Назаре ба китобхонаҳои бузурги гузаштаи Шарқ

​ Дар тули 2500 сол андўхтани дониши башарӣ фақат дар инҳисори китобхонаҳо будааст. Ба қавли яке аз мутафаккирони Ғарб Томас Мор «Рўҳи тамоми гўзашта дар китобхонаҳо оромидааст». Дар сартосари таърих китобхонаҳо барои таблиғи афкори хос хидмат мебурданд. Ин нишондиҳандаи таъсиргузории сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва ахлоқии китобхонаҳост.

 

Нуҳ моҳи такмили ихтисос

 Дар давоми 9 моҳ дар Марказ 131 нафар донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишкадаи идоркунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаҳои таълимиашон ба таҷрибаомўзӣ ҷалб гардиданд. 

Ба пешвози муҳаббат

 Дафтари саввуми ашъори Иброхимҷон Дўстализода дастовези диловезест ба шодбоди милоди модар. Ин армуғони мубораки писари содиқ ба унвони модари гулпарвару чонпарварест, ки дар авроқи зарди обонмоҳу сафҳаҳои сапеди баҳман муҳри сабзи баҳорро мегузорад. Ин модари баҳорофарин дар замири фарзандаш низ баҳоргоҳи мубарро бунд кардааст, бо сабзтарин боғҳову зеботарин чаманҳо, бо осмони офтобоғўшу ҷўйборони зангўланавоз, бо хузури ҷонорою  ҷаҳонорои муҳаббат.

   Донишвари арҷманд устод Рустам Ваҳобзода, ки ба ду дафтари Иброҳиҷон аввалсухан навиштааст, зикр мекунад, ки «Шоири ҷавон дорои меҳвари эътиқодӣ›,  

Лаҳзае бо шеър. Махсум Олимӣ

Рўз то рўз зиндагиям мушкил аст,
Хонаам н-обод аз обу гил аст.

Илми шеъре, ки тамом омўхтам,
Зоҳидон гўянд илми ботил аст.

Ин чи шўру тирабахтӣ, ки кунун,
Дўстам имрўз бар ман қотил аст.

Субҳи ман сар мешавад аз дарду ғам,
Дарди бедармони ман, дарди дил аст.

Лаҳзае н-осудаам андар ҷаҳон,
Бас нишастанҳои ман дар соҳил аст.

80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов: Ҳунарманди нотакрор дар саҳнаи театри тоҷик

  Маҳмудҷон Воҳидов яке аз падидаҳои нотакрори фарҳангӣ буда, дар таърихи маданияти тоҷик мақоми хос пайдо кардааст. Ҳунарпешаҳое ҳастанд, ки дар инкишофи санъат ҳиссаи арзандае мегузоранд, онро то фатҳи ягон қуллаи тоза, мебароранд, дар театр ягон равияи нав, ҷараёни тоза, маҳорати хоси иҷрогариро  ҷорӣ мекунанд. Маҳмудҷон Воҳидов ҳамин хел 

Ба ёди ҳофизи номӣ Акашарифи Ҷўра

Туро то имрўз ҳам хоҳанд дар манзили тоҷик

Чу дорӣ хонаи ҷовид адар дили ҳар дили тоҷик. 

Ту хомўшӣ, намехонӣ, вале танбўри ту гўёст,

Агарчи  ҷои ту холист дар ҳар манзили тоҷик.

Акашариф, ки падараш Ҷўра ва бобояш Исо ном доштанд, 3 майи соли 1894 дар пойтахти 

Страницы