Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо

Шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо 6-уми агусти соли 2012 таъсис ёфт.
 Шуъбаи мазкур фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қарору супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба  инҳоянд:

•    баланд бардоштани самти беҳдошти хазинаи Китобхона;
•    беҳтар намудани корҳои таъмиру тармими ҳуҷҷатҳои Китобхона;
•    ҳамкорӣ дар ин самт бо китобхонаҳои ИДМ ва дигар китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ;
•    ташкили курсҳо барои таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо.
          Қонеъгардонии талаботи КМТ оид ба корҳои таъмиру тармими хазинаҳо, расонидани ёрии амалию методӣ ба шуъбаҳои КМТ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ,  ҳамоҳангсозии  корҳои таъмиру тармими марказҳои ҷумҳуриявӣ, тартиб додани нақшаи кори солонаю дурнамо ва ҳисоботи иҷрои он, омўзиши таҷрибаи пешқадами ҳамтоён ва ҷорӣ намудани он дар фаъолияти худ, баланд бардоштани дониши касбии кормандон ва иштироки онҳо дар семинару конфронсҳои китобдорону ноширон ва дигар масоили марбута аз вазифаи шуъба маҳсуб меёбанд.
Сардори шуъба: Баротов Тавфиқчон Хайруллоевич
тел: 221 01 62
Email: tavfik83@mail.ru
рўзҳои корӣ: сешанбе –шанбе аз с 8.00 то 17.00