Арзи тасаллият ба даргузашти модари ҳамкор

Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба корманди Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Саломов Абдуғаюр  ҷиҳати даргузашти бармаҳалу ногаҳонии модари бузургвораш  изҳори тасаллият намуда, ба марҳум аз Худованд Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд. 

Мо аз Худоем ва ба Ӯ бармегардед!

80 соли умри пурбаракт

Устод Ҳомид Маҷидов – яке аз забоншиносони маъруфи кишвар ба сини мубораки 80 қадам гузошт. Умре, ки ҳамаро сарфи пажуҳишҳои илмӣ кард ва ҳосили ин умр танҳо кушоишҳои илмӣ ва хидмат дар рушди забоншиносии тоҷик набуда, балки садҳо шогирдони муваффақи ӯянд, ки имрӯзҳо дар сар то сари кишвар кору фаъолият менамоянд. Даҳҳо нафар бо кӯмаки ӯ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд ва теъдоди касоне, ки дар навиштани корҳои димломӣ аз маслиҳату машваратҳои ӯ кор гирифтанд, ҳисоб надоранд.
Доктори илми филологӣ, профессор, Корманди  шоистаи Тоҷикистон

Фазлиддин Муҳаммадиев: адиби маъруф, рӯзноманигори муваффақ, мураббии ҷавонони эҷодкор

Аз ҷумлаи тавонотарин адибони нимаи дуюми асри XIX буд. Зимни суханроние устод Мирзо Турсунзода дар ҳақаш гуфта: «Фазлиддин Муҳаммадиев нависандаи ҷасур ва бо ҷуръат аст. Ман ҳатто ўро нависандаи борикбин мешуморам, зеро дар ҷараёни зиндагӣ чизи асосиро дарк карда метавонад».
Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд  ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб дар кохоз ҳисобчӣ буд. Баъдан ба шаҳри Душанбе омад ва идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикисто» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» ба кор омад. Кори рўзнома диққати нависандаро ба худ ҷалб намуда, ў соли 1951 баъди хатми мактаби комсомолии

Страницы