Моҳи январи соли 2020

Моҳи  январи соли 2020

1-уми январ

90-солагии зодрӯзи Рафаэл Айрапетянс (1930-1997), мутриб, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

  90-солагии зодрӯзи Асрор Аминҷонов (1930-1989), рассом.

  60-солагии зодрӯзи Ҷонибек Асрориён (1960), муаррих, фарҳангшинос.

  90-солагии зодрӯзи Умар Валиев (1930-1984), журналист.

  80-солагии зодрӯзи Нурулло Дайхудоев (1940), журналист.

  50-солагии зодрӯзи Дилрабои Аъзам (1970), журналист.

  80-солагии зодрӯзи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ (1940-2009), шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Владимир Королев (1955), файласуф.

90-солагии зодрӯзи Лақай Қармишев (1930-2004), арбоби давлатӣ.

100-солагии зодрӯзи Шамсӣ Қиёмов (1920-2000), драматург, коргардон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Муҳаммадшо Қӯқаниев (1960-2012), доктори илми химия, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Мансур Маҳмудов (1940), забоншинос.

100-солагии зодрӯзи Ғулом Муллоев (1920-2000), журналист.

75-солагии зодрӯзи Биҷамила Норқузиева (1945), олимаи соҳаи иқтисод.

80-солагии зодрӯзи Садриддин Нурзода (1940), адабиётшинос, профессор.

70-солагии зодрӯзи Мулло Одиназода (1950-2004), шоир.

70-солагии зодрӯзи Файзалӣ Раҳимов (1950), олими соҳаи техника.

65-солагии зодрӯзи Ҳаким Раҳимов (1955), олими соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Розия Сайфуллоева (1950), журналист. 

50-солагии зодрӯзи Бобоҷон Самиев (1970), доктори илми фалсафа, профессор.

135-солагии зодрӯзи Баҳром Сирус (1885-1981), доктори илми филологӣ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон. 

60-солагии зодрӯзи Умархоҷа Сафаров (1960), доктори илми филологӣ, профессор.

90-солагии зодрӯзи Неъматулло Тиллоев (1930), сароянда, мутриб.

75-солагии зодрӯзи Қурбон Ҳакимов (1945), олими соҳаи физика.

65-солагии зодрӯзи Гулсифат Шаҳидӣ (1955), адабиётшинос, журналист.

90-солагии зодрӯзи Эргаш Ямоқов (1930-2004), олими соҳаи иқтисод, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Соли нави масеҳӣ.

2-юми январ

80-солагии зодрӯзи Сталина Азаматова (1940), актрисаи балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Алӣ Барот (1950), журналист.

75-солагии зодрӯзи Зикриёи Дилшод (1945), шоир.

100-солагии зодрӯзи Насриддин Исломов (1920-1994), арбоби фарҳангӣ, драматург.

90-солагии зодрӯзи Мӯътабар Иброҳимова (1930-2002), актрисаи театр, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Мақсатулло Исмоилов (1960), доктори илми биологӣ, профессор.

110-солагии зодрӯзи Григорий Колтунов (1910-1992), кинорежиссёр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Худоёр Қараев (1955), олими соҳаи математика.

75-солагии зодрӯзи Сайфулло Маҳкамов (1945), журналист.

175-солагии зодрӯзи Василий Ошанин (1845-1917), энтомолог, зоогеографи рус, муҳаққиқи олами паррандагони Осиёи Миёна.

70-солагии зодрӯзи Халифабобо Ҳамидов (1950-2013), олими соҳаи ҳуқуқ, арбоби давлатӣ.

80-солагии зодрӯзи Январ Шукуров (1940), олими соҳаи физика.

95-солагии таъсиси (1925) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

3-юми январ

120-солагии зодрӯзи Василий Абаев (1900), шарқшиноси осетин, муҳаққиқи забонҳои эронӣ.

75-солагии зодрӯзи Валентина Абдусамадова (1945-1996), арбобзани давлатӣ.

75-солагии зодрӯзи Сангин Алиев (1945), олими соҳаи физика.

90-солагии зодрӯзи Гулсун Баракаева (1930-1976), забоншинос (англисӣ).

70-солагии зодрӯзи Куканшо Гулзода (1950), шоир.

75-солагии зодрӯзи Эсанбой Исҳоқов (1945), олими соҳаи физика.

95-солагии зодрӯзи Хайрӣ Умарова (1925), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

60-солагии зодрӯзи Абдурашид Ҷалолов (1960-2000), адабиётшинос.

