Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо фармони Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон №409 аз 06.08.2012 тасдиқ гардидааст. 
Шуъбаи мазкур фаъолияти худро дар асоси Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қарору супоришхои Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ менамояд. Шуъба тибқи воҳиди корӣ аз 5 нафар корманд иборат мебошад.
Фаъолияти шуъбаи робитахои байналмилалӣ – яке аз самтҳои асосии кори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштани мақом, нуфуз ва мустаҳкам кардани хамкории фаъолияти китобдории муосири ҷаҳонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, равона карда шудааст:
- омўзиш ва таҳлили рушди ояндаи соҳаи китобдорӣ аз дигар китобхонаҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон;
- омўзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи фаъолияти китобдории китобхона;
- иштирок дар семинарҳо ва конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ барои рушди ояндаи фаъолияти китобдорӣ.

Шуъба мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда фаъолият намуда, бо тартиби муқарраргардида Китобхонаро дар давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин шуъба фаъолияти байналмилалии шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ҳамоҳанг сохта, масъалахои барқарор намудани робитаҳои онҳоро бо муассисаҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар бахшҳои таҳсилот, бозомўзӣ ва такмили ихтисос, ҳаллу фасл менамояд. 
Шуъба тарғиби фондҳои Китобхонаро тавассути шаклҳои гуногуни корҳои иттилоотӣ дар байни муштариён ба роҳ мемонад ва фаъолияти муассисаро бо китобхонаҳои мамлакатҳои мамлакатҳои хориҷ ҳамоҳанг месозад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо якчанд китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, бо китобхонаҳои миллии Беларус, Санкт-Петербург, Русия, Чин, Корея, Покистон, бо Китобхонаи БУЛАК дар Порис, бо Донишгоҳи Панҷоби Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ғайра. 

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии КМТ:
Бобохонов Фатҳулло Абдулаҳадович
Тел: 221-05-96 
E- mail: mudassir84@mail.ru

Робитаҳои байналмилалии Китобхона дар нимсолаи аввали соли 2015
Шуъбаи Робитаҳои байналмилалии Китобхона зарфи 9 моҳи соли 2015