Куфри чу мане газофу осон набувад...

Замоне бо ҳамин як рӯбоӣ муҳити зиндагонии худро ифода карда буд. Абӯалӣ ибни Сино, ин нобиғаи нотакрори насли башар дар асре ҳаёт ба сар бурда буд, ки алломаҳояш ҳам қадри олим нашнохтану ҳокимонаш ҳам. Ва забон ба ҳамин шиква боз кард:

Куфри чу мане газофу осон набувад...
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад

Пири ҳакимони Машриқзамин имрӯз, 18-уми август зодрӯз дорад ва зодрӯзаш дар Тоҷикистон чун рӯзи табибу тиб таҷлил мешавад.

Тоҷикистон, зиндаам бо бӯи ту...

Ҳам шоир аст, ҳам олим ва ҳам файласуф. Хеле пажуҳишҳои ҷолиби илмӣ аз таърихи гузашта ва фалсафаи ниёгон дорад. Ҳамсуҳбати дилнишин ва соҳибназарест.

Назри Яздонӣ 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори  Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рудакии ҳозира)

Зарфи ҳафт моҳи сипаришуда 75 ҳазору 918 нафар меҳмони толори хониши электронӣ буданд

Дар ҳафт моҳи сипаришуда 75 ҳазору 918 нафар вориди толори хониши электронии Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки ин дар қиёс ба ҳафт моҳи соли гузашта 21 ҳазору 724 нафар зиёд аст.
Кормандони толори хониши электронии Китобхонаи миллӣ мегӯянд аз моҳи январ то охири июли соли ҷорӣ ба 75 918 ҳазор хонандагони хизмат расондаанд.
Бино ба гуфтаи масъулини ин толор ҳар ба теъдоди хонандагони доимӣ хонандагони нав афзуда мешаванд. Чунончӣ, дар қиёс ба ҳафтмоҳаи соли 2016 шумори

Муаллифи “Дар ҷустуҷӯи Карим-Девона” 110-сола шуд

Дар адабиёт кам иттифоқоте пеш омада, ки ходимоти давлативу соҳибмансабони сатҳи олӣ баъдан номи худро чун адиби маъруф дар таърихи адабиёт сабт карда бошанд. Ҳабибулло Назаров касе буд, ки бо маълумоти ҳуқуқшиносӣ то зинаҳои вазири адлия ва Раиси додгоҳи олӣ кор кард, вале дар охир чун нависандаи маъруф шуҳрати абадӣ ёфт. 15-уми августи соли 2017 ин адиби нуктасанҷ 110-сола шуд.

Назаров Ҳабибулло 15-уми августи соли 1907 дар деҳаи Тўдаи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1927 сар мешавад.  Даставвал чўпон

Навқаламон ва китобдорони беҳтарин

Чунин ном дорад маҳфили наве, ки шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ин ба баъд созмон медиҳад. Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъба, эҷодкорони ҷавон ва шоирону нависандагон ширкат мекунанд.

Маҳфили нахустинро Назира Толибова – мудири шуъбаи кӯдакон ва наврасон ифтитоҳ намуд ва ҳадафи ташкили онро мухтасар баён кард. Вай гуфт, ки ҳадаф ҷалби наврасон ба кори эҷодӣ аст. “Мо гуфтем ин

Кудоме саҳеҳтар аст: панҷара, тиреза ё килкин?

Аз шарҳи ин се вожа дар се минтақаи торихии густариши забони порсии дарӣ бармеояд, ки ин се истилоҳи вижаи як мафҳуми муштарак дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба истилоҳи гуногун мавриди истифода қарор доранд.

Имрӯз дар забони форсии Эрон, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба таври мустақил аз вожаҳои мутародифи «панҷара», «тиреза» ва «килкин» истифода мешавад. Ин се вожа дар баёни чунин як мафҳуми муштарак яке аз вижагиҳои форсии муъосир, тоҷикӣ ва дарӣ дар се ҳавзаи забонӣ ва се кишвари ҳамзабон ба шумор меравад.

Страницы