Оғози мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Сар аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мусобиқоти шоҳмот миёни нобиноён ва маъюбон оғоз гардид.  Ин зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда он ба бозии ҳамасола миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд  табдил ёбад.
Созмондиҳандагонаш мегӯянд ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон аст.
Ширкаткунандагон аъзои клуби маҷруҳони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд, ки ...

Мо ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Дар бораи қаҳрамонони худ чиро бояд донем?

Бештар аз 70 сол аз пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ шуд. Тӯли ин 70 сол дар сар то сари кишвари паҳновари Шӯравии собиқ шояд садҳо ҳазор китоб, повесту роману ҳикояву қисса, миллионҳо мисраъ шеър, садҳо достон навишта шуданд. Вале ҳамоно ин мавзуъ ҷиҳатҳое дорад, ки бояд боз ҳам бинвисанд.
Мо ҳар сол аз аввали моҳи май ба таҷлили ин снаи бузург омодагӣ мегирем ва боз ҳам менависему менависем.
Корномаи падарон дар солҳои мудҳиш мисли дарё тамомшуданӣ нест. Ҳар боре менависем, боз мебинем, ки ҳоло ҳам чизе нанавиштаем.
   Ҷанги Бузурги Ватанӣ  1418 шабонарӯз идома доштааст ва аз рӯи миқёсу андоза бузургтарин воқеаи фоҷиабори асри 20 ба ҳисоб меравад. Дар он зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок карданд, амалиётҳои ҷангии ин воқеаи ҳузнангез ҳудуди зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд.

Сиёсат хориҷӣ ва нақши Президент

Ахиран дар шаҳри Душанбе китоби нави пажуҳишгари номии тоҷик Зафар Сайидзода бо номи “Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ” интишор ёфт.
Ин аслан як монографияи илмӣ буда, аз пешрафтҳое ҳикоят мекунад, ки  миллати тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтааст. Муаллифи рисола мегӯяд “бахши муҳимтарини ҳаёти сиёсии Ватани азизамон – сиёсати хориҷӣ, ки ба шарофати фаъолияти назариявию амалии боазамату арҷманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу тавсеа ёфтааст”.
Зафар Сайидзода чун муҳаққиқи борикназар талош кардааст ҷузъитарин тағйиротро дар иртибот ба мавзуъи мавриди пажуҳишаш ба риштаи таҳлил кашад. Вай дар муқаддимаи...

Рӯзи назофат дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз ҳам чун анъанаҳои моҳҳои пеш гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои тозагиву назофат дар гирду атрофи бино ҷалб шуданд.
Гузаронидани ин рӯзҳо ҳукми анъана гирифтааст ва ҳар моҳ, баъзан бештар аз он барои ободонии атроф ва дохили бино кормандон ба ҳашар ҷамъ мешаванд.
Субҳи имрӯз ҳам рӯзе аз он рӯзҳо буд. Чанд расм аз чанд лаҳзаи ин поккориву тозакорӣ.

Даъват ба китоб ва Китобхона дар мавлуди Лоиқ Шералӣ

Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр
Лаб ниҳам бар лаби ту, пас биравам бар лаби гӯр.

Дуздӣ аз чашми аҷал бар дари чашмат нигарам,
Бибарам дар нигаҳам аз нигаҳат ламъаи нур.
Нафаси бозпасинам нафаси гарми ту бод,
Бишнавам нафҳаи ту, то бидамад нафхаи сур.
Рӯи ту бинаму бидруд кунам рӯи ҷаҳон,
Қурби ту хоҳаму з-он пас бишавам аҳли қубур.
Эй хуш он дам, ки дар оғӯши ту ҷон биспорам,
Пас зи ту дур шавам, дур шавам, дур... ба гӯр...

Намоиши китоб бахшида бар раъйпурсӣ

Рӯзи 22-май, яъне ҳамагӣ ду рӯз баъд дар кишвар барои тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ доир мешавад.

Он ки ин ҳамапурсии сарнавиштсоз аст, қобили баҳс нест. Мардуми закӣ ва хушфаҳми мо зарурати таърихии ин иқдомро ба хубӣ дарк кардаанд ва ин аз баёни назароташон дар саҳифаҳои матбуот пайдост.

Страницы