110-солагии зодрӯзи Салим Шарифов (1910-1993), арбоби давлатӣ.

4-уми январ

60-солагии зодрӯзи Абдуфаттоҳи Воҳид (1960), журналист.

65-солагии зодрӯзи Маҳингул Назаршоева (1955), актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

95-солагии зодрӯзи Фозил Одилов (1925-2006), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Зарифбой Ҳомидов (1945-1990), олими соҳаи химия.

95-солагии таъсиси (1925), Комиссариати халқии тандурустии Тоҷикистон (аз соли 1946 Вазорати тандурустии Тоҷикистон).

Ҷашни Сирсур – иди хуҷастаи ниёгон.

5-уми январ

70-солагии зодрӯзи Олимҷон Бобоев (1950), доктори илми иқтисод, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

85-солагии зодрӯзи Камол Бузуруков (1935), наворбардори кино.

85-солагии зодрӯзи Асад Гулзода (1935), шоир.

75-солагии зодрӯзи Корвоной Иброҳимова (1945), файласуф.

80-солагии зодрӯзи Саидмурод Мардонов (1940), актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

90-солагии зодрӯзи Асомиддин Насриддинов (1930-1998), адабиётшинос.

80-солагии зодрӯзи Ҷӯрабой Почоев (1940), журналист.

65-солагии зодрӯзи Абдуфаттоҳ Раҳимов (1955), олими соҳаи педагогика.

95-солагии зодрӯзи Хайрулло Раҳимов (1925-2010), олими соҳаи педагогика, профессор, нависанда.

90-солагии зодрӯзи Нина Тичинина (1930), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

6-уми январ

75-солагии зодрӯзи Раҳматҷон Охунов (1945-2012), доктори илми химия, профессор.

90-солагии зодрӯзи Рюрик Нагорочник (1930), коргардони театр.

80-солагии зодрӯзи Лариса Трубникова (1940), доктори илми тиб, профессор.

75-солагии зодрӯзи Алиқул Утаганов (1945), олими соҳаи география.

85-солагии зодрӯзи Фотима Шарифова (1935), арбобзани ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Ҷашни Говгил – иди хуҷастаи ниёгон.

7-уми январ

90-солагии зодрӯзи Иршод Алиев (1930-2014), доктори илми биологӣ.

60-солагии зодрӯзи Маъруф Қобилов (1960), олими соҳаи математика.

70-солагии зодрӯзи Муқаддас Набиева (1950-1979), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

8-уми январ

105-солагии зодрӯзи Аслӣ Бурҳонов (1915-1997), актёри театру кино, Артисти халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

95-солагии зодрӯзи Михаил Жгутов (1925-1995), арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

120-солагии зодрӯзи Бобо Турдибоев (1900-1971), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

60-солагии зодрӯзи Абдураҳим Муталзоди Фархорӣ (1960), шоир.

80-солагии таъсиси (1940), Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.

9-уми январ

75-солагии зодрӯзи Комил Бекзода (1945), файласуф.

95-солагии зодрӯзи Зинаида Ворожейкина (1925), доктори илми филологӣ.

170-солагии зодрӯзи Карл Залеман (1850-1916), шарқшиноси рус, муҳаққиқи забонҳои қадимаи эронӣ.

145-солагии зодрӯзи Артур Кристенсен (1885-1939), шарқшиноси даниягӣ, муҳаққиқи адабиёти классики форс-тоҷик.

95-солагии таъсиси (1925), Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд.

10-уми январ

90-солагии зодрӯзи Нусратулло Абдулҳақов (1930-2004), арбоби давлатӣ, генерал-майор.

70-солагии зодрӯзи Абдураҳмон Азимов (1950), арбоби низомӣ, генерал-лейтенант.

70-солагии зодрӯзи Атобек Амирбеков (1950), олими соҳаи педагогика.

80-солагии зодрӯзи Тошпӯлод Аҳмадов (1940), олими соҳаи педагогика.

60-солагии зодрӯзи Рӯзмат Бердиев (1960), доктори илми иқтисод, профессор.

90-солагии зодрӯзи Назаршо Бозидов (1930-1992), забоншинос.

85-солагии зодрӯзи Облоқул Бозоров (1935-2006), олими соҳаи педагогика.

80-солагии зодрӯзи Бойназар Бойназаров (1940), муаррих, санъатшинос.

110-солагии зодрӯзи Сергей Захаров (1910-1987), доктори илмҳои геология ва минералогия, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

60-солагии зодрӯзи Лола Маҳмудова (1960), олимаи соҳаи тиб.

90-солагии зодрӯзи Борис Наматиев (1930-2016), актёри театр, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Бахтиёр Охунов (1955), олими соҳаи кишоварзӣ.

65-солагии зодрӯзи Абдушукур Раҷабзод (1955), биолог, профессор.

70-солагии зодрӯзи Толиби Розӣ (Шарифов) (1950), адабиётшинос.   80-солагии зодрӯзи Гавҳар Тоҷибоева (1940), актрисаи театр.

65-солагии зодрӯзи Фархунда (Саъдуллоева Ҳаитгул) (1955), шоира.

100-солагии зодрӯзи Ричард Фрайд (1920-2014), шарқшиноси амрикоӣ, муҳаққиқи таърихи халқҳои эронинажод.

75-солагии зодрӯзи Ҳизбулло Хоҷаев (1945 ), арбоби давлатӣ.

Рӯзи кормандони маѕомоти назорати давлатии молиявҳ ва мубориза бо коррупсия.

11-уми январ

130-солагии зодрӯзи Надежда Бутовская (1890-1969), Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Валентина Ветрова (1945), олимаи соҳаи психология.

70-солагии зодрӯзи Саидмирзо Нарзиев (1950), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Зулфинисо Раҷабова (1950), олимаи соҳаи биология.

75-солагии зодрӯзи Малика Ҷӯрабекова (1945), актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

12-уми январ

70-солагии зодрӯзи Ғафурҷон Додобоев (1950), олими соҳаи физика.

105-солагии зодрӯзи Иван Крумлин (1915-1998), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

60-солагии зодрӯзи Зулфиддин Мӯъминҷонов (1960), журналист, муҳаққиқ.

65-солагии зодрӯзи Меҳриниссо Умарова (1955), киношинос.

65-солагии ба истифода додани (1955) Варзишгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Фрунзе.

13-уми январ

105-солагии зодрӯзи Хоҷархон Атобоева (1915-1996), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

115-солагии зодрӯзи Юрий Гулкевич (1905-1979), доктори илми тиб, профессор.

50-солагии зодрӯзи Гулчеҳраи Наим (1970), шоира.

105-солагии зодрӯзи Солеҳҷон Қазоқов (1915-1993), олими соҳаи иқтисод.

60-солагии зодрӯзи Фаррух Хоҷаев (1960), рассом.

65-солагии зодрӯзи Анвари Ҳусайн (1955), шоир.

14-уми январ

70-солагии зодрӯзи Муҳаммадҷон Умаров (1950-2017), мутарҷим (арабӣ).

65-солагии зодрӯзи Наим Ҳакимов (1955-2016), санъатшинос, профессор.

165-солагии зодрӯзи Бронислав Громбчевский (1855-1926), этнографи лаҳистонӣ, муҳаққиқи анъанаҳои мардуми тоҷик.

15-уми январ

90-солагии зодрӯзи Абдуллоҷон Абдураҳмонов (1930-1978), олими соҳаи кишоварзӣ.

80-солагии зодрӯзи Қурбон Алиев (1940), доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

65-солагии зодрӯзи Абдулҳақ Аҳатов (1955), олими соҳаи тиб.

60-солагии зодрӯзи Ҳафиз Мирзо (1960), журналист.

70-солагии зодрӯзи Зайниддин Муҳиддинов (1950-1995), арбоби ҷамъиятӣ, журналист.

80-солагии зодрӯзи Файзалӣ Наҷмонов (1940-1993), адабиётшинос.

90-солагии зодрӯзи Азалшо Олимов (1930-1999), варзишгар, чемпиони СССР оид ба самбо (1955).

85-солагии зодрӯзи Киром Остонзода (1935-2013), шоир, адабиётшинос.

70-солагии зодрӯзи Нурмуҳаммад Пӯлодзода (1950), нависанда.

80-солагии зодрӯзи Низом Султонов (1940), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

90-солагии зодрӯзи Субҳон Тӯйғун (1930), шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Раҷабмох Файзалиева (1960), журналист.

70-солагии зодрӯзи Ҳайдар Ҷӯраев (1950), журналист.

Рӯзи Викопедия (Донишномаи ҷаҳонӣ).

16-уми январ

70-солагии зодрӯзи Шодӣ Акрамов (1950), олими соҳаи иқтисод.

115-солагии зодрӯзи Меҳриддин Амдинов (1905-1939), арбоби давлатӣ.

