Китобҳои тозавуруд: Рози Ниҳонӣ

  Шеър  оби мусаффои  чашмаи  шоир аст, ки аз ҳиссиёти  баланд ва неку созандаи  ў ҷўш  мезанад. Дар ҳақиқат ҳар кас, ки қалам ба даст мегирад, гўӣ  масъулияти бузурги  инсонӣ  ва  тарбияти  насли башарро бар уҳда гирифтааст.Ҳақ  бо ҷониби  шоир аст, ки ин маънии  бузургро  ба риштаи  назм кашида ва мефармояд:

                          Ҳар, ки  сухан  бар сухане зам кунад

                          Қатрае  аз хуни ҷигар кам кунад.

  Шеъри шоирӣ  ва мусиқии  калом  наздиктарин  мунис ва эҳсоси башар ва рўзгорони куҳан то имрўз будавау ҳаст. Ҳамин  эҳсос  ва  ҷавҳари  дарунию  фитрӣ аст, ки шоир ё сароянда ин эҳсосҳо,розҳо ва андўхтаҳои зеҳну замирашро таровиш медиҳаду ба сафҳаи рўзгор боқӣ  мегузорад.

  Шеър бинобар дарку дониш, муҳит  таҷрибаҳои  таърихию  фарҳангӣ  ва идрокоти  зеҳну замири  одамӣ, дар  кишварҳо  ва миллатҳои  гуногун аз аз ҳамдигар фарқ дорад.

  Дар тўли садҳо соли мавҷудияти  адабиёти  пурғановати  форсӣ – тоҷикӣ,  шоироне  будаву  ҳастанд, ки паёму эҳсоси каломашон  дар авҷи қудрату  тавоноӣ  ва  устодӣ устувор аст, ки ниёз ба такрор нест.Аммо паём ва эҳсосе,ки дар ин маҷмўаи шеърии  Ниҳонӣ,таҳти  унвони « Рози  Ниҳонӣ » гирдоварӣ  шудааст, нишонгари он аст, ки шоир  дар  лаҳзаҳои хоси зиндагӣ, эҳсосу отифа ва дарёфтҳои  замраш  ба фарозу фурўди  гузаштаву  имрўз ба тамошо мебарад ва хонандаро ба ёфтаҳои ганҷинаи шоиронааш шарик менамояд. Ў гоҳе  аз дарду гирифториҳои  инсони замону ҷаҳон сухан мегўяду  мехоҳад,ки дар сайраимо  сулҳу амният, шодию оромиш ҳукмфармо  бошад ва чунончи дар шеъри «Ҳизби замин»месарояд:

                        Бисозам  созмони даҳр баҳри рушду ободӣ,

                        Ҳама давлат шавад як кишвару як олами шодӣ .

                        Зи инсон дур  мекардам  қасосу  кину бадҳоҳӣ,

                        Биҳиште дар замин  мешуд ягона мулки озодӣ.

 

  Дар ашъори ҳамаи  шоирон як ҷавҳари муштарак ҳамеша ба назар мерасад,ки он волотарин  эҳсоси инсонӣ,яъне ишқи поку беолоиши инсонӣ аст. Шеъри «Ошиқон» хеле  зебо ба тасвир кашидааст, ки ин иншои аз фазои оромиши фикрию руҳии мардуми диёрамон аст:

                        Эй ошиқон ,эй ошиқон, рўяш мисоли осмон,

                        Як дам шавӣ меҳмон агар, як умр монӣ ошён.

                     Ба ҷашми шайдо бингаргарӣ, зебост  монанди парӣ,

                     Кас бо камоли дилбарӣ  мислаш надида дар ҷаҳон.

  Ин сатрҳо аз сарсухани Ҳусниддин Ғафуров, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани “Пайванд” ба китоби Ниҳонӣ “Рози Ниҳонӣ” иқтибос шуданд.

 Китоби мазкур чанде пештар дар нашриёти “ЭР-Граф” бо ду ҳуруф: срилик ва форсӣ ба теъдоди 1000 нусха чоп шудааст.

 Китобро шумо метавонед аз толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ суроғ кунед.

Меҳрангез Муҳаббатова,

Маркази такмили ихтисос.

 
Барчаспҳо: