Аз таърихи ҷашни Меҳргон

Меҳргон оғози нимаи дувуми  сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе навиштаҳои фарҳангнигорон дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ин ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар аст. Аз рӯи ривоятҳои муаррихони Юнони қадим  ва Рум  дар бораи  Меҳргон нисбат ба Наврӯз ҷашнҳои дигар  маълумот фарогиртар аст.
Меҳргон аз вожаи Меҳр корбаст шудааст, ки шакли аввали он Митра  номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст  ва ҳазору чорсадсол пеш аз

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб...

Рўзҳои 20 ва 22-уми моҳи ҷорӣ дар идомаи силсиламулоқотҳо барои даъвати хонандагон ба Китобхона, кормандони шуъбаҳои хизматрасонии библиографӣ автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳоии 72, 74, 75, 76, 77, 78-и шаҳри Душанбе рафтанд.
Дар ин дидору мулоқотҳо асосан хонандагони синфҳои болоӣ ҳузур ёфтанд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён

Китоб табиби кулли дардҳост

Ҳафтаи ҷорӣ низ чорабинии анъанаии Даъват ба китобхона идома дошт. Як гуруҳ кормандони шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ, адабиёти техникӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва маркетинг ва менеҷмент ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисодии Тоҷикистон  ва  Колеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистон, Колеҷи компютерӣ ва техникии Тоҷикистон рафтанд.
Намояндагони Китобхонаи миллии

Мо чӣ гуна бояд забон омӯзем?

Аз донишманди тоҷик  Зафар Сайидзода бихонем, ки мегӯяд: Сухани тозае нахоҳем гуфт, агар гӯем, ки забондонии мо, тоҷикон, дар сатҳи паст қарор дорад ва ба далели ҳуҷуми фарҳангӣ, ки тавассути филмҳо ва видеомавод анҷом мегирад ва ба иллати таҳти таъсири барномаҳои саргармкунандаву аз ҳар лиҳоз мароқангези шабакаҳои телевизиони хориҷӣ мондани ҳаммиллатони мо сурат мепазирад, рӯз аз рӯз боз ҳам коҳиш меёбад.

Страницы