МАЭСТРО УБАЙДУЛЛОҲ РАҶАБОВ: РӮЙДОДҲОИ ТАСВИРШАВАНДА ДАР ФИЛМҲОИ МАЗҲАКАВӢ ТИПӢ НЕСТАНД

Ин суҳбат ду сол қабл  дар остонаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ анҷом шуда буд. Аммо ҷойе чоп нашуд. Як сабаби он серкории устод Убайдуллоҳ буд, ки саргарми барномаҳои ҷашнӣ фурсат накарда буданд, ки матни омодашударо аз назар гузаронанд, чун қоида ин аст, ки мусоҳиб баъди рӯйи коғаз омадани суҳбат онро бихонад.

Шабе қабл бо баҳонаи зодрӯзи Маэстро баъзе хотираҳоро такурӯ кардам. Хотираҳо ба замоне рост меомад, ки ман дар бахши адабиёт ва ҳунари радио кор мекардам ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва матни ҳикояҳоро бо садои ишон сатбу пахш мекардем. Ва дар он миён буданд саҳнаҳое, ки иҷозаи пахш надоштанд, аммо шӯру шавқи ҷавониву хислати саркашӣ ин ҷонибро таҳрик мекард, ки он саҳнаҳоро шунавонам. Ва субҳ гап мешуд, гап мешунидем. Аммо тавба куҷо? Муддате пас боз чизеро ҳам дар иҷрои устод пахш мекардему боз он ҳолат такрор мешуд.

Ва аз миёни хотираҳо ин мусоҳиба ҳам ба ёдам омад, аз ҳофизаи компутер берун оврадам, як бор хондам ва инак бо каме ихтисор манзури хонандаҳои азиз мешавад.

  • Убайдуллоҳи Раҷабро мардум чун як санъаткори маъруфе мешиносанд, ки беҳтарину ширинтарин саҳнаҳои ҳаҷвиро ба саҳна гузоштааст, дар маъруфтарин намоишномаҳо ва филмҳо нақшҳои хотирмон офаридааст. Соҳиби театри худ аст, ки миёни мардум аз маъруфияти хос бархӯрдор мебошад. Аммо солҳои Истиқлолият Шумо бештар саргарми коргардонии ҷашнвораҳои фарҳангӣ шудед, роҳабари бадеии намоишҳои ҳунарии ҷашнҳо будед. Гумон намекунам, ки ин осон ба даст омада бошад, чун дар ҷашнвораҳо саҳнаҳои ҳунарӣ камтар ва рақсу суруду мусиқӣ бештаранд. Аз ҷониби дигар ҳар тарҳи ҳунарии офаридаи Шумо рамзҳое доштанд, ки баёнгари хусусияти ҳамон ҷашнвораанд. Чӣ гуна ба ин муваффақ мешудед?

- Ман дар оилае ба дунё омадам ки донишу маърифат ва ҳунар мояи ифтихорашон буд. Падарам усто Раҷабалӣ дутор менавохтанд, бо думбра оҳангҳои марғубро навохтаву таронаҳои дилнишин месуруданд. Модарам Балхиниссо (Худо розӣ бошад) саводи хуб доштанд ва аввалин устоди ман дар хату савод буданд. Бобои модариамон муфть-домулло Самеъ Шариф аз ҷумлаи уламои варзида ва босаводтарин шахси минтақа маҳсуб мешуданд. Аз сӯйи дигар модарам ҳам завқи хубе доштанд ва маҳфилҳои занонаи мусиқиро дар хонаамон созмон медоданд. Бародарам низ таронасарои хуб буданд. Ҳарчанд ки бародарам се ангушташонро дар ҷанги Бузурги Ватанӣ аз даст дода буданд, вале дуторро хеле хуб менавохтанд. Ҳамин буд, ки аз хурдӣ ин завқ дар қалби ман ҳам лона гузошта буд.  

Вале намедонам чӣ шуд, ки ман аввал бо нияти дохил шудан ба омӯзишгоҳи рассомӣ ба Душанбе рафтам, аммо як суҳбат бо бародарам Қимматуллоҳ роҳи маро дигар кард. Қимматуллоҳ ба ман гуфт, ки мо бояд ҳарду дар як омӯзишгоҳ бихонем, яъне ба риштаи дрижёрии ҳамсароён ҳуҷҷат месупорӣ. Ва чунин ҳам кардем.

Дар замони таҳсил дар омӯзишгоҳ ва баъдан солҳои аввали кор дар театр аз дарсҳи ҳунарии устодоне чун Е.И.Мителман,  Ҳ.Ращматуллоев, София Тӯйбоева, Низом Нурҷонов, Ҳ.Сайидаҳмадов,  Л.С.Корняев, Аслӣ Бурҳонов, Алиназар Хоҷаев, Ҳабибулло Абдураззоқов ва дигарон баҳра бурдаам. Баъдан зумрае аз ҳунармандони ҷавону боистеъдоди мо мисли Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳошим Гадоев Донишгоҳи санъати Маскавро хатм карда, баргаштанд ва аз истеъдоду ҳунари инҳо низ чизҳоеро омӯхтаам. Аз бастакори шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ омӯхтам. Хулоса, таҷрибаву омӯзишҳо дар мактаби ҳунарии устодон ва солҳои кор дар театр бароям таҳкурсии хубе барои шинохти санъати асили халқӣ буданд. Ва ин устодон бешак гулчини шахсиятҳои касбӣ буданд, хазинаи бойи театри касбии тоҷик буданд. Солҳои 1959-1964 дар театри ба номи Лоҳутӣ ҳам кор мекардем ва ҳам дар студияи он дарс мехондем. Устодону ҳунармандони театри ба номи Лоҳутӣ шахсони дар касби худ хеле моҳир ва ягона буданд. Аз мактабҳои ҳунарии Маскаву дигар шаҳрҳо баҳра бурдаанд.  Ва мо ҷавонон имкони васеъи омӯзиш аз ин бузургон доштем ва ҳар лаҳзаро ба нафъи худ истифода мекардем. Инҳо касоне буданд, ки маданияти баланди одамгарӣ доштанд, зиёиёни асил буданд, шахсиятҳое буданд, ки дар одобу маданият низ ҳамто надоштанд.