65-солагии зодрӯзи Абдусаттори Раҳмон (1955), шоир.

17-уми январ

75-солагии зодрӯзи Тағоймурод Аскаров (1945), олими соҳаи тиб.

70-солагии зодрӯзи Гуландом Аюбҷонова (1950), раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Матлубхон Давлатов (1950), арбоби давлатӣ, олими соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Умарҷон Тоиров (1950), доктори илми тиб, профессор.

18-уми январ

110-солагии зодрӯзи Сабоҳатхон Абдуллоева (1910-1969), журналист, яке аз поягузорони матбуоти тоҷик.

70-солагии зодрӯзи Мавлуда Кенҷаева (1950-2015), журналист.

90-солагии зодрӯзи Александр Лавросевич (1930-1997), доктори илмҳои геология ва минералогия.

120-солагии зодрӯзи Борис Лототский (1900-1957), доктори илми биологӣ.

60-солагии зодрӯзи Анатолий Старостин (1960), варзишгар, чемпиони олимпӣ, чемпиони чандкаратаи ҷаҳон оид ба намуди панҷҳарба.

90-солагии зодрӯзи Абдушукур Ӯлмасов (1930-1990), олими соҳаи тиб.

90-солагии таъсиси (1930) Техникуми зооветеринарии Тоҷикистон (аз соли 1961 Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии ҷумҳурӣ).

19-уми январ

60-солагии зодрӯзи Алимурод Абдураҳимов (1960), олими соҳаи математика.

50-солагии зодрӯзи Абдунаим Бердишукуров (1970), файласуф.

95-солагии зодрӯзи Булбули Валӣ (1925), шоир.

80-солагии зодрӯзи Мирабдулло Насриддинов (1940), олими соҳаи физика, профессор.

110-солагии зодрӯзи Абдулҳақ Усмонов (1910-1942), актёри театр, драматург.

75-солагии зодрӯзи Вера Эстрина (1945), доктори илми филологӣ, профессор.

85-солагии таъсиси (1935), ноҳияи Турсунзода (то соли 1979 ноҳияи Регар).

20-уми январ

60-солагии зодрӯзи Воҷиди Аштӣ (1960), шоир.

80-солагии зодрӯзи Ҷамол Камолиддинов (1940), олими соҳаи математика.

80-солагии зодрӯзи Саидҷаъфар Қодирӣ (1940), олими соҳаи физика.

100-солагии зодрӯзи Николай Леонов (1920-2007), рассом, кинооператор.

70-солагии зодрӯзи Раҳматшо Маҳмадшоев (1950), доктори илми таърих.

105-солагии зодрӯзи Фазл Набӣ (1915-2009), шоир.

70-солагии зодрӯзи Бахтиёр Расулов (1950), доктори илми биологӣ.

80-солагии зодрӯзи Раҳим Саидов (1940-2010), доктори илми филологӣ, профессор.

75-солагии зодрӯзи Абдурашид Самадов (1945), адабиётшинос.

70-солагии зодрӯзи Облобердӣ Шодиев (1950), журналист.

75-солагии ба кор даромадани (1945) фабрикаи тамокуи шаҳри Душанбе.

21-уми январ

75-солагии зодрӯзи Тағоймурод Гулов (1945-2013), доктори илми кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Комилҷон Ғаниев (1950), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

95-солагии зодрӯзи Аза Каримова (1925-2000), доктори илми филологӣ.

65-солагии зодрӯзи Имомёрбек Қаландарбеков (1955), доктори илми техникӣ, профессор.

70 солагии зодрӯзи Татяна Саидова (1950), файласуф.

75-солагии зодрӯзи Шоиста Шоимардонова (1945), забоншинос (англисӣ).

85 солагии зодрӯзи Исроил Юсуфӣ (1935-2006), шоир.

22-юми январ

105-солагии зодрӯзи Кароматхон Зокирова (1915-1965), актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

100-солагии зодрӯзи Ҷалолиддин Муҳаммадов (1920-1990), арбоби ҳизбию хоҷагӣ.

75-солагии зодрӯзи Шавкия Почоҷонова (1945), доктори илми тиб, профессор.

75-солагии зодрӯзи Любов Содиқова (1945), олимаи соҳаи психология.

Рӯзи гумрукчиёни тоҷик

23-юми январ

105-солагии зодрӯзи Белла Монастирская (1915-1979), доктори илми тиб, профессор.

60-солагии зодрӯзи Ҷӯрабой Собиров (1960), олими соҳаи физика.

75-солагии зодрӯзи Хосият Улуғхоҷаева (1945), доктори илми иқтисод, профессор.

90-солагии зодрӯзи Юрий Шербаков (1930), генерал-лейтенанти адлия.

Ҷашни Баҳмангон – иди хуҷастаи ниёгон.

24-уми январ

90-солагии зодрӯзи Яъқуб Ғолибов (1930-1976), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

100-солагии зодрӯзи Зоя Козлова (1920-1994), олимаи соҳаи кишоварзӣ.

125-солагии зодрӯзи Виталий Коретский (1895-1973), доктори илми ҳуқуқ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

100-солагии зодрӯзи Раҳматулло Раҳмонов (1920-2002), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

50-солагии зодрӯзи Зӯҳро Сафарзода (1970), журналист.

25-уми январ

95-солагии зодрӯзи Аркадий Иванов (1925), генерал-майор.

70-солагии зодрӯзи Ҳайдар Каримов (1950), доктори илми фалсафа.

70-солагии зодрӯзи Мавлуда Муҳаммадқулова (1950), олимаи соҳаи химия.

60-солагии зодрӯзи Ҷумъабой Толибов (1960-2011), журналист.

80-солагии зодрӯзи Каримҷон Усмонов (1940), забоншинос.

85-солагии зодрӯзи Саид Шарифӣ (1935), шоир.

60-солагии зодрӯзи Пайшанбе Шоҳзода (1960), журналист.

65-солагии таъсиси (1955) ҷамъияти варзишии «Локомотив».

Рӯзи кормандони ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

26-уми январ

105-солагии зодрӯзи Гурез Абдураҳмонов (1915-1974), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

85-солагии зодрӯзи Наримон Бақозода (1935-2009), шоир.

60-солагии зодрӯзи Одили Икром (1960), шоири узбекзабони Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Саъдулло Неъматов (1950), доктори илми педагогӣ, профессор.

90-солагии зодрӯзи Сайдулло Ҷӯраев (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.

90–солагии ба кор даромадани (1930), Корхонаи хишти ш. Душанбе.

Рӯзи байналмилалии гумрук.

27-уми январ

80-солагии зодрӯзи Евгения Зелнеер (1940), олимаи соҳаи иқтисод.

90-солагии зодрӯзи Равил Жарков (1930), олими соҳаи кишоварзӣ.

80-солагии зодрӯзи Пётр Лучинский (1940), арбоби ҳизбӣ (1986-1989 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).

70-солагии зодрӯзи Ғаффоралӣ Сафар (1950), адиб.

80-солагии зодрӯзи Сорбон (1940), Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

28-уми январ

90-солагии зодрӯзи Тоҷиддин Имомалиев (1930-1998), нақбкан, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

75-солагии зодрӯзи Ҳусейн Насруллоев (1945), олими соҳаи иқтисод.

75-солагии зодрӯзи Бронислав Тсой (1945), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

75-солагии зодрӯзи Сайфиддин Тӯраев (1945), арбоби давлатӣ.

85-солагии зодрӯзи Паринамо Ҷумъаева (1935-2003), арбобзани ҳизбию ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

29-уми январ

105-солагии зодрӯзи Иван Гришин (1915-1989), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Музаффар Ғаниев (1940-1996), коргардони ТВ, ширинкор.

65-солагии зодрӯзи Зебуниссо Рустамова (1955), варзишгар, чемпионкаи ҷаҳон оид ба камонкашӣ (1975).

30-юми январ

65-солагии зодрӯзи Сафар Абдулло (1955), адабиётшинос, профессор.

75-солагии зодрӯзи Усмонҷон Ғаффоров (1945), муаррих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Абдухолиқ Набиев (1940), олими соҳаи педагогика.

60-солагии зодрӯзи Павел Турсунов (1960), оҳангсоз.

65-солагии зодрӯзи Марат Юмагулов (1955), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

Иди Сада – Ҷашни хуҷастаи ниёгон.

31-уми январ

85-солагии зодрӯзи Масъуд Анваров (1935), олими соҳаи иқтисод.

70-солагии зодрӯзи Шариф Муҳаммадёр (1950), шоир.

85-солагии зодрӯзи Борис Пшеничний (1935-1997), нависанда, журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

100-солагии зодрӯзи Абдураззоқ Турсунов (1920-1998), доктори илми таърих, профессор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

85-солагии зодрӯзи Ҷаббор Ҷалилов (1935-1990), олими соҳаи ҳуқуқ.