Шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ

Ин шуъба моҳи апрели соли 2012 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он ҷамъ овардани воситаҳои муосири технологияи иттилоотии арзишманд барои равандҳои китобдорӣ аст. 
 Шўъба ҳамчунин ба иттилоъ¬расонии муштариёни Китобхона машғул буда, барномаҳои иттилоотии амалкунандаро таъмин менамояд ва истифодаба¬ран-дагонро аз маркази маводҳои электронӣ ба шабакаи ИНТЕРНЕТ мепайвандад. 
Таъмини ғунҷои¬ши оқилонаи нигоҳдорӣ ва идораи маркази ҳисоббарорӣ ва ма¬ҳалли иттилоот, ташкилу такмили дониши компютерии корман¬до¬ни Китобхона ва ҷалби онҳо ба истифо¬даи барномаи «ALIPH» ва дигар системаҳои иттилоотии амалкунанда, густариши ҳамкорӣ бо Китобхона ва дигар муассисаҳои илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи ҷадиди иттилоотӣ аз самтҳои дигари фаоълияти шўъба маҳсуб мегарданд. 

Вазифаҳои шўъба инҳо иборатанд:

    бартараф намудани норасоиҳо дар кор ва васли нави «ALЕPH» бо системаи амалиёт;
•    созмондиҳии сайти хусусии КМТ ва мукам¬малгардонии он бо маводи тозаи электронӣ; 
•    такмил, нигоҳдорӣ ва идо¬раи иттилоот;
•    ташкили бойгонии маркази маълумоти электронии КМТ; 
•    таъмини почтаи электронии хусусии амалкунанда;
•    бунёд ва ташкил намудани китобхонаи электронии КМТ;
•    омада намудани лоиҳаҳо ва барномаҳо оиди автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии КМТ;
•    расондани ёрии амалию методӣ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаи татбиқ ва истифодаи CAИK (системаи автоматикунонии иттило-отии китобдорӣ) «ALЕPH»; 
•    иштирок дар бунёди маҷмўи бонкҳои иттилоотии кишвар;
•    ташкили хизматрасониҳо (аз ҷумла хизматрасонии пулакӣ) барои му-штариёни КМТ ва ғайра.

Мудири шуъба: Саидов Зафар 
  Тел: +992372210620
Email: info@kmt.tj

Шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Нуҳ моҳи Шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