Сеюмин ҷаласаи вузарони адлияи кишварҳои узви СҲШ

Сеюмин ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои узви  Созмони ҳамкории Шонҳой дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарони вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ширкат карданд.  
Дар ҷаласа  Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид, ки  дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Вазоратҳои адляи давлатҳои узв ба танзим дароварда шудааст. 

Дар Китобхонаи миллӣ омилҳои гаравиш ба ифрогароиро баррасӣ карданд

Омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои ифротгаро дар нишасти муштараки созмони ҷавонони “Созандагони Ватан” ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ин нишаст қабл аз зуҳри 12-уми август дар Китобхонаи миллӣ бо ҳузури Директори он Сайфиддин Назарзода ва Ҷонишини Раиси Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон Латифзода Асрори Қурбон доир гардид. 

Ёде аз Аслӣ Бурҳон-ҳунарманди нотакрори театр ва синамо

Дар садумин солгарди Аслӣ Бурҳонов-ҳунарманди нотакрори синамо ва театри кишвар, Артисти Халқии СССР, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шогирдон, пайвандон ва ҳаводорони ҳунари воло дар Китобхонаи миллӣ гирди ҳам омаданд.
Дар нишаст, ки бо сухани ифтитоҳии ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз шуд, Ортиқ Қодир, ҳунарманди варзида ва як нафаре, ки аз шодравон дарси маҳорати касбӣ

Атфолро ҳикмати об омӯхтанд

Барои кӯдакону наврасоне, ки субҳи рӯзи чоршанбе меҳмони Китобхонаи миллӣ буданд, дар мавзуъи об чун манбаъи ҳаёт суҳбати шавқоваре доир карданд. 
Чорабинӣ “Об-манбаъи ҳаёт” ном дошт ва он бо ибтикори кормандони толори кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. 
Бибиҷамоли Самандар ҳозиринро бо ҳикмати об ошно кард ва то кадом ҳад барои зиндагии инсон, ҳайвон ва наботот муҳим будани обро бо лаҳни

Оғози курсҳои омӯзишӣ барои кормандони ғайритахассусии Китобхона

Рўзи 28-уми июли соли равон дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон  барои  18-нафар кормандони китобхона, ки мутахассисони ғайрисоҳавӣ мебошанд, курси такмили ихтисос оид ба омўзиши «Асосоҳои дониши китобдорӣ – иттилоотӣ» оғоз гардид..  Ин курси такмили ихтисос тибқи супориши Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода доир шуд. 
Муовини сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Ю. Мусоев дар оғоз ба

Тақдими 46 адад китоби чопи Брайлӣ барои хонандагони нобинои Китобхонаи миллӣ

Чорабинии муштараки Китобхонаи миллӣ ва намояндагии  “Россотрудничество”-и Русия дар Тоҷикистон бо тақдими 46 адад китобҳои ҷадиди чопи Брайлӣ барои хонандагони нобинои Китобхона ба анҷом расид. 
Ин чорабинӣ қабл аз зуҳри панҷшанбе, 16-уми июл дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ, ки толори хизматрасонӣ ба афроди имкониятҳояшон маҳдуд дар он ҷойгир аст, бо ширкати ҷамъе аз меҳмонон, хонандагон, кормандон ва масъулони Китобхона

Страницы