Таҷрибаомӯзии 269 донишҷў аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт дар Китобхонаи миллӣ

Барои мукаммал намудани дониши донишҷўён дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ аҳамияти калон дода мешавад. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар нимсолаи аввал ба Маркази такмили ихтисос 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт омаданд ва донишҳои назариявии худро такмил доданд.

Китобҳои нави Китобхонаи миллӣ

Охири моҳи июн як силсила китобҳои нави ноширони кишвар ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд, ки дар айни замон дар коркард қарор доранд. Баъди чанд рӯзи дигар ин китобҳо вориди толорҳои хониш мешаванд ва хонандагон имкон пайдо хоҳанд кард аз онҳо истифода кунанд.

Аз ҷумлаи китобҳои тозавуруд инҳоянд:

Доктор ИРЖИ БЕЧКА: - Муҳаққиқи маъруфи адабиёти тоҷик

Иржи Бечка аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои адабӣ ва илмии олам аст, ки дилбаста ва шефтаи адабиёти пурғановати форсӣ маҳсуб мешуд. Садҳо мақолаҳо, китобҳо, пажӯҳишҳои илмиаш таърих, забон, фарҳанг, адабиёти классик ва муосири Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Муаллифи маъруфтарин асарҳои пажӯшӣ доир ба дабиёти форсу тоҷик аст. Шахсест, ки дар муаррифии адабиёти мусоири тоҷик, забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллати мо ба аврупоиён хизматҳои шоистае кардааст. Шояд шахси дигаре аз аврупоиён ба ҳадди Иржи Бечка дар муаррифии миллати мо ва адабиёту таърихи он хизмат накарда бошад.

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Балъамӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Балъамӣ тақрибан ним аср –  даврони аморати Исмоили Сомонӣ дар раъиси корҳои идораи давлати Сомониён дошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркази   тоҷикон саҳми бузурге

Страницы