Тақдими 46 адад китоби чопи Брайлӣ барои хонандагони нобинои Китобхонаи миллӣ

Чорабинии муштараки Китобхонаи миллӣ ва намояндагии  “Россотрудничество”-и Русия дар Тоҷикистон бо тақдими 46 адад китобҳои ҷадиди чопи Брайлӣ барои хонандагони нобинои Китобхона ба анҷом расид. 
Ин чорабинӣ қабл аз зуҳри панҷшанбе, 16-уми июл дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ, ки толори хизматрасонӣ ба афроди имкониятҳояшон маҳдуд дар он ҷойгир аст, бо ширкати ҷамъе аз меҳмонон, хонандагон, кормандон ва масъулони Китобхона

Ним соли таблиғ: аз чорабиниҳои фарҳангӣ то намоиши китоб

Шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, чуноне аз номаш пайдост, фаъолияти худро дар ду самти асосӣ: тарғиб ва роҳандозии чорабиниҳо ба роҳ мемонад. Кулли фаъолиятҳои он дар ҳамин ду самти асосӣ мутамарказ аст. 
Сайри Китобхона ва муаррифии он барои меҳмонон ва хонандагони нав ҷузъе аз ин таблиғот аст. Яъне, афрод ба китобхонӣ таблиғ мешаванд, барои ин онҳоро аз толор ба толори дигар сайр медиҳанд ва толорҳоро муаррифӣ мекунанд, то

Китобхона Рўзи маъюбонро таҷлил намуд

Нимаи аввали рӯзи 7 –уми июли соли равон Китобхонаи миллӣ бо ҷамъе аз меҳмонон, хонандагон ва кормандон рӯзи маъюбонро таҷлил намуд.  
Меҳмонони ин чорабинӣ раиси Кумитаи параалимпии Тоҷикистон Сафар Боев, устоди варзиши кишвар оид ба дастхобонӣ Адолат Хуҷамқулова, мураббии шоистаи варзиш оид ба дастхобонӣ Сайидмурод Низомов ва зиёда аз 20

Семинари илмию амалӣ аз покии забон

Масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як семинари илмию амалӣ, ки субҳи рӯзи 30-уми июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. 
Семинар бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва Гавҳар Шарофзода, раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии худ

“Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Мирзошоҳрух Асрорӣ, профессор Нодир Одилов, академик Мамадшо Илолов ва дигар намояндагон илму фарҳанг муаррифии китоби “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” доир гардид.  
Китоб сипосномаест ба ваҳдати устувору безаволи тоҷикон. Он аз ду боб иборат буда, дар боби аввал зери унвони “Ваҳдат - омили муттаҳидсози миллат” суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст. 
Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимону донишмандони тоҷик Нодир Одилов “Роҳбаре бо хиради хусравонӣ”, Мирзошоҳрух Асрорӣ “Ваҳдат - арзиши муқаддасу азиз”,

«Сулҳу ваҳдат-бахти миллат»

19-уми июни соли равон шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китоб дар мавзўи «Сулҳу ваҳдат-бахти миллат» доир намуд. 
Дар ин намоиш наздик ба 50–номгўи китобҳои бахшида ба Ваҳдати миллӣ  ба намоиш гузошта шудаанд.  
Аз ҷумла, китобҳои «Тоҷикистон: Даҳ соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (Эмомалӣ Раҳмон),  «Эмомалӣ Раҳмон поягузори

Страницы