Раҷабова Салима Советовна - ҷонишини Директор

Раҷабова Салима Советовна 10-уми майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст. Соҳиби ду маълумоти олӣ аст. Соли 1991 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси библиографи  адабиёти ҷамъиятию сиёсӣ ва соли 1995 Донигоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. 
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1988 оғоз шудааст. Муддати ду соли аввал Котиби кумитаи комсомолии техникуми сохтмони шаҳри Душанбе будааст. 
Солҳои 1990-1996 дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанбе китобдор буд. 
Аз соли 1996 муддати даҳ сол менеҷери Хонаи маишии “Садбарг”, се соли дигар сармутахассиси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд. 
Аз моҳи июни соли 2012 ба кори китобдорӣ гузашт ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мутахассиси пешбари шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ ва баъдан  Сардори шуъбаи нигаҳдории рисолаҳои илмӣ таъин гардид. 
Моҳи майи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ таъин шуд.