Дар он солҳо бахусус, мактаби ҳунарии коргардони варзида Ефим Исоевич Мителман, ки соли 1959 бо супориши Котиби аввали ҲК Тоҷикистон Турсун Улҷабоев дар  назди театри академию драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъсис шуда буд, бароямон беҳтарин мактаби ҳунарӣ маҳсуб мешуд. Ва ҳунармандони боистеъдоди мо Муҳаммадҷон Қосимов, А.Саидов, А. Сулаймонов, Г.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                        Бақоева, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тӯҳфа Фозилова, Т.Ғаффорова, А.Хоҷаев, Х.Назарова ва чанд нафари дигар дастпарварони ҳамин мактаби Мителман буданд. Ва инкишофи нутқ дар хониши бадеиро бештар аз коргардони чирадасти радио марҳум Ҳалима Насибулина омӯхтаам. Бо ташаббуси ӯ ба радиоспектаклҳо даъват мешудем ва кор дар ин намоишҳои радиоӣ худ мактаби дигари суханварӣ буд. Бо доштани ин гуна устодони бузург ва омӯзишҳои пайдарпай мо дигар ҳақ надоштем дар забонамон нуқс дошта бошем, дар талаффузи калимаву ибораҳо ба иштибоҳ роҳ диҳем.

   Ва Ефим Исоевич ягона инсоне буд, ки дар ман ҳунарманди ҳаҷвиро кашф кард. Вақте нақши Тофмаршал Фон Калбро дар спектакли “Макр ва муҳаббат”-и Ф.Шиллер супурд, розӣ набудам. Вале ӯ аз ман хост маҳз ҳамин нақшро бибозам. Гофмаршал нақше буд, ки хеле шӯх ва ба мардум шодӣ меовард. Ефим Исаевич мегуфт, ки ту худро бисанҷ, ту метавонӣ. Ва ҳамин як раҳнамоие шуд бароям ба самти ҳаҷв. Ефим Исоевич чун коргардони пухтакору ботаҷриба чизеро кашф кард, ки худам намедонистам. Дидам, ки дар ҳаҷв кори ман беҳтару хубтар пеш меравад ва он коре, ки ман мекунам, дигарон наметавонанд. Ва дар ҳақиқат чӣ дар ин нақш ва чӣ дар нақшҳои дигари ҳаҷвӣ офаридаҳои ман бино ба арзёбии устодон назар ба дигарон табиитар мебаромад. Вале дар баробари ин нақшҳои драмавиро низ мебозидам. Масалан, дар драмаи Шиллер, дар фоҷеаи Шекспир  “Шоҳ Лир” ва ғайра нақшҳои фоҷеавӣ ҳам бозидаам.  Яъне, чун ман актёрам, бояд ҳар нақшро бозам, фарқе надорад, ки драмавист ё ҳаҷвӣ ё фоҷеавӣ.

Ва баргардем ба саволи шумо дар мавриди душвориву осонии коргадонии ҷашну маросимҳо. Аслан ин барои ман чизи нав ҳам набуд. Солҳои пеш аз Истиқлолият низ ман ин корро кардаам. Ҳатто солҳои 1965-1967,  замони хизмати аскарӣ дар Ишқобод, се барномаи ҳунарии гарнизони ҳарбии ин шаҳрро бахшида ба 20-солагии пирӯзӣ дар ҶБВ, солгарди инқилоби Октябрро таҳия ва коргардонӣ кардаам. Вале баъди Истиқлолият ин шуғл бароям доимӣ шуд. Ва ба гумонам ҳамон таҳкурсии фолклори хонаводдагӣ, ҳамон омӯзишҳо аз падару модару бародарон ва донистани фолклори халқ кумакам кард. Ман эҷодиёти мардумиро хуб медонистам, бо ҳунарҳои мардумӣ аз наздик ошно будам. Замоне дар фестивалҳои ҳамасолаи “Бӯстон” қариб дар аксари ноҳияҳои кишвар барои омода кардани дастаҳои ҳунарӣ рафтаам ва фолклори минтақаҳоро низ медонам. Дар Кӯлоб ҳам будам, дар Қаротегину Суғд ва дар Бадахшон ҳам. Яъне, ин чизҳо бегона набуданд. 

Аммо тарҳрезиҳои солҳои Истиқлолият дигаранд. Дигар он Ватани паҳновару он Ленину он партия нест, ки дар васфашон сурудҳо монем. Замони “Ватанам СССР, гулшанам СССР” гузашт, зиндабодгӯиҳои даврони Шӯравӣ ҳам нест. Акнун талабот дигар аст. Саҳнаи мо дигар аст, либоси мо дигар аст. Ҳарфамон фарқ мекунад, шеърамон фарқ мекунад. Яъне, як давраи дигар оғоз шудааст ва бояд мо тараннумгари ғояҳои Истиқлолият бошем, бояд Ватанамонро ба оламиён шиносонем. Бояд гуфта тавонем, ки ин Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ таъриху чӣ фарҳангу чӣ тамаддун дорад. На танҳо гӯем, балки ба оламиён онро нишон диҳем.  Яъне, чизе ки дина буд ва хуб ҳам буд, имрӯз куҳна шудааст. Дигар ба мардум он қадар таъсир намебахшад. Ва мо худамон, ки эҷодкорем, услубҳои нав эҷод мекардем. Ҳамзамон касбияти мо боло мерафт диди мо дигар мешуд. Шояд инро баъзеҳо ман-манӣ пиндоранд, вале воқеъият аст, ки бисёр чизҳо дар ин намоишҳои театришудаи ҷашнӣ эҷоди худи ман аст, дидгоҳи ман аст. Ин ҳама натиҷаи омӯзишҳои пайваста аст. 

Ва дар ҳамин иртибот мехостам саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди фарҳанги кишвар махсус қайд кунам. Муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон баъди ҳар намоиши идона назарашонро иброз медоштанд. Ва ҷолиб он аст, ки назари Президенти муҳтарам барномавӣ аст ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ба бахти мо Эмомалӣ Раҳмон шахсияте бо донишу фаҳмиши ҳамаҷонибаанд ва на танҳо дар сиёсату иқтисод, балки оид ба фарҳанг низ назароти қобили таваҷҷуҳ доранд. Мо кумаку дастгирии  Президенти муҳтарамро дар ҳар маврид эҳсос мекунем ва саҳми Пешвои муаззам дар рушди фарҳанги кишвар беназир аст. Маҳз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат буд, ки дар офариниши саҳнаҳои идонаву барномаҳои калонмиқёс муваффақ мешудем.

ҲАҶВ МАСХАРАБОЗӢ НЕСТ, ҲАҶВ ИН ХАНДОНДАНИ МАРДУМ ҲАМ НЕСТ

  • Ин ҳама гирудорҳову базмоороиҳо дар ҷашнҳо то ҷое шуморо аз саҳнаи театр дур карданд. Албатта, ба назари ман, чун хеле кам нақшҳои нав доред. Шояд иштибоҳ кунам. Аммо ба ҳар ҳол мехостам назаратонро дар бораи театрҳои имрӯз донам. 

- Театри тоҷик имрӯз ҳам хуб аст, вале хавфи дигар таҳдид мекунад. Истеъдодҳо мераванд. Агар мо ин гуна афродро бо ҳар роҳу васила нигоҳ надорем, оқибати нек надорад. Имрӯз академизмро намебинем ва ин воқеъан ҳам бад аст. Касбият аз мо меравад. Дар макотиби олӣ, ки таҳсил мекунанд, дипломро мегиранд ва мераванд дунболи кори дигар. Касоне, ки дар шуъбаҳои мусиқиву хорографиву дигар таҳсил мекунанд, баъди хатми донишгоҳ ҳофиз мешаванд ва аксарашон ҳофизони тӯйгард ва на аз ин беш. Ин бисёр аламовар аст. Мехостам системаи қабули донишҷӯён дар мактабҳои олӣ тағйир ёбад, тавре бошад, ки завқмандон қабул шаванд, ки баъд кор кунанд, на ки дипломхоҳон, ки баъдан раванд. Талабот бояд дигар бошад. Талабот бояд аз ин зиёд бошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг ба устодони ҳамин соҳа диқати махсус диҳанд, хеле сахтгир бошанд. Ин плани пахтасупорӣ, плани ширу пашму гӯшт нест, ин ҷо сухан аз кадре меравад, ки тақдири ояндаи фарҳанг аз ӯ вобаста аст. 

  • Шумо дар бораи қадамҳои нахустинатон ба саҳнаи ҳаҷв ишора кардед. Имрӯз бо вуҷуди он ки нақшҳои мондагор дар жанрҳои драмаву фоҷеа ҳам бозидаед, вале миёни мардум ҳаҷви шумо барҷастатар аст. Ва эътироф мекунанд, бидуни шак устоди ҳаҷв дар кишвар маҳз шумоед, на каси дигар.  Мехостам бо истифода аз фурсат як муруре ба ҳаҷви солҳои Истиқлол дошта бошед. Онро чӣ гуна метавон арзйбӣ кард?   

-  Ҳаҷв масхарабозӣ нест, ҳаҷв ин хандондани мардум ҳам нест. Он тамоман чизи дигар аст.  Аслан ҳаҷв паҳлуҳо ва жанрҳои хеле зиёд дорад ва ҳар яке дорои калиди худ аст.  Агар одӣ карда гӯем, ҳаҷв мисли ғизо –оши палав аст. Агар алови ош баланд бошад, ош месӯзад ва агар паст бошад, ош хом мемонад, ки истеъмоли он ҷоиз нест.  Он нуқсу камбудиҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, бо неши ханда бояд табобат кард.  Мо бояд ба содагишон, ба дурӯғашон, ба виқору манманиашон, ба бесаводию дар ҷойи худ набуданашон бо тамоми овоз қоҳ-қоҳ зада хандем. Мо бояд ба ҳоли худамон хандида тавонем.

Ҳаҷв ҳамон аст, ки дар толор механдем, дар берун механдем, дар хона механдем, рӯзи дигар ҳам механдем ва 5-10 сол баъд ҳам механдем.  

Ҳаҷв бояд ҳадаф дошта бошад. Ҳаҷве, ки танҳо барои хандонидани мардум бошад,  шахсан ман қабул надорам. Дар ҳаҷв ханда ҳам бошад, таҳлил ҳам бошад. Ин шакари ба заҳр омехта бошад, ба гуфтаи бузургони мо. Аз ин ҳаҷв мо ҳам хандем ва ҳам лаззат барем ва боз сари он андеша кунем. Андешаи аз ҳаҷви асил баромада бояд дар худи толор намонад, дар берун ҳам бинанда ва шунаванда сари он андешаронӣ кунад. Ва ҳар кадоми мо дида тавонем, ки ба чӣ механдем.

Аслан ханда қалби инсонро пок мекунад, бо ханда метавон занги дилҳоро шуст ва хандаи маънидор беҳ аз он аст, ки дар толор ҳамин хел хандему баромада равем. Дар мо ҳаҷвнигорони хеле зиёде буданд. Мирбобо Зиёев дар Филармония кор мекарданд. Усто ва Масто буданд, руҳашон шод бошад аз мо. Дар ҳар як деҳа ҳам ҳатто буданду ҳастанд ду-се нафаре, ки дар тӯйю маъракаҳо мардумро механдонанд. Устод Қиматшоҳ Ҳиматшоев буданд, Маҳмуд Тоҳирӣ буданд, Бурҳон Раҷабов, Маҳкам Ҳоҷиқулов буданд. Аз миёни нависандагон ҳаҷвнигорони хуб доштем, ки менавиштанд. Ҳатто бинед устод Фазлиддин Муҳаммадев, як нависандаи хубу баркамоли мо табъу завқи навиштани ҳикояҳои хуби ҳаҷвӣ доштанд. Имомназар Холназар буд, ки ҳикоёти хеле хуби ҳаҷвӣ дорад. Устодон Бурҳон Ғанӣ, Самад Ғанӣ буданд. Ё худи шумо ҳам, ки менавиштед ва дар чандин ҳикояҳои шумо дар радио ман бозӣ кардаам. Аз коргардонҳо Музаффар Ғаниев, Иззатулло Самадов менавиштанд. Боз киро фаромӯш карда бошам... Ва ҳоло ҳам мо ҳунармандони хубе дорем, ки барои мардум ошноянд ва онҳо табъу завқи ҳаҷв доранд.  Қиёмиддин Чакалов аст, Шодӣ Солеҳов ҳаст, Шералӣ Абдулқайсов, Асалбек Назриев, Муродбӣ Сиддиқова,.... Гулбибӣ, Холмурод, Ҷамшед, Насриддин боз чанд нафаре дигар ҳастанд, чун теъдодашон зиёданд, наметавонам аз ҳамаашон ном барам. Шумораи ин ҳунармандон хеле зиёданд, ки миёни мардум маъруфият доранд. Парчамбардорони ҳамин жанр ҳастанд. Қодир Раҳимов буд бо тахаллуси Қодир-ҷӯгӣ. Дар ҳунари инҳо ҳам ҳаҷвнигорӣ ҳаст ва ҳам масхарабозӣ. Ва чуноне гуфтам, бо ҳарфу сухани ҳаҷв ҳаҷвнигор бояд тавонад, ки мардумро ҳам хандонад ва ҳам ба андеша барад ва гӯянд, ки ин ҷо гапи дигар будааст, мо ба ҳоли худ хандидаем. Ман дӯст дорам ҳаҷви Аловуддин Абдуллоевро.

  • Пас киро дар ин ҷода устоди худ медонед?

- Дар ин соҳа ман Аркай Исакаевич Райкинро устоди худ мешуморам. Коре, ки ӯ кард, кам касон карданд. Ҳам механдонд, ҳам мардумро мегирёнд. Ва дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ гумон мекунам дар ҳаҷви сиёсиву иҷтимоӣ касе ба пояи ӯ нарасид. Хеле ҳаҷви ҳассос дошт, хеле нуктасанҷ буд ва гумон мекардӣ дар гуфтораш ҳарфи зиёдатӣ вуҷуд надорад. Саропо ҳаҷве буд, ки инсонҳо аз он на танҳо механдиданд, балки зуд ба андеша мерафтанд ва он камбудиро дар худ меҷустанд.

Шукр ман дар намоишҳое, ки дар театри Лоҳутӣ ба саҳна гузошта мешуданд, ҳамроҳ бо Бурҳон Раҷабов, Саидмардон Мардонов, Носир Ҳасанов нақш мебозидем ва чун муаллифони онҳо устодоне назири Сотим Улуғзода буданд, Бурҳон Ғанӣ ва дигар адибони соҳибзавқ буданд, нақшҳое офаридаем, ки дар хотири бинандагон мондааст. Яъне, ҳаҷв ва ҳатто як саҳнаи хеле кутоҳи ҳаҷвӣ дар як асари драмавӣ ҳам метавонад мондагор бошад, агар ҳунарманд ба ҳассосияти он саҳна пай барад ва нақшро ҷолиб бозад. Ва шукр, ки худи ман имрӯз мактаби хуби театрӣ дорам, пайравон дорам, шогирдон дорам, ки ҳамеша бо ман ҳастанд, меомӯзанд ва ҳамзамон худи ман ҳам меомӯзам. Омӯзиш агар пайваста набошад, нависанда, ҳунарманд рушд намекунад. Бояд ҳамеша омӯхт ва ҳамеша чизи наве гуфт, ки дархӯри табъи мардум бошад. Замона дигар мешавад ва ҳаҷвнигор ҳам бояд ҳамқадами ҳамин замона бошад, дарди дирӯз дарди имрӯз нест. Имрӯз дарди худ ва ҳаҷви худро дорад.  Мавзӯъ ҳарчанд якест, вале шеваи гуфтор дигар аст. Чун насли дигар омадааст, ки забони гӯиши дигар дорад, муҳит муҳити дигар аст. Ва вазифаи ҳаҷвнигор аст, ки инро дарк кунад. Имрӯз бо ҳаёҳуи зиёдатӣ намешавад гуфт, ки мо мардумро хандонидем. Ҳаҷве, ки мо дар назар дорем, мисли як дарахти сершоху барге аст, ки ҳар як навдаи он як меваи дигар дорад.   

Имрӯз зарур аст, ки мактабҳои хуби ҳунарӣ омӯхта шаванд. Вазорати фарҳанг метавонад ин корро кунад. Мо ҳунармандони хуби соҳибмактаб дорем, ки мактаби эҷодии онҳо қобили омӯзишу парвариш аст, барои наслҳо, барои ояндагон. Инҳо бояд омӯхта шаванд, китобҳо таҳия шаванд, то ояндагон тавонанд аз онҳо баҳра баранд. Ва ҳамин гуна мактабҳои ҳаҷвӣ ҳам дорем, ки ниёз ба омӯзишу пажӯҳиш доранд. Мутаассифона, имрӯз ин чиз дар мо нест. Ҳамаи талошҳо муваққатианд, чорабинӣ  ё намоиш гузашт, ба қавле ҷон халос. Аммо бояд чунин набошад.

