Дар сари роҳҳои нав. Тақризи устод Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои Муаззама

​ Диққати дигар нависандаи ҷавон – насрнависи навқалам Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қувваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мўйсафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки ба дидани писараш мерафт ва ҳазору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар назари аввал чунин  менамояд, ки каҳрамони ин ҳикоя як пири фартут аст 

Ваҳдат - алайҳи вабои аср COVID-19

 Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва мардуми он мардуми таҳаммулпазиру меҳмондӯст, ваҳдатгарову дорои маърифати баланди илмиву фарҳангӣ буда, таърихи ниёгони мо моломоли далелҳои мардонагиву шуҷоатнокӣ, озодихоҳиву ваҳдатофарӣ, муборизаи беамон зидди душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамеша дастгири ҳамдигар дар рӯзҳои душворӣ ҳаёти буда, ҳангоми пайдоиши хатаре ба миллат ва кишвар аз як гиребон сар

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Сайёди ҷаҳон. Солҳои (1712 – 1795)

  Намояндаи барҷастаи адабиёти асрҳои миёнаи арман Арутюн Сайдян соли 1712 дар оилаи марди ҳунарманд дар шаҳри Тифлис, дар ҳамон шаҳре, ки гўё тамоми рангҳои табиат, халқҳо, урфу одат ва забонҳо бо ҳам омехтаанд, ба дунё омадааст. Зери таъсири муҳити гарми сиёсӣ, тиҷорат ва илмиву фарҳангии ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодии Сайёди Наво шакл гирифт. Муҳақиқони осору аҳволи ў қайд карданд, ки панҷ забонро медонист ва бо се забон эҷод мекард.

Нависандае, ки ҳаҷваш маъруфияти хоса дорад

 Нависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омўхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рўзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рўзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷўйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Даргузашти Ҷӯрабек Назрӣ – хунёгари мумтоз ва олими шинохта

Ҷӯрабек Назрӣ, хунёгари маъруф, олими шинохта, пажӯҳишгари беҳамто бар асари бемории КОВИД-19 тарки олам кард. Рӯзи иди мубораки Фитр буд, ки ба хок супурда шуд. Ошиқи Худо даъвати Офаридгорашро дар чунин рӯзи Сайид пазируфт ва ошиқонаву муштоқона ба дидори ҳазрати Дӯст шитофт. Руҳаш шоду манзили охираташ нуронӣ бод! 

Китоби нав. Фарзона. ”Найсон”

 Маҷмуаи  рубоӣ, дубайтӣ  ва тарҷумаҳо, ки охири соли гузашта дар Хуҷанд чоп шудааст. Ба  маҷмўаи  мазкур  силсилаи  рубоиву  дубайтӣ  ва  тарҷумаҳои  Шоири  халқии  Тоҷикистон,  барандаи  Ҷоизаи  давлатии  ба  номи  Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ  Фарзона, ки бархе  аз  онҳо  бори  аввал  ба чоп  мерасанд, ворид шудаанд.

 Дар сарсухани китоб аз ҷумла мехонем: “Дар китоби  ҳозир  тақрибан  800  рубоиву  дубайтӣ  ва  ашъори  тарҷумакардаи  шоира  ҷой дода шудаанд  ва  миқдори  рубоиву дубайтҳо  қариб мусовист. 

Страницы