Баҳси забони модарӣ дар як ҳамоиши Китобхонаи миллӣ

Бештар аз 60 нафар донишмандону муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва донишомӯзон бо ширкат дар як ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ масъалаҳои забони модариро баҳс карданд. Ин нишаст баъди зуҳри имрӯз бо номи “Фарҳанг гавҳари миллат аст” доир шуд ва ба “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ” бахшида шуда буд. Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода забони модариро муҳимтарин муқаддасоти ҳар миллат номид ва

Рӯзи Артиши миллӣ ва “Дастони моҳир”

Атфол дар бораи Артиши миллӣ чӣ медонанд ва чӣ туҳфае метавонанд ба муносибати ин ҷашнвора омода созанд? Ин суоле буд, ки масъулини Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ ба худ доданд ва хостанд донанд, ки воқеъан ҳам бачаҳо ин рӯзро чӣ гуна тасаввур мекунанд. Озмуни навбатии “Дастони моҳир”-ро ба ҳамин мавзуъ бахшиданд ва аз хонандагони толори китобхонӣ хостанд ҳарчӣ тасаввур аз ин рӯз

Донишҷӯён бо Қарори Суди конститутсионӣ дар Китобхонаи миллӣ шинос шуданд

Бистуҳашт нафар донишомӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо масъулини Маркази такмили ихтисос мулоқот карданд. Дар ин дидор кормандони марказ ба донишҷўён Қарори суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)...

Мулоқоти шавқовар бо афсарону сарбозон дар остонаи рўзи Артиши миллӣ

Бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, баъд аз зуҳри рӯзи 18-уми феврал дар “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон зери унвони «Ватанро посбонем» доир гардид. Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ зимни табрики сарбозону афсарон ба фархундарӯзи Артиши миллӣ, артишро як рукни муҳими

Страницы