ВОРИСОНИ ШЕЪРИ ОЛАМГИР НАБОЯД ШЕЪРИ СУСТ БАРОИ СУРУД ИНТИХОБ КУНАНД

  • Дар ҷараёни корҳои барномасозиҳои идона ба кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешудед? Гумон намекунам, ки ин ҳама осон даст медод ва  на ҳама чизе дар саҳна мегузоштед, хуб буд. Мехостам як назари таҳлилӣ дар ин бора дошта бошед.

- Албатта, кор бе камбудӣ намешавад. Имрӯз ман барномасозии барномаҳои ҳунариро ба ӯҳда дорам. Баъзан одамон гумон мекунанд ҳамаи онҳо дар сатҳи олианд? На, чунин нестанд, яке аз дигаре фарқ мекунад. Дар онҳо  ё сухан ғалат аст, ё оҳанг моли каси дигар аст, ё наво аз дигар давлат омадааст. Ҳунармандони мо як бало карда, шеърро маҷбур карда, дар оҳанг мечаспонанд. Аммо вақте мӯшикофона назар мекунем, мебинем, ки шеъру оҳанг мувофиқ нестанд. Мо, ки шеъри баланди оламгир дорем, бояд дар интихоби матн барои суруд ҳассос бошем. Ин хеле муҳим аст, ки мутаассифона камтар эътибор медиҳанд. Адабиёти мо адабиёти бузурги ҷаҳони аст. Айб аст, ки ворисони Рӯдакиву Саъдиву Ҳофизу Фирдавсиву Мавлавиву Ҷомӣ дар сурудашон шеъреро интихоб кунанд, ки ҷавобгӯи ин ё он мавзӯъ ва ҷашнвора набошад. Мусиқии мо мисли шеъри мо оламгир бошад. Чаро  Фирдавсӣ куҳна намешавад? Чаро Мавлоно шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард? Чаро шеъри Рӯдакиву Ҳофизу Саъдиву даҳҳо нобиғаи дигари форсзабонон куҳна намешавад? Дар чор мисраъ онҳо тавонистаанд як ҷаҳон маъниро ҷо куунанд. Ва мо бояд ба анъанаи бузургонамон эҳтиром гузорем. Мо ворисонем ва ворис ба маънои тақлид нест, ворис он аст, ки такмил медиҳад, гузаштаро ғанӣ месозад.

Шахсан ман имрӯз биёр гиламандам аз оҳангсозони кишвар. Мо мутаассифона, имрӯз  ҳунарманди касбие, ки оҳанг месозанд, композитсия месозад, қариб ки надорем. Ин хеле бад аст. Нестанд дигар касоне, ки мисли Шарофиддин Сайфиддинов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Талабхӯҷа Сатторов, Абдуфаттоҳ Одинаев беҳтарин композитсияҳои мувофиқ ба руҳи замонро таҳия кунанд. Инҳо рафтанд, вале ба ҷояшон дигар касе наомад. Худро тасалло додан, ки фалону фалон мусиқидону бастакор дорем, фиребе беш нест. Мо асарҳои бузурги мусиқии симфонӣ надорем. Оркестри симфонӣ бояд хеле фаъолу ҷаззоб бошад, аммо мутаассифона имрӯз чунин нест. Ифтихорамон ҳамон аз гузаштагон аст. Имрӯзиён чӣ?  Ва сухан боз сари ҳамон мактабҳои ҳунарист, ки бояд омӯхта шаванд. Мактаби ҳунарии Зиёдулло Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, Талабхӯҷа Сатторов, Абдуфаттоҳ Одинаев, М.Атоев ва дигарон бояд омӯхта шаванд. Ва ҳамин сухан ба омӯзишу парвариши мусиқиҳои суннатии мо “Шашмақом”, “Фалак” дахл дорад. Бо баргузории рӯзи Фалаку рӯзи Шашмақом намешавад. Бояд инҳо мактаб бошанд, ки омӯхта шаванд, то аз ояндагон афроди касбӣ дар сатҳи устодон вориди саҳна шаванд. Ин мусиқиҳои суннатӣ бояд соле як бор ёд нашаванд, коре бояд кард, ки ҳамарӯза аз он ёд кунанд. Миллат мусиқии классикии худ, шеъри классикӣ, ҳунари гузаштагонашро фаромӯш накунад, онро созгор бо рӯҳи замон такмил диҳад ва ба ояндагон чизе аз имрӯзиён монад. Имрӯз миллат боз ҳам ба Одина Ҳошими дигар, ба Барно Исҳоқ, Фазлиддин Шаҳобов, Боймуҳаммад Ниёзов, Маърӯфхӯҷа Баҳодуров, Аҳмад Бобоқулов  барин нобиғаҳо ниёз доранд. Касоне бояд оянд, ки мисли онҳо гузаштаро бо такмили нав хонанд.

Шояд баъзе суханҳои ман сахт расад, вале ин ҳақиқат аст ва ногуфта наметавонам. Бояд гӯем, аммо ин танқид нест, ин масъалагузорӣ аст, инҳо бояд барномарезӣ шаванд, ба хотири бақои мусиқии классикии мо, ба хотири рушди мусиқии миллии мо.   

  • Шумо дар мавриди адибони ҳаҷвнавис ишора кардед. Аз баъзе касоне ном бурдед, ки дар қайди ҳаёт нестанд: мисли устод Фазлиддин Муҳаммадиев, Бурҳон Ғанӣ, Имомназар Холназар. Имрӯз вазъ чӣ гуна аст? Оё ҳаҷви имрӯз ба саҳна роҳ дорад? Агар не, пас камбуди он чист?

