«Нақши матбуоти даврӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

  Ба муносибати  солгарди навабтии «Рӯзи матбуоти тоҷик», ки ба  нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» рост меояд, бо ташаббуси Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - оммавӣ зери унвони «Нақши матбуоти даврӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузор гардид.

 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода дар ин чорабинӣ изҳор дошт, ки матбуот сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифгари миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо боиси болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад. Ба андешаи директори Китобхонаи миллӣ матбуоти тоҷик аз оғози фаъолияташ то ба имрӯз барои пешравии ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳо ва таҳким бахшидани давлатдорию  пешравии кишварамон нақши босазо бозидааст. Дар ин росто, нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдодҳо, мавзӯҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле  назаррас аст. Дар замони Истиқлолият теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии кишвар, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд. Ба иттилоъи  профессор Ҷумахон Файзализода, айни замон ҳар ҳафта барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзмарраи хонандагон ба Китобхонаи миллӣ номгӯи зиёди рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашр, аз ҷумла 39 номгӯи рӯзномаҳо бо нусхаҳои обунавӣ ва 29 номгӯи рӯзномаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 24 номгӯи маҷаллаҳо бо нусхаҳои обунавӣ ва 22 номгӯи маҷаллаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забони тоҷикӣ,1 номгӯи маҷалла бо нусхаи ҳатмӣ ба забони русӣ аз дохили кишвар, 2 номгӯи рӯзномаҳо бо нусхаҳои обунавӣ ва 25 номгӯи маҷаллаҳо бо нусхаҳои обунавӣ аз хориҷи кишвар қабул гардида, бо рақамгузории махсуси библиографӣ ба фонди умумии Шуъбаи матбуоти даврӣ ворид карда мешавад.  Вазифаи асосии Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифӣ кардану пешкаши хонанда намудани нашрияҳо, ганҷинаҳои матбуоти миллат аст ва ҳамарӯза дар хизмати хонадагон қарор дорад.

 Бояд гуфт дар ҳамоиши илмӣ – оммавӣ муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон, муамуаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода дар мавзӯи«Марҳилаҳои рушд ва вазъи имрӯзаи матбуоти даврии тоҷик», номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ Ҷамолиддин Ёқубов дар мавзӯи «Нақши нашрияҳои экологӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа», муовини сардори хадамоти матбуоти Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тлоҷикистон  Муҳаммадиқбол Атоев дар мавзӯи ”Бухорои шариф” мудофеи ормонҳои миллӣ», таърихшинос, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Бахтовар Темирзода дар мавзӯи “Мирзо Муҳиддин Мансуров ва таъсиси рӯзномаи “Бухорои шариф”, мутахасиси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ  Бунафша Абдуллозода дар мавзӯи «Нақши матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ» маърӯза ва муҳокимаронӣ  намуданд.

  Ёдовар мешавем, ки ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегадид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.

  Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон  С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд. Дар саҳифаҳои нахустин нашрияҳои миллат-«Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», «Самарқанд», «Ойина» ва ғайра зиндагиномаи халқи тоҷик инъикос ёфтааст. Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар садҳо рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар огаҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Абдураҳими АБДУҚАХХОР

АМИТ “Ховар”

Барчаспҳо: