Директор Файзализода Ҷумахон Хол

 Аз 04.02.2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Файзализода Ҷумахон Хол, 14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики (собиқ ноҳияи Совет) вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Солҳои 1970-1980 дар мактаби миёнаи №8, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1982 аз бригадаи чорвопарварии совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз шудааст. 

Солҳои 1982-1984 хизмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1985 то соли 1986 дар бригадаи №3 совхози боғпарварии ба номи Исмат Шарипови  ноҳияи Темурмалик  ба сифати коргар ва аз соли 1986 то соли 1987 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи комсомолии ҳуқуқи райкомдоштаи совхози Кангурт адои вазифа намуд.   

 Фаъолияти омўзгориаш солҳои донишҷўӣ, (аз соли 1990) дар мактаби миёнаи № 62 шаҳри Душанбе оғоз шудааст.

Солҳои 1992-2000 ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷўраев, солҳои 1995-1998 аспиранти ҳамин донишгоҳ буд.

  Солҳои 2000-2003 вазифаи муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи  Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷўраевро ба уҳда дошт.

Моҳи марти соли 2006 дар мавзўи «Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил» рисолаи номзадиашро дифоъ намуд.

Солҳои 2007-2008  вазифаи декани факултети таърихи  Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба уҳда дошт.

Солҳои 2008-2009  сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ҳамин донишкада буд.

Солҳои 2011-2013 вазифаи пурмасъулияти муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ба дўш дошт.

Солҳои 2013-2014 ба ҳайси ходими калони илмии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намуд.

Соли 2014 Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2015 дар ҳамин вазифа кор кард.

Соли 2015 дар мавзўи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзишҳои он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Аз соли 2015 то соли 2017 (пас аз тағйироти сохторӣ дар донишкада, ки раёсати таълим ба шуъбаи таълим табдил ёфт) сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, дар раванди ҷорӣ гардидани низоми кредитӣ дар  донишкадаи мазкур саҳм гузошт.

Аз апрели соли 2017 то 04.02.2020 ба сифати муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард.

Муаллифи беш аз 75 асари илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ мебошад.

Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф  бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 3 писару 1 духтар мебошад.

Барчаспҳо: