Баҳси шоҳпарак дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мо мавзӯъи шоҳпаракро интихоб намудем. Ҷонваре, ки миёни мардум номҳои гуногун дорад ва ҳашараи хеле ҷолибу диданист. Дар аввали маҳфил аз хонандагон суол шуд, ки оё онҳо шоҳпаракро дидаанд? Маълум шуд, ки аксари онҳо тасаввуроти комил дар бораи ин ҳашарот доранд. Вале боз ҳам барои рушантар шудани тасаввурашон чанд нукта ёдрас шуд.

Китоби нав: “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён”

Дар рисола нахустин бор ташаккул ва пешрафти ҳунар ва илми мусиқӣ ,ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии фарҳанги мусиқии хонадону давлати муқтадиру мутамаркази Сомониён (819 – 1005),дар заминаи санадҳои мўътамади хаттӣ  мавриди таҳқиқи сарчашмашинохтию татбиқӣ  баррасӣ  шудааст. Дар иртибот ба ин мавзўъ саҳми чеҳраҳои номвари мусиқии илмию амалии ин давраи заррини таърих,тамаддуни тоҷикон мардумони Осиёи Марказӣ  чун Абуҳафси Суғдӣ, Оловайҳи Суғдӣ, Абунасри Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Абуаббоси Бахтиёр, Марвони Сарахсӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Рўдакӣ, Ибни Сино, Аунасри Хонанда, Мударники Ноӣ, Ҳобон Чобаки Ноӣ, Алибек Танбурӣ, Ротибаи  Барбатӣ  ва дигарон дар муқоиса ба навиштаҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ  бо такя ба 

Китоби нав: “Девон”-и Калими Кошонӣ

Лавҳи мазори хеш зи девони худ кунам,

Яъне, маро ба ғайри сухан ёдгор нест!

Абўтолиб Калими Кошонӣ, ки бо ному тахаллуси Толибои Калим низ шуҳрат дорад, аз бузургтарин суханварони асри XVII-и Эрон буда, дар Ҳиндустон то ба мартабаи Маликушшуарои дарбори Шоҳиҷаҳон (1627-1658) расидааст. Ўро муаллифони сарчашмаҳо ва осори илмӣ  “Халлоқулмаонии сонӣ ”ва “Фанни охирин саҳфаи китоби шоирӣ ” донистаанд.

Калим тақрибан соли 990/1582 дар Эрон ба дунё омадааст. Аз ҷамъбасти андешаҳои муҳаққиқин ва абёти зерин бармеояд, ки шоир зодаи Кошону парвардаи Ҳамадон аст.

Китоби нав. Борис Маршак: “Ҳунари Суғди Бостон”

Ин китоб ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муаллифи тарҷума Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул Аслиддин Низомӣ мебошад. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ менависад:

Рисолаи мазкури бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Ильич Маршак ( 9.07. 1933 – 28.07.2006) аз охирин таълифоти эшон ба шумор рафта,як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари (санъати) сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад.

Шариф Маҳмуди Ширин (Муътасими Бухороӣ)

(Аз «Туҳфат-ул -аҳбоб»)

Маҳе дорам, ки аз шўхӣ кунад сар лоуболиро,

Гаҳ аз рўи таҳаммул сар кунад соҳибкамолиро.

Гаҳ аз ҷўши такаллум зинат афзояд фасоҳатро

Гаҳ аз мавҷи табассум ҷон диҳад софи зулолиро

Гаҳ аз ороиши худ бандад ойини зулайхоӣ,

Қорӣ Абдулмаҷид Зуфунуни Бухороӣ

(вафот-1321 )

(Аз тазкираи Садри Зиё)

Дур дор аз сар ғуруру пок аз дил кинаро,

Ҷилвагоҳи хештан кун дидаи ойинаро.

Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам,

Ӯ ба теша Бесутунро, ман ба нохун синаро.

Страницы