Истиқлолият аз нигоҳи ман

Дуруст фаҳмидан ва ба умқи ин дастоварди таърихӣ (Истиқлолият) рафтан аз шахс, пеш аз ҳама имони комил талаб мекунад. Инсони комил як умр пайи озодии хеш ҷадал мекунд, ки зиндагии озоду мустақил дошта бошад, то ки дар партави озодӣ фаъолият намуда, истеъдоди хешро баҳри миллату давлати хеш сарф созад. Халқи тоҷик пас аз пош хӯрдани давлати Шўравӣ мустақиллияти комилро ба даст овард, ки ин озодиро таърих ёд надошт ва миллати тоҷик ба кулли ихтиёрманд

Ҳамоиши илмии «Китоб-рукни тамаддунҳои миллӣ»

Бад аз зуҳри имрӯз, 3-уми сентябр, дар толори «Конуни забони точикӣ» бо ташаббуси шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ҳамоиши илмӣ баргузор гашт.
Баъди сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллии Точикистон, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар мавзўи «Дирўз ва имрўзи китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият» аълочии фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷўрабой Раҷабов  баромад

Дуюмин “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Дар дуюмин рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ садҳо нафар вориди ин кохи маърифату ҳикмат шуданд. Аксари онҳо донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳҳои пойтахти кишвар, хонандагони мактабҳои миёна ва дигар сокинони  пойтахт буданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ ба касоне, ки мехостанд толорҳои хонишро тамошо кунанд ва бо ҷараёни кор дар ин китобхона ва дарёфти китобҳо ошно шаванд, кумак мерасониданд.

Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ

Имрӯз бахшида ба “Рӯзи китоб” ва  “25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ” баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани муқаддамотии худ

“Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуд

Ва боз омад моҳи сентябр ва моҳи оғози фасли дониш. Донишгоҳҳо, мактабҳо баъди танаффузи семоҳа дарҳои худро ба рӯйи донишомӯзон боз карданд. Ва имрӯз дар сар то сари кишвар аввалин рӯзи оғози соли нави хониш буд. Омадани ин рӯз ба ҳамагон хуҷаста бод!
Мебояд дар ситоиши ин рӯз зиёд ҳарф зад, чун рӯзи вуруд ба остонаи боргоҳҳои дониш аст, аз ин вуруд хирад меафзояд, дониш бой мешавад.
Дар ин рӯз ҳазорон нафар бори аввал по ба остонаи мактаб мениҳанд ва бори аввал китоби

Конфронси хонандагон бахшида ба адиби рус Андрей Волос

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кормандони шуъбаи хизматрасонии библиографӣ конфронси хонандагон бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти адиби шинохтаи рус Андрей Волос баргузор шуд.
Андерей Волос 4-уми августи соли 1955 дар шаҳри Сталинобод-пойтахти Тоҷикистон  дар хонаводаи геолог дида ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи саноати нефту кимиё ва гази Маскав ба номи Губкин буда, ихтисосаш геофизик аст.
Баъди хатми донишкада ба Душанбе баргаштааст ва ба

Страницы