Маҳмудов Гадобек Буриевич

Маҳмудов Гадобек Буриевич 1-уми майи соли 1960 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. 
Соли 1978 ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм кардааст. 
Фаъолияти меҳнатиашро баъди анҷоми мактаби олӣ аз китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ шуруъ карда, аз соли 1983 аввал омӯзгор ва баъдан омӯзгори калон, сипас мудири кафедраи  библиографшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буд.
Аз солҳои 2013 то 2015 дар вазифаи декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст.
Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва библиографӣ,  инчунин муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» мебошад.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моҳи майи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардид.