Сурудҳои Ҷўрабек Муродов

Китоби мазкур аз ду қисм иборат буда, дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр гардидааст. Китоб аз эҷодиёти суруду таронаҳои устоди машҳури санъати тоҷик, оҳангсози нодир, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродов таҳия гардидааст. Қисми аввалро 100 суруди устод, ки ҳанўз дар оғози солҳои 80-ум аз ҷониби шодравон Ҳамидқул Ҷумъаев гирдоварӣ шуда ва соли 1982 дар нашриёти “Ирфон” нашр гардида буд, ташкил медиҳад.
Қисми дуюм 70 сурудҳои беҳтарини солҳои гуногуни устодро дарбар мегирад: “Пир манам, ҷавон манам” (ғазалиҶалолиддини Румӣ), “Дар камозорӣ” (шеъри Носири Хусрав), “Дидори ёр” (ғазали Ҳофиз), “Дили модар” (шеъри Мирзо Турсунзода) “Ушшоқи Ҷўрабек”

«Бухорои Шариф»

«Бухорои Шариф» сароғоз ё хишти аввали бинои матбуоти миллии мо буда, дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ нахустин  нашрияе буд, ки пурра бо забони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасид.
Нахустин шумораи он рўзи якшанбе, 11-марти соли 1912 дар шаҳри Когон-Бухорои нав дар ҳаҷми чор саҳифаи А-3 рўи чоп омад.
Муассисони ин рўзнома тоҷир Мирзо Муҳиддин Мансуров, шоир Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ, ношири он мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ,

Маҳфили рўнамоии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»

Садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар заминаи ҳамкориҳои судманди маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ маҳфили рӯнамоии китоби тозанашри Пешвои ҳумоюнмақдами миллат Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро бо иштироку суханронии олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва аҳли зиё

С. Назарзода: «Забон бояд тавоно, гӯё, зоё ва ҷӯё бошад!»

Бо заҳмату кори донишмандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд ба табъ расид, ки беш аз 87 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифта ва то ҷое ҷамъбасти вожашиносии солҳои охир маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо дар ин Институт  таҳияи «Фарҳанги мукаммали  забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардидааст, ки ҷомеътарин фарҳанг дар таърихи фарҳангнигории забони тоҷикӣ буда, беш аз 200 ҳазор

Страницы