«Таърихи Байҳақӣ»-и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ
Нашр шуд 2016-02-05 12:24Китоби «Таърихи Байҳақӣ» дастраси хонандагон гардид. Таҳиякунандаи китоб, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон буда, муҳаррири масъули китоб Обид Шакурзода мебошад. Асар зери назари академик Носирҷон Салимзода аз нашр баромадааст. Китоб соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар матбааи «Нашриёти Бухоро» дар ҳаҷми 763 саҳифа ва теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст.
Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ мебошад. «Таърихи Байҳақӣ» аслан бо номи «Таърихи Масъудӣ» таълиф шуда, бо исми муаллифи донишманду нуктасанҷаш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст ва ин асар муҳимтарину дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсӣ аст.