Китобҳо ба хона. Фаъолияти густардаи чанд шуъбаи дигари Китобхонаи миллӣ

 Аз аввали сол китобхонаи миллӣ бо дархости истифодабарандагон 13 239 нусха адабиётро ба хона барои истифодаи муваққатӣ додааст ва мегӯяд дар ин нуҳ моҳ ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо нуҳ ҳазору 804 нафар муроҷиат кардаанд. 

 Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 9 804 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд,

Теъдоди китобҳои электронии Китобхонаи миллӣ ба беш аз 319 ҳазор расидааст

  Дар нуҳ моҳи сипаришуда кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 1 480 нусха китоб дар ҳаҷми 500 750 саҳифа нусхабардорӣ ва ба шакли PDF баргардониданд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, бойгонии китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд. Китобҳои электронии Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ба 319 202 адад расонида шуд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, 

Дар нуҳ моҳ бештар аз 20 ҳазор нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд

 Зарфи нуҳ моҳи охир 20 ҳазору 205 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва шумораи аъзои доимии ин боргоҳи маърифат ба 185 686 нафар расидааст. Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода зимни эълони рақамҳо афзуд, ки дар ин нуҳ моҳ назар ба нуҳмоҳаи соли 2018 5946 нафар бештар хонандагон ба узвият қабул шудаанд.

Дар нуҳ моҳ Китобхонаи миллӣ соҳиби бештар аз 25 ҳазор китоби нав шудааст

 Дар нуҳ моҳи соли 2019 Китобхонаи милии Тоҷикистон ба маблағи 371 946, 63 сомонӣ 25 240 нусха китоб харидааст. Ба захираи умумии Китобхона 20 161 нусха ба маблағи умумии 322 429, 63 сомонӣ нашрияҳои мухталиф ворид шудааст. Дар ин бора дирӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода –Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт.

Китобҳои тозавуруд: Рози Ниҳонӣ

 Шеър  оби мусаффои  чашмаи  шоир аст, ки аз ҳиссиёти  баланд ва неку созандаи  ў ҷўш  мезанад. Дар ҳақиқат ҳар кас, ки қалам ба даст мегирад, гўӣ  масъулияти бузурги  инсонӣ  ва  тарбияти  насли башарро бар уҳда гирифтааст.Ҳақ  бо ҷониби  шоир аст, ки ин маънии  бузургро  ба риштаи  назм кашида ва мефармояд:

                          Ҳар, ки  сухан  бар сухане зам кунад

                          Қатрае  аз хуни ҷигар кам кунад.

  Шеъри шоирӣ  ва мусиқии  калом  наздиктарин  мунис ва эҳсоси башар ва рўзгорони куҳан то имрўз будавау ҳаст. Ҳамин  эҳсос  ва  ҷавҳари  дарунию  фитрӣ аст, ки шоир ё сароянда ин эҳсосҳо

Китобҳои тозавуруд: Абдурраҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ

  Китоби мазкур ба таҳқиқи  ҷойгоҳи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Дар он бори аввал матни илмӣ- интиқодии рисолаи маъруфи ба илми мусиқӣ бахшида шудаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асоси муқоиса ва таҳқиқи се нусхаи дастхати он пешниҳоди аҳли адаб ва ҳунар мегардад.

 Муаллифи китоб доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ҳамчунин муаммои ирфонии истифодаи рамзҳои вобаста ба Дувоздаҳмақом, оҳангҳои маъруфи замон ва номи созҳои мусиқиро дар ғазалиёт ва маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ», «Юсуф 

Страницы