“Офтобаки ман”-и “Дастони моҳир”

Ширкаткунандагони маҳфили навбатии толори кӯдакон ва наврасон ин бор тасвири Офтобаки баҳориро кашиданд.
Мураббиён чун анъанаи дерин дар бораи мавзуъ ва супориш суҳбати муфассал карданд. Албатта, дар бораи Офтобу Замину дигар Сайёраҳо савол карданд ва ба атфол фаҳмонданд, ки Офтоб барои ҳаёти инсон чӣ нафъ дорад.
Ҳоло баҳор аст ва баъди баҳор навбати тобистон, яъне гармое, ки онро Офтоб ба Замин ҳадя мекунад. Аз ин рӯ атфол расми ин падидаи нодири

Машғулияти тактикии ВКД: "Сӯхтор"-и яке аз толорҳои хониши Китобхонаро "хомӯш" карданд

Кормандони мубориза бо сӯхтор як сенариёи рамзии хомӯш кардани сӯхтор дар як толори китоби Китобхонаи миллиро тамрин карданд.
Ҳафтаи равон тибқи нақшаи хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  як машғулияти тактикии оташнишонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Мувофиқи сенарияи чорабинии мазкур гӯё дар яке аз толорҳои  хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар масоҳати 140

Рафтани бебозгашти фотеҳи ҷанг

Аз охирин сарнавишти қаҳрамони ин қисса касе чизе намедонад. Ва муаллиф дар ин даҳ соли охир бори дуюм аст, ки аз ӯ ҳикоят мекунад. Дар ҳикояти аввал яқинан ӯ зинда буд. Вале ҳоло қисмати номаълуме дорад ва ҳадаф аз чопи очерк пайдо кардани иттилои дақиқ дар бораи ӯст.
Шояд даҳ баҳор аст, ки ӯ низ қатори даҳҳо нафар аз кормандони ин китобхона тарки Ватан кардааст. Людмила Михайловна Рижева, ки солҳо сардори

Тасаввури кӯдаконаи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ба тифлон - ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи Рӯзи Ғалаба пешниҳод шуд. Вазифа он буд, ки атфол тасаввури худро дар бораи Ҷанг ва Пирӯзӣ рӯйи коғаз оранд.
Чун ҳамеша роҳбалади маҳфил мавзуъро фаҳмонд ва чӣ будани Ғалабаро аввал аз худи онҳо пурсид, то дониста шавад, ки мавзуъ то кадом ҳад барояшон ошност.
Сипас, онҳо тасаввури худро дар бораи ҷангу ғалаба рӯйи коғаз оварданд.
Басо рангин буд тамошои дуёни тифлон ва

Дар хонаи ман ҳанӯз сипанди падар аст...

Оқибати зиндагӣ бозгашт аст, бозгашт ба сӯйи Парвардигоре, ки офарид.
Ва чораи дигаре нест, инсони омада бояд баргардад.
Зиндагӣ ба сони сафарест аз диёр ба диёре ва сафаркарда бояд ба маконаш бозгардад.
Аммо аз рафтагон ёдҳои ширине боқӣ мемонанд ва ин ёдҳо ҳастанд, ки бозмондагонро зинда медоранд.
Ин ёдҳо ҳастанд, ки гумон мекунем он азизи

Китобҳои тозавуруди Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ

Махзани шуъбаи хизматрасонии библиографӣ китобҳоеро муаррифӣ мекунад, ки ахиран аз ноширони хориҷи кишвар ворид шудаанд.
Инҳо аслан китобҳои илмианд. Оид ба илмҳои забоншиносӣ, китобдорӣ, ҳуқуқ, риёзӣ, тибб, кимиё, иқтисод, луғатшиносӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра.
Дар миёни ин китобҳо дастурамалҳое низ оид ба сохтмон, таъмири хона, симҳои барқ, маълумотномаҳо, ороишоти занона ва истифодаи

Страницы