Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: “Ваҳдат кафили таҳким ва пойдории Истиқлолият аст”

Аз хусуси ваҳдати миллӣ, вежагиҳову хуҷастагиҳои он хеле зиёд гуфтаву навишта шудааст. Имрӯз ҷои баҳс нест, ки дастоварди бузургтарини  миллати мо Ваҳдати миллист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора барҳақ гуфтаанд: “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.
Мо имрӯз хурду бузург вожаи ваҳдатро дар гуфтори ҳамарӯзаамон бисёр истифода мебарем. Ин вожа барои мо муқаддас аст, зеро дар он армони ҳазорсолаи халқи мо таҷассум ёфтааст. Ин вожа барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирӯзӣ, сериву пурии халқи мо марбут ба он аст. Ин вожа ҳамон офтоби дурахшонест, ки роҳи моро дар  ҷодаҳои на ҳамеша ҳамвору на

Дар шаш моҳ 2165 нусха китобҳои фарсуда тармим шудаанд

Диҳиши адабиёт ба толорҳои хониш, абонементи байни китобхонаҳо (АБК) ва дигар шуъбаҳои китобхона дар ҳудудан 6-моҳ 47656 нусхаро ташкил додааст. Кормандони шуъбаи нигаҳдории китоб 2165 нусха китобҳои фарсударо таъмири хурд  намуданд.Чунин таъмирҳои хурди китоб дар шуъба доимо карда мешавад.
Ҳамасола аз ҷониби чопхонаҳо теъдоди зиёди адабиёт нашр гардида ва тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи нусхаи ҳатмӣ» теъдоди муайяни онҳо ба фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид мегардад. Дар ин ҳудудан шаш моҳи

Зикри Ваҳдати миллӣ дар китобҳо

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ бо ҷамъоварии бештар аз 40 нусха китоби тозанашр намоиши китоб доир намуд. 
Хоннадагон метавонанд бо истифода аз фурсат китобҳоеро аз қабили  «Садафи Ваҳдат - Пешвои миллат»-и Қурбон Восиев, чопи соли 2016,  А. Воҳидов, Коч Эмсал «Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо» Душанбе -2015, Н. Абдуваҳҳоб

Арҷгузории Пешвои миллат ба китобу китобдорӣ

       Миллати тоҷикро бе китобу китобхона тасаввур кардан нашояд, зеро ки аз қадимулайём сарвати асосии зеҳнии мо китоб буду ҳаст. Дар ин замони мушавваши сиёсию иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомеро рўи даст гирифт, ки он ҳам бошад бунёди китобхонаи азиме, ки дар  Осиёи Марказӣ бо чунин ҷалолу шаҳомат ҳамто надорад. Новобаста аз мушкили молиявии давлат ва

Конфронси илмӣ –оммавии «Ваҳдат – пойдевори миллат»

Субҳи имрӯз, 23 - уми май дар ошёнаи сеюми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ конфронси илмӣ –оммавӣ бахшида ба Рўзи  Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони «Ваҳдат – пойдевори миллат» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани...

Академик Хурдеша Отахонова аз олам даргузашт

Аввалин бонуи академик Хуршеда Отахонова, донишманди шинохта ва яке аз пуркортарин олимони кишвар субҳи имрӯз дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Академик Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2 –юми сентябри соли 1932 дида ба олам кушодааст.  То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил крадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидааст.
Падараш Отахон Мўсохоҷаев, соли таваллудаш соли 1901, то соли 1937 дар идораҳои давлатӣ ва советӣ кор мекард. Соли 1937 аз тарафи Коммиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба муддати даҳ сол ба ҳабс маҳкум карда шуд...

Страницы