Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар

Ҳастии инсоният ва сарнавишти он фалсафаи ибратомўз мебошад. Инсон дар ҳаёти худ ба мушкилиҳо ва бурдбориҳои гуногун рў ба рў мегардад. Яке аз сабабҳои асосии мушкилоти ҷойдошта, ки дар баробари гирдоби кашмакашиҳои низоъҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба ҳатарҳои экологӣ низ дучор гаштааст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чорунсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшани­диҳан­да, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву

Беш аз 150 китоби нави ноширони кишвар чун нусхаҳои ҳатмӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд

Дар моҳи октябри соли равон зиёда аз 150  адад  китобҳо чун нусхаҳои ҳатмӣ ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид гардиданд. Ин китобҳо аз интишороти “Душанбе” ,  ”Матбуот”, “Эр- граф”, “Адиб” ва “Маориф” ворид дастрас гардиданд.

Акнун хонандагон имкон доранд дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ китобҳои зеринро суроғ кунанд:

“Ҷомеъ-ул-ҳикоят”- ро бихонед

Ҷомеъ-ул-ҳикоят” аз ҷумлаи пурхонандатарин асарҳои адабиёти классикии мост, ки асрҳо ба инҷониб миёни ҳаводорони каломи бадаеъ шӯҳрат дорад. Ин китоб дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ, аниқтараш аввали солҳои 80 асри гузашта ба срилик баргардон ва комил чоп шуда буд. Нусхае, ки ин ҷо меорем, ҷили дуввуми китоби мазкур буда, соли 1981 дар нашрияти “Ирфон” интишор ёфтааст.

Китоб бо дархости хонандаи мо Соро Меликова ин ҷо гузошта мешавад. Соро Меликова дар тамос аз тариқи саҳифаи сомонаи мо дар Фейсбук  аз мо хоҳиш намуд барои пайдо кардан ва мутолиаи “Ҷомеъ-ул-ҳикоят” ёрӣ расонем. Соро Меликова менависад, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва имкони рафтан ба Китобхонаи миллӣ надорад. Аз ин рӯ мехоҳад гузинаи электронии китобро мутолиа кунад.

Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми: ГУНБАЗ

Гунбазҳо нақшунигори зиёд доранд, ки яке аз дигаре фарқ мекунанд. Дар гунбазҳо аз нақошию кандакориҳои гулпартоӣ, тасвири рустаниҳо, хатҳои мунаққаш, навиштаҷот исифода шудааст. Ин анъана имрӯз ҳам дар меъмории Тоҷикистон идома дорад. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон чойхонаҳо ва имратҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки гунбазҳои пурнақшунигор доранд

Страницы