- Имрӯз ҳам мо ҳаҷвнигор дорем. Онҳо ҳикоя менависанд, повест менависанд ва хуб ҳам менависанд. Мехонам ман. Вақте ки дар суҳбати алоҳида мешинем, ба суханонашон гӯш медиҳем, чизҳое мегӯянд, ки ман мемурам аз ханда. Яъне, онҳо чизҳое мегӯянд, ки воқеъияти зиндагӣ аст. Худи ҳаҷв аз зиндагии маъмулӣ бармеояд. Ва ҳамон рӯйдоде, ки нақл мешавад ва мардум механданд, бояд дар қолаби бадеӣ, бо истифода аз санъатҳои бадеӣ ба қолаби ҳикояҳои ҳаҷвӣ дароварда шаванд. Аммо ҳамин кор ба кам касон даст медиҳад. Яъне, нақл ҳаст, аммо шакли адабиву бадеии он нест. Ва чун нависандагони мо ҳаҷвро кам менависанд ё наменависанд, ҳаҷвнигрони саҳна худашон барои худашон матн эҷод мекунанд. Дар натиҷа онҳо аз нигоҳи бадеӣ заъиф рӯйи саҳна меоянд. Зеро худи онҳо нависанда нестанд. Ҳамон тарзи гӯиши мардумро  истифода мебаранд. Мегӯянд хуб, инро мардум мефаҳмад. Дар замони Шӯравӣ хубии кор он буд, ки ғалатҳо зуд ислоҳ мешуданд, чун то он ки асар ба саҳна барояд, дар чандин Шӯро баррасӣ мешуд. Баъзеҳо мегӯянд вай сензура буд. Буд, вале ба бадеият эътибори бештар дода мешуд. Сензура танҳо ба ҷанбаҳои сиёсии он диққат медод, аммо шӯроҳои бадеӣ матни асарро таҳрир мекарданд, то калимаву ибораҳои нофаҳмо роҳ наёбад. Ҳоло чунин нест.  Ҳозир касе чизе хоҳад, мегӯяд, менависад. Барои он ки сатҳи ҳаҷв боло равад, ҳам матн ҳам бадеият дошта бошад, то мардумро ба зебо гуфтану зебо шунидан одат кунонем. Сатҳи сухан поин наравад, забон хору залил нашавад. Мо ҳунармандон ва адибон назди миллат масъулият дорем. Вазифаи мост, ки фарзандонамонро ба сухани олӣ одат кунонем, то фарҳангамон пеш равад, сухани мо тоза бошад, чун мо ворисони бузургоне ҳастем, ки маҳз сухани олиашон онҳоро бузург карда буд, на ҳарфи кӯчагиву берабту бемантиқ.  Яъне, адибони мо бояд бештар ба ин таваҷҷуҳ кунанд, мактаби ададбии ҳаҷвникорӣ бояд омӯхта шавад. Ин гуна мактабҳо аз қадим мо доштем. Бинед, Алии Сафӣ, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ва дигарон, ки машҳуранд. Магар дар ҳикояҳои онҳо ҳарфи кӯчагиву беназму низом мушоҳида мешавад? Он замон ҳамон сензура ҳам набуд, вале адиб масъулият ҳисс мекард. Дар Маснавии маънавӣ даҳҳо ҳикояҳое ҳастанд, ки ҳаҷви хеле малеҳ доранд. Ин нишон медиҳад, ки муаллиф завқи хуби ҳаҷв ҳам доштааст. Он ки ман гуфтам, баъзан дар суҳбати адибон мешинему аз нақлашон завқ мебарам ва аз ханда мемирам, ба он маъно буд, ки мо ҳаҷвнигорон ба ҳикояҳои ҳаҷвии дорои бадеияти баланд ниёз дорем. Ва мегӯям: беҳтарин жанри театрӣ ин ҳаҷв аст ва ҳаҷвнависӣ худ мушкилтарин кор аст, ки на ҳар кас аз ӯҳдаи он баромада метавонад. Гиря карда, мардума хандондан, ин ҳунар аст. Яъне, ҳаҷви хуб он аст, ки мардум баъди ханда бигирянд.

ФИЛМҲОЕ ДОРЕМ, КИ ДАР ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ КИНОИ ТОҶИК БОҚӢ МОНДААНД

- Шояд аз ин аст, ки мо синемои ҳаҷвӣ ҳам қариб, ки надорем?

- Медонед, чандин филмҳое, ки вақтҳои охир тавлид шудаанд, ҳар кас дарди худашро мегӯяд ё аз чизе ки дидаст ё шунидаст, ҳикоя мекунад. Ҳам коргардон, ҳам муаллиф дидаву шунидаи худро филм мекунанд. Рӯйдодҳо типӣ нестанд, ҷузъианд. Мавзуъ ё хонаводагист ё гуруҳист, вале умумӣ нест. Дард башарӣ нест, дард хусусӣ аст. Аз ин рӯ аз доираи ҳамон гурӯҳ берун намеравад. Ва баъде бо муаллифонаш суҳбат мекунӣ ва мепурсӣ, ки чаро маҳдуд аст филмат, посух медиҳанд, ки маблағ намерасад. Имрӯз журналист ҳам кинорежессёр аст, нависанда ҳам, ҳунарманд ҳам. Ҳар касе заррае завқ дорад, ба ин кор даст мезанад. Боз ҳам гузаштаро ба ёд оред: барои коргардони синемо шудан, мерафтанд солҳо мехонданд. Кадоме аз коргардонҳои маъруфи синемои мо нохонда режессёр шудаанд? Роҳ намеёфтанд, чун назорат буд. Ноилоҷ мерафтанд ба Маскаву Ленинграду дигар шаҳрҳо, то маҳорати коргардониро аз худ кунанд. Ва баъди бозгашт 3-4 соли дигар ассисенти режессёр мешуданд, баъд режессёр. Вале на ҳамаи онҳо коргардони хуб мешуданд, баъзеҳо баъди як филм, дигар мерафтанд, чун медиданд, ки кори онҳо нест. Касе маҷбурашон намекард, балки система тарзе сохта шуда буд, ки ҳунари асил роҳ меёфт, камҳунарон худ аз саҳна хориҷ мешуданд.   

