки олам- орзуи мансубият

Страницы