Асрори ададҳоро медонед?

   Агар намедонед, пас руҷуъ кунед ба китоби М.Маҳкамов ва К.Бойматов бо номи “Асрори ададҳо”, ки нашриёти “Маориф” ба тозагӣ интишор додааст. Ин китоб аслан як дастури  методӣ  барои  хонандагон донишҷўён ва  омўзгорон аст.

  Дар китоби  мазкур  оид  ба олами  ададҳои  шавқовар , хосият  ва  қонуниятҳои  ададҳо, намудҳои  ададҳо, сеҳри  рақамҳо, асрори  ададҳо , айниятҳои  ададӣ, решаҳои  аҷоиб, квадратҳои  сеҳрнок  ва ғайра  маълумоти  муфассал  дода шудааст.

  Дар  китоб  оид ба  хосиятҳои  аҷиби  ҷамъ тарҳ, зарб тақсим  ба  квадрат  бардоштан  ва аз решабарории   ададҳо  маълумоти  

Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест...

   Мавҷуда Ҳакимова -5 уми майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ин духтараки зебои хуҷандӣ барои амалӣ кардани орзуи хеш ҷониби Душанбе роҳ мегирад ва муҳассили факультаи таъриху филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин(ДМТ) мегардад.

  Илҳоми эҷод аз овони ҷавонӣ дар ниҳодаш метапиду рӯз то рӯзбештар аланга мегирифт. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон», ба ҳайси 

Ҳафт сол пеш дар ҳамин рӯз: Даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ

   Аз даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке пуркортарин ва маъруфтарин олимони кишвар ҳафт сол сипарӣ шуд. Соати 3:47 дақиқаи субри рӯзи 16 сентябри соли 2012 устод Муҳаммадҷон Шакурӣ  яке аз муаллифони асосии Қонуни забони тоҷикӣ дар бемористони мавсум ба Ибни Синои пойтахт дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.

   МУҲАМАДҶОН ШАКУРӢ 30 октябри 

Пири суханварони Тоҷикистон

   Сухан аз устоди шодравон Сотим Улуғзода, яке аз маъруфтрин адибони садаи бист аст. Ва ҳамзамон аз ҷумла озордидатарин удабои ин қарни тоҷик аст.  Зарбаҳои ҷонсӯзе аз низоме хӯрда, ки умре аз он пуштибонӣ мекард. Адибе, ки рафтани фарзандашро хиёнат ба худу Ватану миллаташ қаламдод накард ва то охир ба қарзи падарии худ содиқ монд. Ҳама фишорҳоро таҳаммул кард, вале аз фарзанд рӯ нагардонд.
   Дар ғарибӣ ҷон ба ҷонофаринаш таслим кард, вале чун ҳамеша бо ёди Ватан буд, дар

Аз рӯзгори ҳаҷвнигори барҷаста Мастибек Паллаев

  Ҳаштод сол аз таваллуди Мастибек Паллаев, яке аз маъруфтарин ҳунармандони солҳои 70 садаи бистуми тоҷик гузашт. Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев бидуни шак ду нафаре буданд, ки бо сабки хос ба саҳнаи ҳаҷв ворид шуданд. Ин ду тан бо офариниши саҳнаҳои намакини ҳаҷвӣ, таронаҳои ҳаҷвӣ бар ашъори шоирони ҳаҷвнавис шуҳрат ёфта буданд. Аммо умрашон кутоҳ будааст. Ҳарду дар авҷи камолоти эҷодӣ тарки олам карданд...

Журналисти шоистаи Тоҷикистон Саидқул Қурбонов

   Саидқул Қурбонов яке аз журналистони собиқадори кишвар аст. Аз ибтидо журналисти радио ва телевизион будааст ва муаллифи чандин тарҳҳои тамошобоб дар шабакаҳои телевизионии кишвар аст.

  Саидқул Қурбонов соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар радиои тоҷик ба кор шуруъ кард. Зинаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноатро паймуд. Аз соли 1982 дар телевизиони тоҷик заҳмат кашид, солҳои 1985-1986 сармуҳаррири идораи иттилоот, 1986-1992 сармуҳаррири идораи пропаганда, 1993-1998 сармуҳаррири идораи иқтисод буд.

Страницы