«СҲШ ва ҷавонон: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат»

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси “Созмони Ҳамкориҳои Шанхай: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат” баргузор шуд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки ташаббускори ин Конфронс аст, дар варақаи матбуотии худ менависад: “Новобаста ба душвории мавҷудаи давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алақаманд мебошад,

Махфират Хидирзода: Аз бахшиши гуноҳ ва гузашт аз иштибоҳ оила пойдор мемонад

Чорабинии “Ман оилаамро дӯст медорам”, ки баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе ба толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, ба “Соли гиромидошти оила” бахшида шуд.
Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки чорабиниро ҳусни оғоз бахшид, оилаи солимро солимии ҷомеа номид ва гуфт, ки пойдории оила ин ҳамон пойдории ҷомеаи солим аст. Вай аз таърих ва урфу анъанаҳои миллӣ ёдовар шуда, дар муроҷиат ба ҷавонон

Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон»

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи  хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.  
Аксари ин афрод касоне буданд, ки имкону малакаи эҷод доштанд, яке шеър менависад, дуюмӣ ҳикояву тарона ва сеюмӣ дар сохтани чизе шавқ дорад.
Дар ҷараёни ин маҳфил чанд тан ба узвияти

Афрўзаи дуюми “Оламафрӯз”: “Фурўғи Иқбол”

Дуввумин маҳфили адабиву фарҳангии “Оламафрӯз”, ки қарор аст аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ низ намоиш дода шавад, баъди зуҳри дирӯз, 17-уми декабри соли равон  дар ошёнаи 9-уми толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
Ин бор маҳфил бар ашъори аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бахшида шуда буд ва исми он-“Фурӯғи Иқбол” низ баргирифта аз мавзуъ буд.
Маҳфилоро чун дар маҳфили аввал шоири

Бошад, ки ҷаҳон чарх занад дар қаламат...

20-уми декабр ба зодрӯзи яке аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи  санъати Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдул¬лоҳи Рўдакӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ 70 сол пур мешавад.
Ва ҳудудан панҷ сол пеш, дар рӯзи сарди баҳманмоҳ миллат шоири шаступанҷсолаи худро аз даст дод, панҷ сол аст, ки шеъру таронаҳои ӯ бе ӯ дар доираи маҳфилҳову нишастҳо, аз радиову телевизион садо медиҳанд.
Шоири шинохта Камол Насрулло рӯзи даргузашташ гуфта буд: "Дар воқеъ, талафоти бисёр бузург аст. Зеро Сафармуҳаммад Аюбӣ табъи равон доштанд ва дар як нишастан ғазал мегуфтанд. Дар тӯли умри кӯтоҳ теъдоди асарҳое навиштанд, ки бархеҳо ангушти ҳайрат мегазиданд. Маҳфиле набуд, ки шеъри Аюбӣ, суруди Аюбӣ садо надиҳад."

Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар чорумин Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ

Дар шаҳри Санк-Петербурги Русия охирин рӯзи чорумин Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ идома дорад. Ин Анҷуман аз ҷониби Вазорати фарҳанги Русия ва Ҳукумати Санк-Петурбург ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО ташкил шудааст.
Рӯзи аввали Анҷуман бо ширкати Президенти Русия Владимир Путин гузашт. Вай аз шаҳри Санк-Петербург чун дурдонаи фарҳанги ҷаҳонӣ ёд кард ва гуфт: “Ин шаҳрест бо сарнавишти басо

Страницы