350 китоби Гавҳар Муродова ба Китобхонаи миллӣ

    Гавҳар Муродова – аз  Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ҳисоби китобҳои шахсии худ 350 адад китобро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Муаллима Муродова мегӯяд инҳо китобҳое мебошанд, ки солҳо ҷамъ кардааст ва ҳоло мехоҳад дигарон низ аз онҳо истифода кунанд.

   Гаҳвар Муродова аслан омӯзгор аст, вале чун ба тарҷумаи ҳоли вай менигарем, мебинем, ки тӯли фаъолияти корӣ ба чӣ иқдомотеву корҳое дастназадааст. Сарнавишти омӯзандае

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! 

   Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям. Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид 

Нақши Маркази такмили ихтисос дар таҷрибаи истеҳсолии донишҷўён

   Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзиширо хатм кардаанд. Аз ҷумла аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 нафар, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 166 нафар, аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба  номи М. Турсунзода – 9 нафар, аз Донишкадаи

Анатомияи одам

   Анатомияи одам илмест, ки шакл ва сохти бадани инсонро аз нуқтаи назари инкишофу вазифаи онҳо ва ҳам таъсир кардани сохтори вазифавӣ вобаста бо муҳити атроф меомўзад. Номи анатомия аз усули тадқиқотӣ, яъне чок ё ки ташреҳ кардан (anatemno, аз юнонӣ – чок ё ташреҳ кардан) гирифта шудааст, ки вай ҳозир ҳам яке аз усулҳои асосии омўхтани сохти бадан мебошад. Вазифаи анатомияи одам низ дар раванди таҳаввулот (эволютсия) аз дарккунии давраҳои асосии инкишофи одам, ташаккулёбии  бадани одамизод дар шароити муҳити атроф, хусусиятҳои сохти бадану узвҳои алоҳидаи он дар давраҳои гуногуни синнусолӣ иборат аст.

 

Навад дарсади хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз хизматрасониҳои анъанавӣ истифода мекунанд

   Назарсанҷии навбатӣ нишон дод, ки  90 (36 нафар) дарсади хонандагони толорҳои хониши Китобхонаи  аз хизматрасонии анъанавӣ истифода мекунанд. Танҳо 10 (4 нафар) дарсади ширкаткунандагони пурсиш аз хизматрасонии электронӣ истифода мекардаанд.

Гуфта мешавад, ки 85 (34 нафар) дарсади пурсидашудагон, аз муносибати кормандони 

Зиёда аз сад китоби нав аз нашриётҳои кишвар

   Ҳафтаи гузашта  зиёда аз 100 адад китоб аз ҷониби нашриётҳои кишвар ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид шудааст.  Аз ҷумла, бештари китобҳои воридшуда аз нашриётҳои “Донишварон” ва “Эр- граф”  мебошанд.

Аз ҷумла:  

  • Р. Раҳимзода Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ. Китоби дарсӣ. Нашри панҷум. Душанбе – 2019  20- нусха.
  • М. Имомзода, С. Маҳдӣ, Бахтиёр 

Страницы