“Беҳтар аз дўст” бо ширкати Азизи Азиз

Тӯли ҳафтаи сипаригардида дар толори бахши кўдакон ва наврасон сабти ду барномаи телевизионии «Беҳтар аз дўст» сурат гирифт. Ҳадафи асосии барномаи мазкур чуноне аз номаш пайдост, ошноии кӯдакону наврасон бо дӯсти ҳамешагии инсон, ҳамсафари роҳҳои дур, ҳамсуҳбати ширинзабон ва машваратчии ҳамешагӣ КИТОБ аст. Дар ҳар барнома интихобан як китобе аз адабиёти пурғановати ҷаҳон ва

 

С. Назарзода: Забони тоҷикӣ ганҷи шойгони миллати тоҷик аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон   25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замонӣ саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.
Таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги дохиливу бародаркуш ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, дар як муҳлати кӯтоҳтарин дар амал пиёда намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, дар амал татбиқ намудани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд. Тамоми ин дастоварду муваффақияту музаффариятҳо зери роҳбариву роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии

Нахустасари экспедитсионии этнографӣ дар Тоҷикистон

Соли 1927 филиали Академияи фанҳои Шўравӣ дар шаҳри Тошканд «Ҷамъият доир ба омўзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронинажод берун аз сарҳади он» асареро бо номи «Дар бораи Тоҷикистон» (По Таджикистану) аз чоп баровард. Муаллифи асари мазкур Андреев Михаил Степанович мебошад, ки дар он реҷеъ ба экспедитсияи этнографии Тоҷикистон дар соли 1925 нақл мекунад. Ин асар бо забони русӣ буда, ҳамчун ҳисобот ё худ натиҷагирӣ аз корҳои

Семенари илмӣ-таълимии «Нури Ваҳдат» дар Китобхонаи миллӣ

Семинари илмӣ-таълимии “Нури ваҳдат” субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз шахсиятҳои маъруф ва пажуҳишгарон баргузор шуд.
Салима Раҷабова, ҷонишини Директори Китобхона дар сухани ифтитоҳии худ аз силсилачорабиниҳои ин боргоҳи маърифат бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ёд кард ва гуфт, ёде аз он рӯзҳое, ки миллатро ба вартаи ҳалокат мебурд, вале аз худгузаштагиҳои фарзандони фарзонаи он...

Страницы