Аммо имрӯз чунин нест. Шахсан ман ҳар филме кардам, бо Юнус Юсупов кардам. Режессёри ҳирфаӣ. Масалан, филми “Воқеъа дар фурудгоҳ”, ки дар он нақши яҳудии заргарро бозидам, дар филми “Номзад”, ки нақши марказии Аҳмад Раҳматов ба ӯҳдаи ман буд, дар “Зани оҳанин”-и, коргардон марҳум Соҷида Ғуломова, нақши Қучқорбойи тракторчӣ дар телевизиони Тоҷикистон ва ғайра. Инҳо филмҳое буданд, ки намегӯям беҳтарин, вале чун коргардонҳои ҳирфаӣ доштанд, то ҷойе муваффақ буданд. Он вақт ҳам вобаста ба имкону шароит филм мебардоштанд, вале устокорона, устодона. Умуман дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон хеле филмҳои ҷолибу диданӣ дошт ва ҳоло ҳам ҳар касе он филмҳоро тамошо мекунад, як ҷаҳон лаззат мебарад. Масалан, филмҳои “Ниссо”, “Рӯдакӣ”, “Марги судхӯр”, “Ман ба духтаре вохӯрдам”силсилафилмҳо аз “Шоҳнома” инҳо замон надоранд, куҳна намешаванд. Филмҳое ҳастанд, ки дар хазинаи тиллоии кинои тоҷик боқӣ мондаанд. Чун режессураи қавӣ доранд, сифати наворашон олист ва матнашон низ олист.

Имрӯз ҳам мешавад ин гуна филмҳо офарид, танҳо ба он шарт, ки режессёр ҳирфаӣ бошад, филмноманавис ҳирфаӣ бошад, ҳунармандони касбӣ ҷалб шаванд.  Ва ин се чизе аст, ки мутаассифона имрӯз камтар риоя мешавад. Мо филмҳои хуб дорем, ки нав рӯйи навор омадаанд. Мисли филми “Муаллим”-и Носир Саидов. Вале бо як гул баҳор намешавад. Ва синемои ҳаҷвӣ ҳам ҳамин ҳолро дорад. Мо надорем ин гуна филмҳое имрӯз. Филме мисли “Ман ба духтаре вохӯрдам” имрӯз нест. Барои ин мо вазорати фарҳанг дорем, Иттифоқи синемогарон дорем, Кумитаи радио ва телевизион дорем ва ҳамаи инҳо бояд аз тариқи худ назорат кунанд, то филмҳои хому сабук ба экран роҳ наёбанд.

  • Муддатест, ки баъзе аз ҳамкасбону дӯстони шуморо намебинем. Солҳои ҷанги ҳамватанӣ қатори дигарон баъзе аз ҳунармандони хубамон, ба мисли Бурҳон Раҷабов, Саидмурод Мардонов, ки ҳамроҳи Шумо зиёд нақшҳо офаридаанд, аз ҷумҳурӣ рафтанд. Бо кадоми онҳо иртибот доред?

- Мутаассифона, Бурҳон Раҷабов, ки ба шаҳри Самарқанд рафта буданд, аз олам гузаштанд. Баъди рафтан мехостанд баргарданд, вале ин ҷо гуфтанд зарурате ба омаданашон нест ва бо ҳамин алам аз дунё рафтанд. Худо раҳматашон кунад. Саидмурод Мардонов ҳам бо мо буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Бори охир мо дар ҷашни 75-солагии фаъолияти эҷодии ман як саҳнаро муштарак бозӣ карда будем. Дигар кори якҷоя надоштем, ин охирин саҳна буд.

Бале, бисёре аз ҳунармандону ҳаҷвнигорони хуби мо аз дунё гузаштанд. Мутаассифона, дар замонаш натавонистем аз онҳо хуб истифода кунем, аз таҷрибаи онҳо баҳра бардорем. Ва имрӯз ҳам ҳол ҳамон аст. Ҳунармандони хубамон дар аксар мавридҳо дастгирӣ намеёбанд. Як илоҷе карда аз қувваи худ, бо истифода аз имкониятҳои худ саҳнаҳо месозанд. Ба қавле илоҷе ёфта аробаи куҳнаро гоҳ тармиму таъмир кардаву шаклашро дигаргун сохта, кашида рафта истодаанд. Яъне, онҳо гоҳу ногоҳ аз худ дарак медиҳанд, ки ҳастанд. Аммо ҳузури муваққатӣ. Имрӯз зарур аст ҳаҷв тарбия карда шавад, то чароғи он рушан бимонад. Он ҳунармандони ҳаҷвсарову ҳаҷвгӯро бояд пос дошт, то шогирдонашонро ба камол расонанд. 

- Дар мақолае хондам, ки Туҳфа Фозилова гуфтаанд, ки мехоҳам фақат бо Убайдулло Раҷабов нақш офарам. Ин воқеъият дорад?

