Сурудҳои сарбозӣ

   Сурудҳои сарбозӣ ҳамчун маъхази арзишманде  барои омўзиши таърихи халқи тоҷик хидмат мекунанд. Сарбозгарӣ дар даврони пешин чун воқеаи дахшатбори  давр ба сари аҳолии камбизоати Осиёи Миёна, аз чумла тоҷикон, бадбахтиҳои зиёде меовард. Сарбозҳоро ба лашкари амир бо усули тақсим ва қуръа, баъдтар бо роҳи маҷбурӣ ҷамъ меоварданд.

Ҷелмат Шерматзода - китобдор ва китобшиноси маъруф

   Теъдоди асарҳое, ки Ҷелмат Шерматзода дар таҳияю таҳрири онҳо саҳм гузоштааст қариб ба 30 номгўй расида, 125 ҷузъи чопиро ташкил медиҳанд. Устод Ҷелмат Шерматзода дар ҷодаи каломи бадеъ низ қувваозмоӣ кардааст. Аввалин ҳикояву шеърҳои ў ҳануз айёми наврасиаш дар саҳифаҳои рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.

   Ҷелмат Шерматзода 9-августи соли 1954 дар деҳаи  Дар-дари ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намуда, соли 1976 дар  кафедраи 

Ҳадяи Куриё ба Китобхонаи миллӣ: Дастгоҳи чопи китоб ва дастгоҳи муқовабандӣ

   19-уми авсусти соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Куриё  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл  ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори Китобхона профессор Абдусалом Мирализода  мулоқот намуд.

   Вучёл Ли ва Абдусалом Мирализода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Куриё изҳори назар намуда, хостори гуcтариши ҳамкориҳо барои солҳои оянда шуданд.

Падидаҳои фарҳанги аҳди Сомониён

  Забони форсии дарӣ, ки имрўз унвони тоҷикиро гирифтааст, дар заминаи гӯишҳои маҳаллии ин сарзамин ташаккул ёфта, на танҳо забони расмию давлатии Сомониён гардид, балки ба забони шевои шеъру адаб ва илм табдил ёфта, барои наслҳои оянда низ намунаи ибрат шуд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол ин забон таровату фасоҳати худро нигоҳ дошта, ниёзҳои ҷомеаро бароварда мекунад. Муҳимтарин мазўъҳои адабиёту ҳунари мо дар ҳамин давра ба суннати пойдор табдил ёфта, дар асрҳои баъдина идома

Ҳунарманде некухислат, хоксор, хушсуҳбат ва бонуе озода

    Дилбар Умарова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум маъруфияти хос дорад. Дар суҳбате гуфтааст, ки ӯ бе театр вай ҳеҷ аст. “Театр ба ман нон дод, ном дод, машҳур кард. Шумо ҳам агар театр намебуд, ба назди Дилбар Умарова намеомадед ва ҳатто намедонистед, ки дар дунё зане ҳаст бо ҳамин ном. Дар зиндагии ман театр аз ҳама мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Мешавад гӯям, ки театр саҷдагоҳи ман аст. Ман бе театр наметавонам.     

    Оре, Дилбар Умарова бештар ҳунарманди театр аст, то ки ҳунарманди синемо бошад. Дилбар Умарова

Кумакхои амалӣ ва методию тахассусӣ ба китобхонаҳои минтақаи ВМБК

 

    Як гурўҳ кормандони Китобхона бо роҳбарии муовини директор Гадобек Маҳмудов, ҳамчунин сардори Маркази такмили ихтисос Маҳмадшариф Каримов, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон Мавзуна Орумбекова, муовини сардори шуъбаи АРКИ  Самандар Ниёзов ва сармутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ Зафар Ғолибов бо мақсади расонидани ёрии амалии методӣ ба китобхонаҳои давлатию -оммавии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони 

Страницы