Анонс: Маҳфили «Ҳамешабаҳор» дар ноҳияи Ҳисор доир мегардад

Маҳфили Ҳамешабаҳор» -и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин бор рўзи 20-уми майи соли равон дар мактаби деҳаи Тўдаи ин ноҳия баргузор мегардад ва он ба поси хотири шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва 3000-солагии Ҳисори шодмон бахшида мешавад.
Оғоз соати 11:00.
Анҷом соати 17:00 
Иштирок озод аст. 

Оила ва тарбияи ҳувияти миллӣ

Оила дар дар ташаккули ҳувияти миллӣ чӣ нақше метавонад бозад? Чаро ин масъала беш аз ҳар вақти дигар имрӯз муҳим шудааст? Оё метавон ифтихороти миллиро бидуни тарбияи солим дар хонавода таъмин кард?
Инҳо аз ҷумлаи чанд масоиле буданд, ки дар рӯзи 15-уми майи соли равон мизи мудаввари «Нақши арзишҳои хонаводагӣ дар таҳкими ҳуввияти миллӣ» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ҳуриниссо Ализода, Ҷонишини Директори

«Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад...»

Ин ғазали Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар маҳфили навбатии “Ҳофизхонӣ”, ки рӯзи 14-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. 
Маҳфилро ин бор Директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шарифи Исрофилниё гардонандагӣ кард. Дар атрофи ин ғазал, сохтусоз ва маъниву мундариҷаи он изҳори назар намуд ва ҳозиринро ба баҳс атрофи он кашид. 

Дидор баъди 70 сол

Дидани ин манзара ҳузнангез буд. Дар толор 4 тане дар ҳалқаи як суҳбат кашида шуданд, ки мудҳиштарин солҳову рӯзҳоро пушти сар гузоштаанд. Солҳое, ки мутаассифона, бархе мехоҳанд акнун нодида гиранд. 
Ин чаҳор тан аз ҷумлаи ҳамон ҳудудан ним миллон тоҷикистоние буданд, ки дар ҷабҳаву дар ақибгоҳ ҷонбозиҳо карданд, то ватане бо номи СССР, ки қаламрави имрӯзаи мо низ бахше аз он буд, аз хатари фашизм наҷот дода шавад.

Страницы