- Бале, дар намоишномаи “Шаби гирифтани моҳ”-и Мустай Карим буд.  Ман дар саҳна актёрӣ намекардам. Вале мехостам чун як одами калонсол нақши кӯдакро бозам. Кӯдаке, ки шаби гирифтани моҳ аз ҳамин модар таваллуд шудааст, кӯдаке, ки аз муҳаббат ба дигар шахс таваллуд шудааст, онро мехостам бозӣ кунам. Ва ман ин нақшро ростӣ хеле самимӣ бозӣ мекардам. Худи образи кӯдак образи фалсафӣ буд, ки одамро ба андеша мебурд. Модар сахтгир буд ва ман ҳамин сахтгирии модарро дониста, ҳамин хел омада-омада худамро ба бағалашон мепартофтам.  Яъне, эркагӣ мекардам. Ва ин хоси ҳамаи занҳост, ки бо меҳрубонӣ сари кӯдакро дастмол мекунанд. Ман низ ҳамин гуна лаҳзаҳоро бозӣ мекардам. Ин кӯдак худаш аслан гуноҳ надорад, вале бо гуноҳи калонсолон ин гуна девона ба дунё омадааст. Ва мегуфт, “охир маро зоданд, маро зоданд. Аз ман напурсида маро зодаанд. Ҳамин хел аст ё не? Аз ман напурсида маро зоданд. Ман чӣ гуноҳ дорам? Хатои шумо аст, бузургон”. Ва ин хел хатоҳо дар ҳамаи давру замонҳо буд ва ҳасту мемонад. Инсон бояд пеш аз он ки ҳар кореро мекунад, бояд бияндешад ва дар саҳна ман ҳамон кӯдаке будам, ки ғайри  хоҳиши ман гуноҳи онҳо маро ба дунё овардааст, вале ман ҳамин модарамро дӯст медорам. Ва ин девона ногаҳон ҳисс мекунад, ки агар рафту ин модари ман аз олам равад, пас ман дигар ба кӣ даркорам? Ва ман ҳам бо ҷону дил ин нақшро бозӣ мекардам. Дар нақш ман оҳиста-оҳиста омада худамро ба бағалашон ҳаво медодам. Маро меқапиданду гиря мекарданд. Яъне ки манам ҳамчун шарики саҳна, ҳамчн ҳамкор ба ишон илҳом мебахшидам, руҳан аз ин шод мешуданд.

Ва дар як маврид аз хурсандие, ки об аз чашмонашон мерехт гуфтанд: Убайдуллоҳҷон, ҳамон лаҳзаяке, ки дастамро фарзандвор мегирию ба сарат мегузорӣ, шуки аҳли толор мегирад ва ба андешаҳои зиндагӣ меравад. Хушам меояд аз ин амалакат, офарин Убайдуллоҳҷон!

Ва маро дар воқеъ фарзандвор дӯст медоштанд, ман ҳам хеле эҳтиромашон мекардам. Чун бонуи хеле дӯстдоштанӣ ҳам буданд, ҳунарманди асил ва инсони шариф. Ва дар саҳна воқеъан ин нақшро хуб ҳам бозидаанд. Девонаи ман мисли кӯдаки уболаке буд, ки дар фазои андешаҳош пар мезад, фантазияҳои бойю рангин дошт, ки бо гуфтани онҳо ва имову ишора ва ҳаракатҳояш аҳли толорро ба ваҷд меовард. Мекӯшидам ин девонаро то ҳадде ошно ба хулқи инсонӣ офарам, яъне девонае, ки миёни оқиливу девонагӣ умр ба сар мебарад. Ман дар саҳна дӯст намедорам, ки дурӯғ гӯям. Боре дар як вохӯрӣ гуфтам, ки актёре ҳаст, ки сухани муалифро ҳамин тавре гӯяд, ки тамошобин фаромӯш кунад, ки он сухани муалиф аст. Бояд як тавре бозид, ки тамошобин пай набарад, ки инро режесёр гуфтааст, коргардон ҳидоят кардааст, ки ин гуна гарду он гуна нагард. Он вақт ӯ ба ту бовар мекунад. Ту гиря кардан мехоҳӣ, гиря накун, бигзор тамошобин гиряд. Он актёр актёри ҳақиқист, ки ту механдӣ, аммо тамошобин мегиряд. 

ГУФТАНИҲОЕ ДОРАМ, КИ БОЯД НАВИСАМ

- Тӯли ин солҳо бо ҳунармандони хеле зиёде ҳамкорӣ доштед, устодонатон, ки ҳоло дар ин суҳбат ёд кардед, инсонҳои ҳунарманд ва шариф буданд. Ва аксари онҳо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Оё нияте надоред, ки дар бораи онҳо хотироти худро нависед, чун гумон мекунам хотираи Шумо дар бораи он бузургон хеле шуниданисту хонданист ва барои ҳаводорони санъат ҳам хеле муҳим аст.

- Шахсе мегӯяд корам зиёд асту вақти ин гуна корҳо надорам, аз танбалӣ чунин мегӯяд. Вале дар мавриди худам мегӯям, ки воқеъан ҳам дилам мехоҳад ин корро кунам, аммо ҳоло фурсаташро наёфтаам.  

Аммо гумон мекунам лаҳзаҳои каме бекорӣ фаро расаду сари миз нишинам, он хотираҳо мисли калобаи кампир сарам омадан мегиранд.  Яъне, нӯги калоба пайдост. Саломат бошем дар бораи устодан бояд хуб гӯяму нависам. Дар бораи  Ефим Исаеви Мителман хеле ҳарфҳои гуфтанӣ дорам, хотираҳои хубе дорам, ки бояд ба дигарон гӯям. Дар бораи Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Алиназар Хоҷаев, Бурҳон Раҷабов, Саидмурод Мардонов, Ҳошим Гадоев ва бисёре аз касоне, ки ҳамкор будему аз бисёри онҳо омӯхтаам ва бо бисёре ҳамнишину ҳамкор будем ва ҳастем. Яъне, гуфтаниҳое дорам, ки бояд нависам.

- Аз фарзандони Убайдуллоҳи Раҷаб кадоме касби падарро пайгирӣ мекунад?

- Ман чор фарзанд дорам.Се писару як духтар. Духтарам дар китобхона кор мекунанд, фарзанди калониам дар соҳаи савдо, фарзанди сеюмам Шаҳзод бо кори театр ва телевизион ҷалб шудааст ва гумонам ҳамин Шаҳзод касби маро оянда идома медиҳад. Ва писари чорумам дипломат аст.
Сӯҳбати Бобоҷони Шафеъ